Главная Статьи АЗ МУҲАББАТ ТAЛXҲО ШИРИН ШАВАД

АЗ МУҲАББАТ ТAЛXҲО ШИРИН ШАВАД

АЗ МУҲАББАТ ТAЛXҲО ШИРИН ШАВАД
2021-10-08
1204

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207-1273м.)  аз нобиғагони назми классиикии форс-тоҷик буда, дар арсаи суханварӣ ҳамчун «худованди беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст. Ӯ инсонро бузургтарин муъҷизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифоқ ва иттиҳоду ҳамбастагии онҳоро талқин ва тарғиб менамуд». Сулҳу оштӣ, ишқу муҳаббат ба ақидаи Мавлоно қодир аст, «заминро ба осмон хешу табор гардонад». Аз маъруфтарини осори ӯ дар адабиёти тасаввуфии форсу тоҷик китоби «Маснавии маънавӣ» буда дарбаргирандаи ақидаҳои ирфонӣ мебошад. Маснавӣ саросар аз ҳикоту суханони пандомез иборат аст, ки метавонад ҳар як инсонро дар масири тӯлонии зиндагиаш раҳнамову пандомӯз бошад. Аз ҳамин ҷост, ки онро: «Маснавии маънавии Мавлавӣ, ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ» сифат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур шуморидем, яке аз беҳтарин ҳикояҳояшро ин ҷо орем

ҲИКОЯТ

Мардеро ғуломе буд Луқмон ном. Луқмон ғуломе буд доно, бовафо, меҳрубон ва хайрхох ва хулоса хубихоро дар худ як ҷо гирд оварда буд ва аз ин рӯ назди арбоб бисёр азиз буд. Арбобаш ӯро ҳатто бар фарзандонаш муқаддам медошт:

Хоҷааш медоштӣ дар кор пеш,

Беҳтараш дидӣ зи фарзандони хеш.

3-он ки Луқмон гарчи бандазод буд,

Хоҷа буду аз ҳаво озод буд.

Ишқи арбоб ба Луқмон он андоза буд, ки ҷуз аз ғизое, ки Луқмон аз он хӯрда буд, намехӯрд. У ҳар ғизоеро, ки Луқмон аз он нахӯрда буд, дур мерехт:

Суъри  ӯ хӯрдиву шӯр ангехтӣ,

Ҳар таъоме, к-ӯ нахӯрдӣ, рехтӣ.

Рӯзе барои арбоби Луқмон харбуза ба армуғон оварда буданд. Фарзандашро гуфт, то Луқмонро фаро хонад.

Харбузаро пора кард ва як қоч ба Луқмон дод. Луқмон онро чун асал балъид. Арбоб, ки дид Луқмон харбузаро бисёр дӯст дошт, қочи дуввуму севвумро ба ӯ дод, то ба ҳаф(т)даҳ расид. Танҳо як қоч боқӣ монд. Арбоб онро ба худ ихтисос дод ва хост онро бихӯрад. То бубинад ин харбуза чӣ қадар ширин аст, ки Луқмон онро чунин бо иштиҳо мехӯрад, аммо:

Чун бихӯрд, аз талхияш оташ фурӯхт,

Ҳам забон кард обила, ҳам ҳалқ сӯхт.

Харбуза на танҳо ширин набуд, балки чунон талх буд, ки забони арбоб обила зад ва ҳалқаш сӯхт. Дақоиқе гузашт ва ҳоли арбоб беҳтар шуд. Пурсид: -Луқмон! Чӣ гуна ту ин заҳри талхро чунин бо иштиҳо хӯрдӣ ва хам ба абрӯ наёвардӣ:

Нӯш чун кардӣ ту чандин заҳрро?

Лутф чун ангоштӣ ин каҳрро?

Ин чӣ сабр аст? Ин сабурӣ аз чӣ рӯст?

Ё магар пеши ту ин ҷонат адӯст?

Магар ту душмани ҷони худ ҳастӣ?

Лукмон гуфт: -Ман аз дасти ту шириниҳо чашидаам ва неъматҳо гирифтаам, шарм кардам талхии ин якеро рӯят биёварам. Ин носипосӣ аст, ки ҳазор-ҳазор хубӣ бубинам ва ҳангоми як нохӯшӣ фиғон бароварам:

Шармам омад, ки яке талх аз кафат,

Ман нанӯшам, эй ту соҳибмаърифат.

Чун ҳама аҷзом аз инъоми ту,

Рустаанду ғарқи дона в-доми ту.

Гар зи як талхӣ кунам фарёду дод,

Хоки сад раҳ, бар сари аҷзом бод.

Дар воқеъ, дасти ширинбахши ту талхӣ дар ин харбуза боқӣ нагузошт. Оре, мухаббат кимиёест, ки ҳар талхиро ширин мекунад, дардро шифо медиҳад ва мурдаро зинда месозад:

Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,

Аз муҳаббат мисҳо заррин шавад.

Аз муҳаббат дурдҳо софӣ шавад,

Аз муҳаббат дардҳо шофӣ шавад.

Аз муҳаббат мурда зинда мекунанд,

Аз муҳаббат шоҳ банда мекунанд.

Эй азиз! Неъматҳои бешумори Илоҳиро назора кун ва шарм бидор, ки дар душвориҳо забон ба шиква кушоӣ ва фиғон бароварӣ. Бидон, ки чун сипосгузорӣ, неъмат афзун шавад ва чун носипосӣ кунӣ, доштаҳоро низ аз каф бидиҳӣ.

                   (Аз китоби  Хикоятҳо ва ҳидоятҳо аз "Маснавии маънавӣ").               Таҳияи М.Шодиев.

Бознашр аз сосонаи Маркази исломшиносӣ

Время намаза в Душанбе

23.04.2024

Подробнее
Фаджр04:01
Зухр12:40
Аср17:21
Магриб19:20
Иша20:51
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее