Главная Статьи Дастгирии ниёзмандон-дастури рамазонии ҳар мусулмон

Дастгирии ниёзмандон-дастури рамазонии ҳар мусулмон

Дастгирии ниёзмандон-дастури рамазонии ҳар мусулмон
2021-05-07
2378

Ҳамду сано Худовандеро, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Худованди яктову беҳамто, ки бо фазлу карами худ оятҳову нишонаҳое ба мо нишон дод, то бо ақлу тадбир роҳи ҳидояту наҷотро пайдо намоем. Худои меҳрубоне, ки паёмбарони ғамхореро барои таълиму тарбияи мо фиристод, то яке пас аз дигарӣ барои ободию рушду такомули оламу одам талош намоянд. Дуруду саломи бепоён бар ҳамаи онҳо ва хусусан бар хотами пайғамбарон ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бар хонадони поку ёрону пайравонаш.

Пӯшида нест, ки фард ва ҷомеа ба якдигар таъсири мутақобила доранд. Аз афроди солим ҷомеаи солим ба вуҷуд меояд ва ҷомеаи солим дар ташаккул ва такомули шахсияти инсон нақши асосӣ ва таъсири муҳиме мегузорад.

Асоси тавсияҳо ва бештарин аҳком ва ибодатро дини мубини Ислом ба сохтани фарди солим, иззату эҳтиром, накӯкорӣ, тақвияти равобити байни инсонҳо ва тарбияи дурусти ҳар як аъзои ҷомеа равона менамояд. Пас, барои бунёди ҷомеаи солим ва пиёда намудани меҳру муҳаббат байни аъзоёни он, тарбияи афроди солим зарурат дорад.

Инсон дорои қувваи эҷодӣ буда, моҳиятан тарафдори хайр ва зидди бадӣ мебошад ва ба сохти иҷтимоӣ, инкишофи ҷамъият ба тарзи фаъол таъсир мерасонад ва хушбахтии худро ҳамон вақт эҳсос мекунад, ки бо одамони дигар муттаҳид буда, робитаҳои иқтисодию маънавӣ дошта бошад.

Сахӣ кист? Он кас, ки саховат кунад. Саховат яке аз хислатҳои хуби инсон ба шумор меравад. Чунин сифатҳои ахлоқӣ ба ҳар як шахс тааллуқ дорад, чунки инсон худ табиатан нек аст ва ӯ кӯшиш мекунад, ки ба эҳтиёҷманде мадад расонад. Лекин саховат бояд ба мақсади нек нигаронида шуда бошад. Дар акси ҳол, саховат маънии худро гум мекунад.

Бахилӣ- яке аз хислатҳои бади инсон мебошад. Бахилон дар байни мардум эътибор надоранд.

Худованд мӯъминонро дар бисёр оятҳои қуръонӣ барои кори нек ва хайру саховат намудан ба ятимону бечорагон амр менамояд.

Дар сураи «Бақара», ояи 215 мефармояд:

يَسْأَلُونَكَ مَاذَا يُنفِقُونَ قُلْ مَا أَنفَقْتُمْ مِنْ خَيْرٍ فَلِلْوَالِدَيْنِ وَالأَقْرَبِينَ وَالْيَتَامَى وَالْمَسَاكِينِ وَابْنِ السَّبِيلِ وَمَا تَفْعَلُوا مِنْ خَيْرٍ فَإِنَّ اللَّهَ بِهِ عَلِيمٌ (البقرة/215)

«Мепурсанд туро (Эй Муҳаммад (с) аз кадом навъ мол эҳсону харҷ кунанд. Бигӯ он молеро харҷ кардед, пас (даставвал) ба модару падар, хешовандон, ятимону дарвешон ва мусофиронро ва он чиро хайру эҳсон кунед, Худо ба он доност».

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҳама давру замон ва макон чунин табақаҳои камбизоат - ятимону барҷомондагон, фақирону заъифон ва мӯҳтоҷон вуҷуд доранд.

Дини Ислом ҳамеша инсонро барои накӯкорӣ ва дастгирӣ намудани чунин ашхос амр менамояд, то ин ки дар ҳарду дунё хушбахт гардад.

Худованд мефармояд:

... وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى...

«Дар некӯкорӣ ва тақво бо ҳамдигар ҳамкорӣ кунед» ( Сураи «Моида», ояи 2).

لاَ خَيْرَ فِي كَثِيرٍ مِنْ نَجْوَاهُمْ إِلاَّ مَنْ أَمَرَ بِصَدَقَةٍ أَوْ مَعْرُوفٍ أَوْ إِصْلاَحٍ بَيْنَ النَّاسِ...

«Ва хайре нест дар бисёре аз машваратҳои пинҳонии онҳо, аммо хубӣ дар машварати касест, ки ба садақа кардан ё ба кори писандида ва ё ба ислоҳ байни мардумон амр намояд» (Сураи «Нисо», ояи 114).

لَنْ تَنَالُوا الْبِرَّ حَتَّى تُنْفِقُوا مِمَّا تُحِبُّونَ... (آل عمران/92).

«Ҳаргиз ба некӣ намерасед, то аз он чи ки дӯст медоред (дар роҳи Худо) инфоқ кунед» (Сураи «Оли Имрон», ояи 92).

Чи тавре ки аз мафҳуми ин оятҳо бармеояд, Худованд инсонро барои кӯмак, хайру саховат ва эҳсон кардан ба шахсони эҳтиёҷманд амр менамояд.

Ҳар шахси мусалмон бояд тибқи фармудаи Худованд ва  Расулаш амал намуда, барои дастгирӣ намудан аз бенавоёну бечорагон кӯшиш намояд.

Ҳама гуна хайру саховате, ки аз ҷониби инсон иҷро мегардад, агар дар ҳамон ҷое, ки шариат фармудааст, анҷом наёбад, онро Худованд қабул нахоҳад кард. Мусалмонон ба ҳамдигар ёру бародаранд. Бояд дар ҳама ҳолат аз аҳволи ҳамдигар бохабар бошанд ва кӯмаки худро барои якдигар дареғ надоранд. Анҷоми корҳои нек ва ба муҳтоҷон эҳсон кардан дар оятҳои карима низ омадааст.

Дар сураи «Ҳуд», ояи 114 фармудааст:

... إِنَّ الْحَسَنَاتِ يُذْهِبْنَ السَّيِّئَاتِ ... (هود/114)

«Ба дурустӣ корҳои накӯ корҳои бадро аз байн мебаранд» ё дар сураи «Бақара», ояи 195 мефармояд:

وَأَحْسِنُوا إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُحْسِنِينَ (البقرة/195)

«…Ва эҳсон намоед, ҳамоно Худованд накӯкорнро дӯст дорад».

Инчунин дар сураи «Бақара», ояи 271 омадааст:

إِنْ تُبْدُوا الصَّدَقَاتِ فَنِعِمَّا هِيَ وَإِنْ تُخْفُوهَا وَتُؤْتُوهَا الْفُقَرَاءَ فَهُوَ خَيْرٌ لَكُمْ وَيُكَفِّرُ عَنْكُمْ مِنْ سَيِّئَاتِكُمْ... (البقرة/271)

«Агар ба фуқаро ошкор кӯмак кунед, кори накӯе кардаед ва агар ҳамин садақотро пинҳонӣ анҷом дода ва расидагӣ бо фуқаро махфиёна бошад, барои шумо беҳтар ва сабаб мешавад, ки гуноҳонатон маҳв шавад…».

Паёмбари Худо – Муҳаммад (с) дар ҳадисе чӣ гуна будани мӯъминонро баён менамояд. Дар «Саҳеҳи Бухорӣ» омадааст: «Масали мӯъминон дар дӯстии эшон бо якдигар ва ғамхории эшон бо ҳамдигар монанди як тан аст, ки чун баъзе аз он бинолад ва ранҷур шавад, ҷумларо ба бехобиву таб бихонад ва даъват кунад».

Саъдии бузург ин ҳадисро чунин дар риштаи назм кашидааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Дар ҳадиси дигар низ омадааст: «Касе аз шумо мӯъмин шумурда намешавад, то ин ки дӯст дошта бошад, барои бародараш он чиро, ки барои хеш дӯст медорад» (аз Анас (р) ривоят шудааст).

Агар мо назар ба таърих ва ҳаёти Паёмбари Худо андозем, мебинем, ки ӯ ҳамеша ятимон ва бечорагонро дӯст медошт ва сарҳои онҳоро сила намуда меҳрубонӣ менамуд. Чунончи худи Паёмбар (с) дар ҳадисе мефармоянд: «Кафил ва ё шахсе, ки ятимонро дастгирӣ менамояд, яъне ба онҳо ҳаққашонро дода меҳрубонӣ мекунад, фардо рӯзи қиёмат бо ҳамроҳии ман якҷоя мебошад, дар ҳоле ки бо ду ангушташ ишора менамуданд».

Дастгирӣ намудани ятимон, бенавоён, фақирон ва бечорагон ин амалест, ки тамоми динҳои самовӣ ва тамоми инсоният онро тарғибу ташвиқ менамоянд ва фоъили онро дар ин дунё ва дар охират аз ҷумлаи растагорон меҳисобанд.

Ҳамагон медонем, ки ҳама намуд ибодатҳо барои дарёфтани розигии Худованд буда, бо умеди бандагӣ, аҷр ва савоб иҷро мешаванд. Дини Ислом ҳеҷ гоҳ барои инсон амреро фарз ва ё воҷиб намегардонад, ки ӯ аз уҳдаи иҷрои он набарояд. Чи тавре ки дар Қуръони азимушшаън омадааст:

لاَ يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْسًا إِلاَّ وُسْعَهَا لَهَا مَا كَسَبَتْ وَعَلَيْهَا مَا اكْتَسَبَتْ...

«Худованд ҳеҷ касро бештар аз қудрату тавоноиаш вазифадор намекунад, ба фоидаи худи он шахс аст амали неки ӯ ва бар зарари ӯст он чи (гуноҳ) кард. Сураи «Бақара», ояи 286.

Мардуми тамадунофари тоҷик тавре медонем, аз рӯи хайрдӯстӣ ва дастгирӣ намудани мӯҳтоҷон маъруф ва машҳур гаштаанд. Дар марҳалаи фарорасии моҳи мубораки Рамазон хайрхоҳон ва фитрдиҳандагон бояд паҳлуҳои зарурии хайрхоҳиро ба назар гирифта, ба эътибор гиранд, ки ятимону мӯҳтоҷони зиёде ба кумаки ҳар яки мову шумо эҳтиёҷманданд. Бародароне, ки мехоҳанд ҳар сол сафари ҳаҷ намоянд ва ё дигар корҳоеро барои дарёфти ризогии Худованд адо намоянд, тибқи фармудаҳои Қуръон ва аҳодиси набавӣ барои онҳо дастгирӣ намудани эҳтёҷмандон заруртар ва афзалтар мебошад. Шахсе, ки мехоҳад барои адои ҳаҷ омодагӣ бинад, бояд аввал аз шартҳои он воқиф гардад ва ба атрофиёни худ, алалхусус ба хешу ақрабо ва ҳамсоягони худ назар кунанд. Агар онҳо эҳтиёҷманд бошанд, маблағи зиёдатии худро агар ба онҳо сарф намояд, бешак боиси ризои Худованд ва нобудии гуноҳон хоҳад буд.

Время намаза в Душанбе

25.04.2024

Подробнее
Фаджр03:57
Зухр12:40
Аср17:23
Магриб19:22
Иша20:53
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее