Главная Статьи ФАЗИЛАТИ ФУРӮТАНӢ

ФАЗИЛАТИ ФУРӮТАНӢ

ФАЗИЛАТИ ФУРӮТАНӢ
2020-11-26
1967

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

       Дини мубини Ислом манзумаи зебогиҳои ахлоқӣ мебошад. Яке аз асосҳои ахлоқи зебое, ки дини мо ба он таъкид кардааст, фурӯтанӣ мебошад. Пайғамбари гиромиямон Ҳазрати Муҳаммад (с) дар яке аз аҳодиси шарифаш фармудаанд: «Касе, ки нисбати бародари диниаш бо фурутанӣ муносибат намояд, Худованди бузург шарафи он нафарро зиёдтар мекунад. Касе ҳам, ки нисбати бародари динияш мағрур шуда худнамоӣ кунад, Худованд вайро паст мезанад» (Ат-Тарғиб ват-Тарҳиб, 5/561).

       Фурӯтанӣ як навъ фазилат, аломати бузургӣ ва нишонаи ахлоқи зебо мебошад ва инсонро ба мартабаи баланд мерасонад. Аллоҳ Таъоло барои огоҳ кардани мо дар ин маврид дар Қуръони карим чунин фармудааст:

«Ба такаббур аз мардум рӯй магардон ва худписандона бар замин роҳ марав, ҳаройина, Худо ҳеҷ мутакаббири фахрфурӯшеро дӯст надорад» (Сураи «Луқмон», ояти 18).

        Бояд қайд кард, ки тавозуь ё фурутанӣ худро болотар ва бартар аз касе надонистан аст, яъне шахси мусулмон бояд ҳар касеро, чи бой ва чи фақир. аз худаш бузургтар бидорад. Худованд мефармояд: «Ва барои он муьминоне ки туро пайравӣ карданд, боли худро фурӯ биёр» (Сураи «Шуьаро», ояти 215).  Манзури ояти Қуръон тавозуь ва фурутанӣ дар баробари тамоми мӯъминон аст. Ҳамчунин мефармояд: «Он сарои охиратро барои касоне қарор медиҳем, ки дар замин хостори бартарӣ ва фасод нестанд ва фарҷоми (хуш) аз они парҳезкорон аст» (Сураи «Қасас», ояти 84).

         Аз Фузайл ибни Иёз дар бораи тавозуь суол шуд. Ӯ ҷавоб дод: «Он аст, ки дар баробари ҳақ таслим шавӣ ва ба он тан диҳӣ, ҳатто агар онро аз кӯдаки хурдсоле шунавад, вайро бипазирад ва ё агар аз нодонтарини мардум онро шунавад, қабулаш кунад. Ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р) мегӯяд: «Ҳеҷ касе аз мусулмонон дигареро кӯчак надорад, зеро кӯчактарини мусулмонон дар назди Аллоҳи меҳрубон бузург аст. Чунончи гуфтаанд: «Тавозуь ва фурӯтанӣ тоҷе аст бар сар ниҳодан».

       Шайх Саъдӣ низ дар ин маврид хуб фармудааст:

Тавозӯъ зи гарданфарозон накӯст,

Гадо гар тавозӯъ кунад, хӯи ӯст.

        Пас, мо бояд ҳамчун як мусулмон ахлоқу одоби Пайғамбари гиромиямон (с)-ро намунаи ибрат қарор диҳем ва онро дар зиндагии худ дар амал татбиқ намоем.

Время намаза в Душанбе

19.04.2024

Подробнее
Фаджр04:09
Зухр12:40
Аср17:18
Магриб19:16
Иша20:47
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее