Главная Статьи ҲАР ЯК ИБОДАТ ФОИДАЕ ДОРАД

ҲАР ЯК ИБОДАТ ФОИДАЕ ДОРАД

ҲАР ЯК ИБОДАТ ФОИДАЕ ДОРАД
2021-02-09
1648

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

ҳамду сано Худованди якторо, ки ба мо тавфиқи ибодату бандагӣ иноят фармуд, дуруду салом бар Расули гиромӣ (с) ва ҳамаи хонадону ёронаш бод.

Дини мубини Ислом дар намоз ҳаракат ва ҳолатҳоеро муқаррар намудааст, ки барои саломатӣ ва нерўмандии ҷисму ҷон муассир буда, рӯҳу равонро аз ҳама гуна кудурату олоишҳо пок месозад. Масалан, дар ҳолати қиём ҳаргиз ин сӯву он сӯ нанигариста, рӯйро ба сӯи қибла ва дилро ба розу ниёзи Худованд мутеъ месозем. Дар вақти рукӯъ бошад, дастҳоро бо ангуштони боз рӯи зону ниҳода, ончунон бо фишор мечаспонем, ки зонуҳо каҷ нашаванд. Пуштро ҳамвор намуда, бо сару гардан баробар мекунем, зеро Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамин гуна дастур додаанд.

Рукни дигари намоз саҷда аст, ки ду по, ду зону, ду даст ва рӯй бояд дар рӯи замин саҷда кунанд. Ин ҳафт узв аз асоситарин аъзои инсонӣ буда, муҳимтарин ҳаракатдиҳандаи зиндагонианд. Бояд дар ҳоли саҷдаи мардон бозуҳо аз оринҷ ва шикам аз ронҳо ҷудо (дур) бошанд.

Аз аркони дигари намоз қаъда аст, ки бояд намозгузор рӯи поҳояш дузону нишинад ва ангуштони дасту поро ба тарафи қибла моил созад. Ин ҷо мо чанд намунаи ҳаракат ва ҳолатро зимни намоз ишора кардем. ҳамин гуна ҳолатҳо дар дигар ибодатҳои Худо ҷо вуљуд доранд. Ҳар як тоату ибодате, ки бандагони солеҳ аз рӯи ихлос ба ҷо меоранд, миллионҳо фоидаро дар бар мегирад. Чунончи, вузӯ барои некӣ ва тозагӣ, рӯза барои истироҳати меъда, закот барои кӯмак ба мустамандон, ҳаҷ барои таҳкими робита миёни мусулмонони ҷаҳон ва ғайра. Аз ҳама муҳимаш ҳар як ибодат фоидаҳои динӣ, рӯҳӣ, ҷисмонӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дорад, ки роҳнамои зиндагии саодатмандонаи инсон шуда метавонад.

Ҳама медонем, ки инсон аз модда (ҷисм) ва рӯҳ иборат аст. Рӯҳ муҳимтарин ва пурзӯртарин бахши вуҷуди инсон аст, зеро ҷисм мемирад, аммо рӯҳ ҷовид мемонад. Ҷисми берӯҳ монанди ҳайкал пуч ва хушку холӣ аст.

Намоз бофтаву сохта ва ё фикри инсонӣ нест, балки амонати Худост. Ин амонатро Худованд ба замину осмонҳо ва кӯҳҳо арз намуд, ҳама ибо карданд, магар инсони гунаҳгор қабул кард, то ки гуноҳашро бо собуни намоз шустушӯ намуда, худро аз гурӯҳи покону некон гардонад.

Намоз ибодати муқаддас аст ва танҳо чизи муқаддас ба Худо мерасад. Намоз рӯҳи инсонро ба осмон ва олами малакут сайр дода, маънавиёташро баланд мебардорад, зеро намоз чун нардбон аст, ки инсонро ба мақоми волои маънавӣ мерасонад. Намозгузор шароб наменўшад, дурӯғ намегўяд, қиморбозӣ ва дуздӣ намекунад, маҳраму номаҳрамро мешиносад ва касеро озор намедиҳад, аз хўрдани ҳаққи мардум парҳез менамояд. Нисбати худ, падару модар, аҳли оила, ҳамсоягон, хешон, ҳамкасбон, аҳли маҳалла ва ҷомеа меҳрубону дилсӯз мебошад. Агар тавоноӣ дошта бошад, ба мустамандон ёрӣ мерасонад ва тухми муҳаббату дӯстӣ мекорад.

Намоз намегузорад, ки инсон гарданкашу худпараст бошад. Душманӣ, ҳасад, кибр ва бахилиро аз ботини ў берун месозад. Намоз посбони иззату обрӯ ва ору номуси инсон аст ва ба ў ибрат, ғайрат ва ҳикмат мебахшад. Намоз табиб ва маслиҳатгӯ, рафиқу ғамбарор ва дар айёми пирӣ қуввати дилу асокаши ҳар як фард аст. Намоз дастгиру мӯниси гӯр, ҳамдаму ҳамсафар то расидан ба биҳишт аст. Дар ин бора Худованд мефармояд:

"Эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)! Рӯзи қиёмат мардону занони мӯъмин, шаъшаъаи нури имонашон аз рӯ ба рӯ ва аз тарафи росташон мешитобад ва мужда медиҳад, ки имрӯз шуморо биҳишт интизор аст. Биҳиште, ки наҳрҳояш зери дарахтонаш ҷорист ва мегӯяд: "Башорат бод шуморо, ки дар он биҳишти ҷовидон ворид хоҳед шуд ва ин нур ҳамон саодату фирӯзии бузурги шумост, ки намозу рӯза ва амалҳои шоистаро дар он дунё ба ҷо меовардед". («ҳадид», 12).

Бубинед, ки натиҷаи ҳама корҳои шоиста касро то расидан ба ҷаннат ҳамроҳӣ мекардааст. Дуо мекунем, ки Худованд ҳамеша барпо доштани намозро ба ҳамаамон насибу рӯзӣ гардонад.Омин!

Время намаза в Душанбе

28.03.2024

Подробнее
Фаджр04:44
Зухр12:40
Аср16:55
Магриб18:54
Иша20:24
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее