Главная Статьи НАЗОФАТ ВА БЕҲДОШТ ДАР АХЛОҚИ ПАЙҒАМБАР (С)

НАЗОФАТ ВА БЕҲДОШТ ДАР АХЛОҚИ ПАЙҒАМБАР (С)

НАЗОФАТ ВА БЕҲДОШТ ДАР АХЛОҚИ ПАЙҒАМБАР (С)
2021-10-14
1355

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

         Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.

          Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин шарт барои қабул шудани ибодатҳо тозагии моддӣ ва маънавӣ буда, шарти расидан ба мартабаи мақбул дар имон ҳам тозагӣ мебошад. Пайғамбарамон (с) ҳам ба тозагӣ аҳамияти ҷиддӣ медоданд ва касонеро, ки ба тозагӣ аҳамият намедоданд, огоҳ мекарданд. Дар як ҳадисашон фармудаанд: “Тозагӣ нисфи имон аст” (Муслим, таҳорат,1).

 Модарамон ҳазрати Оиша (р) гуфтааст: “ Мардуме, ки дар атрофи Мадина зиндагӣ мекарданд, барои намози ҷумъа ба масҷиди Набӣ меомаданд. Ба таври умумӣ сару пойҳояшон хоколуд буд ва аз баданашон бўи арақ меомад. Вакте дар назди Расулуллоҳ истода будам, яке аз онҳо ба наздаш омад. Пайғамбарамон вайро дар чунин ҳолат дида ғамгин шуд ва гуфт: “Кошкӣ имрӯз танатро мешустӣ”. (Бухорӣ, ҷумъа,15)

Ҳазрати Пайғамбар (с) натанҳо ба тозагии бадан ва сарулибос, балки ба тозагии муҳити зист ҳам тавваҷҷуҳ мекард, барои нарехтани партоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ифлос накардани обҳо, тоза нигоҳ додани роҳ, майдон ва маҳаллаҳо аҳамият медод. 

Расули Худо (с) дар баёни аҳамияти назофати беҳдошти тан ва робитаи он бо буъди маънавии инсон фармуданд: “Назофат аз имон аст”. Яъне муъмин пок ва назиф аст, касе, ки назофатро риоят накунад, имони комиле надорад.

Донишмандон дар боби риояти беҳдошт ва назофати бадан фармуданд, ки ҳашт чиз суннат аст:

1.Мисвоки дандон.

2. Шустани даҳон.

3.Бинӣ афшондан.

4.Шона задани мўи сар.

5.Хатна кардан.

6. Аз байн бурдани мўи зери ноф ва зери бағал.

7. Нохун гирифтан.

8. Шустушўи бадан.

Назофат зоҳири инсон бо покии рӯҳи ӯ пайванди амиқе дорад, ҳамон гуна ки оростагии зоҳири инсон ҳиқоят аз зебоии ботини ӯ мекунад. Пайғамбари Ислом (с) худ паёмовари покӣ ва назофат буд. Дар ҳангоми мулоқот бо ӯ аввалин вижагие, ки чашму дили ҳар бинандаро навозиш медод, оростагӣ, покӣ ва зебоии зоҳири он Ҳазрат (с) буд. Қарз кардан ба худии худ амри макруҳ ва нописандида аст, вале он Ҳазрат (с) ба хотири аҳамияте, ки барои назофат ва беҳдошти тан ва хонавода қоил буд, фармуд: “Ҳар кас ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дорад, мўи зери нофи худро то чил рӯз ба таъхир намеандозад, агар имкони онро наёфт қарз кунад ва беш аз ин дар ин кор таъхир накунад”.

Агарчи ҳадафи аслии биъсати анбиёи илоҳӣ ҳидояти маънавӣ ва рўҳонии башар аст, вале аз он ҷое, ки маънавияти инсон бо зиндагии табиъии ӯ дар ҳам омехтааст, ҳаргиз эшон аз риоят ва фармон додан ба зебоӣ, беҳдошт ва покӣ ғафлат наварзидаанд ва ба тамоми маворид ҳатто гирифтани мўе, ки аз бинӣ берун меояд, фармон додаанд.

Расули Худо (с) шахсан ба покизагӣ алоқаи фаровоне дошт ва дар назофати бадан ва либос беназир буд. Илова бар одоби вузў, бисёр рӯзҳо бадани худро шустушў медод ва ин ҳар дуро ибодат медонист. Назофати тан ва покии андомаш ва таҳорати рўҳаш ҳамоҳанг буд. Ба ёрон ва пайравони худ таъкид мекард, ки сару сурат, ҷома ва хонаҳояшонро покиза нигаҳ доранд, водорашон месохт, ки худро ба хусус дар рӯзҳои ҷумъа шустушў дода ва муаттар созанд, то ки бӯи бад аз онҳо ба машоми дигарон нарасад ва он гоҳ дар намози ҷумъа ҳузур ёбанд.

Яке аз дастуроти муҳими беҳдошти дини мубини Ислом, беҳдошти даҳон ва дандон аст. Тамоми пешвоёни бузурги динӣ дар ин бора таъкиди фаровон кардаанд. Ба хусус дар сирати амалии Пайғамбари Ислом (с) ин амр таъкиди хоссе шудааст. Худи он Ҳазрат (с) ҳар рӯз чанд бор, махсусан шабҳо пеш аз хоб ва пас аз бедорӣ ва ҳангоми вузў гирифтан дандонҳояшро бо диққат мисвок мекарданд ва ҳатто ҳангоме ки дар бистари беморӣ ва дар охирин дақиқаҳои умри дунявии худ буданд, мисвок хостанд ва дандонҳои худро мисвок карданд. Ба ёрони хеш низ мефармуданд: “Ҳаргиз бо дандонҳои нашуста дар маҷлис ҳозир нашавед ва аз мисвок кардан ва покиза нигаҳ доштани дандонҳои худ кутоҳӣ накунед”.

Ҳамчунин он Ҳазрат (с) пеш аз хўрдани хўрок ва баъд аз он дасту даҳонашро мешуст ва аз хўрдани сабзиҳои бадбў парҳез мекарданд. Дар бораи мисвок фармуданд: “Ҳеҷ гоҳ Ҷабраил наздам наёмад, ҷуз он ки маро ба мисвок суфориш намуд. Агар мардум аз фоидаҳои мисвок огоҳ буданд, онро ҳамеша ҳамроҳи хеш доштанд ва ба бистар мебурданд.”

Ҳазрати Паёмбар (с) ба Алӣ (к) фармуданд: “Эй Алӣ! Бо ҳар вузўе, ки барои намоз мегирӣ мисвок бизан.”

“Даҳонҳои шумо роҳе аз роҳҳои (гуфтугўи) Парвардигор аст пас маҳубубтарин даҳон назди Парвардигор хушбутарини он аст, то метавонед даҳонҳои худро хушбў намоед.”

“Ду ракъат намози бо мисвок бартар аз ҳафтод ракъат намози бемисвок аст.”

Барои беҳдошт ва саломатии бадан аҳамияти фаровоне қоил буд. Аз пурхўрӣ парҳез мекард ва ба мусалмонон дастур медод пеш аз он ки аз хўрок сер шаванд, аз таом даст кашанд. Модари муъминон ҳазрати Оиша (р) мегўяд:“Расули Худо (с) дар тули умраш ҳаргиз бо сери хурок нахурданд ва мефармуданд: «Меъда хонаи беморӣ аст ва таҳаммули гуруснагӣ беҳтарин доруи маризиҳо аст.”

Аз мондан ба муддати тўлонӣ дар маърази тобиши офтоб парҳез медод ва мефармуд: “Офтоб чор вижагии манфӣ дорад:

1.Рангро дигаргун мекунад.

2.Бӯи хуши баданро ба бӯи бад табдил мекунад.

3.Либосро мефарсояд.

4.”Беморӣ меоварад.”

Истинҷо бо дасти ростро намеписандид ва аз хўрок хўрдан бо дасти чап наҳй мекард. Иҷозат намедод касе нохунҳои худро бо дандон кўтоҳ кунад. Аз лаби кафидаи зарф ва маҳалли дастаи кўза об наменўшид, чунки маҳалли чирку микроб буд ва дигаронро низ аз ин кор барҳазар медошт.

Паёмбар (с) мефармуданд: “Офаридгор аз касе, ки ҳамнишинаш аз бӯи бади ӯ биниашро мегирад, танаффур дорад.”

Бисёр ғусл менамуд. Илова бар ғуслҳои мустаҳаб, тамоми даҳ шаби охири Рамазонро ғусл мекард. Дар ростои таъкидҳои беҳдоштӣ нисбат ба беҳдошти муҳити зиндагӣ низ таваҷҷуҳи хоссе доштанд. Ҷорўб задан ва покиза намудани хонаро мустаҳаб медонистанд. Инчунин дўст надоштанд, ки зарфҳои хўрокхўрӣ ношуста гузошта шаванд ва мефармуданд: “Шабҳо пеш аз хоб рӯи онҳоро бипўшонанд.”

Иҷозат намедоданд, ки афрод канори чоҳи оби ошомиданӣ, зери дарахти мевадор, миёни қабрҳо, дар роҳҳо ва саҳни хонаҳо қазои ҳоҷат кунанд.

Вақте атса мезаданд, даст ё пироҳанашонро пеши даҳонашон мегирифтанд ва оҳиста атса мезаданд. Пайғамбар (с) мефармуданд: “Зубола (мусор)-ро қабл аз фаро расидани шаб аз хона хориҷ намоед, зеро ҷойгоҳи шайтон (микроб) аст”.

         Чун хамёза мекашиданд, дасташонро баробари даҳонаш мениҳоданд. Паёмбар (с) мефармуданд: “Ҷорўб, ки мезанед, хоки онро пушти дари хона нарезед ва остонаи дарро ҷорўб кунед”.

Худованд ба ҳамаи мо тавфиқи амал кардан ба фармудаҳои Расули Худо (с)-ро бидиҳад ва моро дар дунёву охират сарбаланд бигардонад.

Ҳомидов Абдулвоҳид

мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломӣ

Время намаза в Душанбе

19.04.2024

Подробнее
Фаджр04:09
Зухр12:40
Аср17:18
Магриб19:16
Иша20:47
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее