Главная Статьи ҚОНУНИ ТАНЗИМ - МОНЕАИ АСОСИ ГУСТАРИШИ ХУРОФОТ

ҚОНУНИ ТАНЗИМ - МОНЕАИ АСОСИ ГУСТАРИШИ ХУРОФОТ

ҚОНУНИ ТАНЗИМ - МОНЕАИ АСОСИ ГУСТАРИШИ ХУРОФОТ
2021-10-11
1491

Ба номи Худои бахшояндаи мехрубон

Ҳамду санои беҳад Худованди ҳакиму меҳрубонро, ва дуруди бешумор бар Расули ӯ, ки тарҳи беҳтарин зиндагии моддию маънавиро дар рӯи замин ниҳод.

Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки миёни мардум ба таври хеле сода – қонуни танзим ном бурда мешавад, дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон нақши ҳалкунанда иҷро карда истодааст. Ин нақшаро аз ду мавқеъ метавон баҳо дод: ҳамчун қонун муносибатҳои муайяни иҷтимоиро ба танзим даровард, баъдан ба ҳайси паёми ахлоқие баромад кард, ки маънавият ва андешаву тафаккури мардумро ба анъанаҳои ниҳоят гуманистонаи таърихии динӣ ва маънавӣ аз нав мутаваҷҷеҳ гардонд.

Тавассути ин қонун гароише ба аслҳои маънавияту ахлоқ ба таври дастаҷамъӣ ба вуҷуд омад: мардум ба чашми сар дид ва дар таҷрибаи рӯзгор ба мушоҳида гирифт, ки бархӯрдорӣ аз маънавият ва ахлоқи поки миллӣ ягона роҳи расидан ба саодати ин дунёву охират аст.

Дигар ин ки тавассути ин қонун дар фаҳму дарки дини мубини Ислом ҳамчун як рукни муҳимми шуури ҷомеа тағйироти ҷиддӣ ба амал омад. Аз қадим омада, ки олуда шудани дин бо хурофот хавфи азиме барои маънавият дорад. Ин санади ҳуқуқӣ ҳамин проблемаро ҳал кард: муайян ва муқаррар шуд, ки дар кадом сатҳу поя хурофоту таассуб ба буняи иҷтимоъ зиён овардааст ва бо чи дастуре метавон аз маризиҳои хурофотӣ наҷот ёфт. Агар возеҳтар бигӯем, дар тўли чордаҳ соли амали қонуни танзим инқилоби фикрие дар ҷомеа ба вуҷуд овард ва ин қонун нақши маорифпарваронаи хешро иҷро кард.

Хулосаи дигар ин аст, ки тавассути ин қонун боз ҳам дар шуури мардум он андеша маҳкам ҷо гирифт, ки хурофоту таассуб, зиёдаравию худнамоишдиҳӣ ҳеҷ робитае бо асли дини мубини Ислом надорад. Дин дар асли хеш фитрати солими инсонӣ ва рушд аст, ҷузъи муҳимтарини фарҳанги миллист. Модом, ки чунин аст, он ҳамеша барои пешрафти ҷомеа хидмат мекунад. Тӯли 1400 сол аст, ки асоси ахлоқи иҷтимоӣ ва фарҳанги мардумиро дин ташкил мекунад ва табиист, ки дар ин роҳи тўлонӣ ба матои поки дин доғҳои зиёде расидаанд. Аммо ин доғҳо асоси мафкуравӣ надоранд, аз ин рӯ, бо кӯшишҳои аҳли андеша ва илм онҳоро метавон тоза кард.

Таҷрибаи чордаҳсолаи ин қонун нишон дод, ки агар дар доираи муайян давлат ба расму ойин ва анъанаҳо бо мақсади хайр даст занад, ба муваффақиятҳо ноил мегардад. Яъне, давлати адолатпарвар танњо дар он сурате даст ба ин кор мезанад, ки дин ва ё шакли дигари шуури ҷамъиятӣ бо дуршавӣ аз решаи аслӣ бо назардошти ҳимояи манфиатҳои ҷудогона бидъатҳои мухталифро ҳамчун бори гарон ба сари мардум оварда, онҳоро аз маънӣ ва мазмуни эътиқод ба шаклпарварию зоҳирбинӣ мебаранд. Дар ин ҳолат вазифаи давлат ва ҳуқуқ дар он аст, ки вай барои инкишофёбии маданӣ – динии шахсияти инсон шароити мусоидро таъмин намояд.

Танзими расму оинҳо дар ҷомеаи инсонӣ кори хайр ва ниҳоят муҳим мебошад. Гузаштагони бофарҳанги мо, хоссатан равшанфикрон, шоирону нависандагон, муфассирон ва ашхоси бомаърифати тоҷик, доир ба ин масъала бетафовут набудаанд. Ҳанӯз дар замонаш бузургвор Саъдии Шерозӣ таъкид намуда буд, ки инсон бояд ба даромадаш, яъне дахлаш, назар карда, харҷ кунад, чунки харҷи беҳуда миёншикан аст ва касро беобрӯ хоҳад кард:

 

Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун,

Ки маллоҳон мехонанд суруде:

“Ба кӯҳистон агар борон наборад,

Ба соле Даҷла гардад хушкрӯде”.

Мисоли Саъдӣ аз ҳикмати табиат сарчашма гирифтааст, ки бо табиати одамӣ рабти бевосита дорад. Агар мавсими боронҳо накӯ гузарад, оби дарёву наҳрҳо фаровон шуда, ҳосили заҳмати заминдорону кишоварзон низ фаровон хоҳад шуд. Борҳо шоҳид будаем, ки каҳтӣ шудани борону кам боридани барф азияту машаққатҳои зиёде ба сари мардум овардааст. Бино ба кам шудани ҳосили кишоварзӣ нарху наво гарон шуда, рӯшноии хонаҳо ба меъёр дароварда мешуд, барқ намерасид. Табиати инсон низ чунин аст: дар ҳолати хуб будани даромади пулиаш ӯ андеша мекунад, ки ба чӣ корҳое сарфи маблағ кунад, ҳатман мушкилоти рӯзгорашро ба таҳлил мегирад, ояндаро дар назар медорад. Албатта, ин хоси инсонҳоест, ки аз фарҳанги сарфакорӣ бохабаранд. Ин фарҳанг хосси мардуми донишманд ва босавод аст, ҷоҳилон тафаккури чунин фарҳангро надоранд, ҳамеша ба худнамоӣ ва нишон додани дороии хеш мекӯшанд.

Дар ин маврид харҷи барзиёд дар масъалаҳое, ки хосси як хонавода буда, ба тӯю сур ва ё азову мотам тааллуқ доранд, ба ҷомеа зуд таъсир мерасонад. Сабаби пањн шудани маросими аслан ба фарҳанги мо бегона маҳз таъсири онҳоест, ки аз фарҳанги волои сарфакориву истифодаи дурусти маблағҳои оила огоҳ набуда, ба хотири ба даст овардани шуҳрат рафторҳои бемавқеъ ва хилофи ақли солим мекунанд.

Яке аз сабабҳои зуд дар ҷомеа дар зеҳну шуур ва тафаккури мардум ҷой гирифтани асосҳои қонуни танзим ҳамин аст, ки муқаррароти он маҳз аз сарчашмаҳои муътабари диниву ахлоқӣ об мехӯранд. Ба ёд биёрем, ки ҳангоми омадагӣ ба қабули ин қонун чорабиниҳои зиёди маърифатӣ ва ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, доираи васеи донишмандон, аз ҷумла донишмандони дину мазҳаб ба ин кор ҷалб шуда буданд.

Бояд дар назар дошт, ки яке аз роҳу усулҳои таъсир гузоштан ба мафкураи мардум дар масъалаи тарғиби фарҳанги сарфакорӣ бевосита ошноӣ бо аслҳо ва ё рукнҳои бунёдии дини мубини Ислом аст. Шариати ислом пайравони худро аз исрофкорӣ ва хароҷоти риёкорана ҷиддан манъ кардааст. Худованд дар каломи худ мефармояд:

“Исроф макунед, ки Худои таъоло исрофкоронро дӯст намедорад”. (ояти 141-и сураи “Анъом”).

Дини мубини Ислом ҳамеша беҳбудӣ ва аҳволи неки мардумро дар ҳама ҷанбаҳо, аз ҷумла дар умури маросим мадди назар дорад. Ҳамин ҷиҳат аст, ки Пайғамбари гиромӣ (с) дар як ҳадиси муборакашон фармудаанд: “Осон бигиред ва душвор магардонед”.

Мазмуну муҳтавои қонуни танзим баёнгари он ҳақиқат аст, ки мо бояд ба қадри неъматҳои илоҳӣ ва онҳоро ба тақозои ақлу андешаи солим истифода намоем, чунки камхарҷу сарфакорона гузаронидани тӯю маъракаҳо ва азову мотам муассиртарин омили баланд шудани сатҳи зиндагии мардум ба шумор меояд. Калиди сарвату дороии ҳар фарди ҷомеа сарфаву сариштакорӣ аст, ҳамон тавре ки дар ҳадиси муборак омадааст: “Моли муъмин чун хуну ҷони ӯ азизу муҳтарам аст”.

Ҳоло аз баракати ин қонуни миллӣ шаклҳои манфиатовари хайру садақа дар зеҳни мардум ҷо гирифта, ташаккул ёфта истодаанд. Кумак ба ятимону бепарасторон, ҷойҳои ҷамъиятӣ, мусоидат кардан таъмиру тармими мактабу шифохонаҳо ва амсоли инҳо низ аз ҷумлаи хайру садақотанд ва аз омилҳои ҳамгироиҳои мардум ва ваҳдати онҳо низ мебошанд. Дар Қуръони карим дар ин маврид чунин омадааст:

“Эй Паёмбар, аз ту мепурсанд, ки чӣ чизҳоеро садақа кунанд? Бигӯ, аз моли ҳалолу поки худ ба падару модар ва наздикон ва ятимон ва мискинон ва мусофиру дар роҳ мондагон садақа кунед. Ва ба Худованд аз ҳар некие, ки анҷом бидиҳед, огоҳ аст”.(Ояти 215-уми сураи “Бақара”).

Дини мубини Ислом ҳамеша осонию сабукиро ба вазниниву душворӣ тарҷеҳ медиҳад ва мо инро дар мисоли меъёрҳои ин қонун дар мавриди маросими хушнудӣ низ баръало эҳсос мекунеи. Аслан, аз назари Ислом, ки мактаби бузурги тарбия аст, бояд ҳар гуна нуқсу иллат аз аслу реша бартараф карда шавад. Ҳамин ҷиҳат аст, ки ходимони дин ба ҷавонон роҳу усулҳои дур шудан аз исрофкориро бояд талқин кунанд ва дар намозҳои ҷумъаву панҷгона дар ин хусус мавъизаҳо хонанд. Китобњои тарбияи бузургон низ пурманфиат истифода карда шавад. Масалан, Унсурулмаолии Кайковус дар асараш “Қобуснома” зимни муроҷиат ба фарзандаш чунин меорад: “Исрофро душман дор ва шум дон. Сабаби фақириву нодорӣ исрофкорист. Дар хӯрдан ва гуфтан, дар ҳар шуғле, ки бошӣ, исроф набояд кард. Исроф танро бикоҳонад, нафсро бираҳонад ва ақлро заиф гардонад. Исроф зиндаро бимиронад”.

Таҷрибаи чордаҳсолаи татбиқи қонуни танзим исбот намуд, ки он аввалан, манфиати мардумро ҳимоя мекунад ва баъдан ба беҳтаршавии вазъи молии аҳолӣ мусоидати фаъол менамояд. Илова бар ин, ки татбиқи ин қонун ба афзоиши туйҳои хайриявӣ ва эҳёи маъракаҳои дарстаҷамъона барои камбизоатон замина гузоштааст.

 

Саидмукаррам Абдуқодирзода

Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ

Время намаза в Душанбе

29.03.2024

Подробнее
Фаджр04:43
Зухр12:40
Аср16:56
Магриб18:55
Иша20:25
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее