Главная Статьи Ҳукми хушунати оилавӣ аз назари Ислом

Ҳукми хушунати оилавӣ аз назари Ислом

Ҳукми хушунати оилавӣ аз назари Ислом
2021-11-20
1322

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Ҳамду сано Худовандеро, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Дуруду саломи бепоён бар хотами пайғамбарон  ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бар хонадони поку ёрону пайравонаш бод.

Мақсад аз ташкили оила дар назди Худованд офаридани оромиш ва осоиш дар оила мебошад то ки падару модар фарзандони хешро солеҳ тарбия намуда, дар рушд ва нумўи ҷомеа саҳмгузор бошанд. Ҳақ таъоло мефармояд:

«Ва Худо аз ҷинси худатон барои шумо ҷуфт офарид ва аз он ҷуфтҳо писарон ва духтарон ва наберагон бар шумо халқ фармуд ва аз неъматҳои покизаву лазиз рўзӣ дод. Оё мардум (бо вуҷуди ин ҳама неъматҳои Худо) боз ба ботил мераванд ва ба неъмати Худо кофир мешаванд». (Сураи «Наҳл», ояти 72).

Ва низ дар ҷои дигар мефармояд:

«Ва боз яке аз оёти лутфи Илоҳӣ он аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон ҷуфте биёфарид, ки дар бари ў оромиш ёфта ва бо ҳам унс гиред». (Сураи «Рум», 21).

Азбаски мақсаду ҳадаф аз издивоҷ оромиши рўҳ ва нигаҳдории насли башарӣ аз заволу фисқу фасод аст, дини мубини Ислом барои зан ва шавҳар ҳуқуқу масъулият ва вазифаҳо ва одоберо муқаррар намудааст, ки онҳо ҳатман бояд аз ҷониби ҳамсарон риоя шаванд.Худованд мефармояд:

«Ва занонро низ ҳуқуқест бар шавҳарон, чунончи шавҳаронро бар онҳо ҳуқуқе машрўъ аст». (Сураи «Бақара», ояти 228)

Ин ҷо месазад баъзе ҳуқуқи онҳоро ба тариқи мухтасар баён намоем.

Бояд шавҳар барои зан маҳри муайян диҳад, ки ин шарти никоҳ ба ҳисоб меравад: Аллоҳ таъоло фармуда:

«Ва маҳри занонро дар камоли ризоият ба онҳо бипардозед». (Сураи «Нисо», ояти 4)

Бояд масорифи хўрдан ва пўшонидани сару либоси зан ва фарзандонашро ба андозаи тавону қудраташ таъмин намояд, аз ҷиҳати ҳукми Худо:

«То марди доро ба фаровонӣ нафақаи зани ширдеҳро диҳад ва он ки нодор ва тангмаишат аст, низ аз ончӣ Худо ба ў дода сарф кунад…». (Сураи «Талоқ»,ояти 7)

«Ба уҳдаи соҳибфарзанд (падар) аст, ки либос ва хўроки модарро ба ҳадди мутаораф бидиҳад». (Сураи «Бақара»,ояти 233)

Ҳар зан қабл аз ҳама ҳуқуқ дорад, ки нисбати ў аз ҷониби шавҳар муносибату рафтори боэҳтиромона ва ғамхорона зоҳир карда шавад. Ў набояд ҳамчун шахси дуввумдараҷа, балки ҳамдарду шарики роҳи зиндагии шавҳар бошаду ғаму шодии зиндагиро бо ҳам баробар тақсим намояд.

Ибни Ҳаким ривоят кардааст, ки ман аз Расулуллоҳ (с) пурсон шудам:     

 «Бо занҳо чӣ гуна бояд рафтор кард?». Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Ба онҳо чунин   хўрокае муҳайё кун, ки барои худ муҳайё мекунӣ, чунон либосе муҳайё кун, ки барои худ муҳайё мекунӣ. Ғайр аз ин онҳоро бо лату кўб озор мадеҳу таъна мазан».

Уламо эътироф кардаанд, ки масъулияти асосии ҳамсарон баҳри ҳифзу ҳимояи никоҳ равона шуда бошад. Ин масъулият иборат аст аз: муносибати маҳрамона, фармонбарии шавҳар то он замон, ки шавҳар хилофи ислом амале анҷом надода бошад, (масалан, вақте зан рўза мегирад ва ё намоз мехонаду шавҳар аз он норизо аст).

Ҳамчунин бояд барои зан ва фарзандонаш манзил ва хонаашонро муҳайё созад, чи тавре ки Худованд мефармояд:

«Боз онҳоро дар ҳамон манзили хеш, ки муяссари шумост, биншонед». (Сураи «Талоқ», ояти 6)

Агар чизҳои зарурии динашро надонад, бояд шавҳар ба вай биёмўзад ва инчунин ба намоз гузоридан ва дигар тоату амалҳо амраш кунад ва аз тамоми корҳои хилофи шариат манъаш созад. Аллоҳ таъоло мефармояд:

«Эй аҳли имон, худатон ва хонаводаи худро аз оташи дўзах нигоҳ доред». (Сураи «Таҳрим», ояти 6)

Аз коре, ки чӣ аз нигоҳи маънавӣ, чӣ аз нигоҳи маишӣ - иҷтимоӣ сабаби озор ва зарари зан мегардад, бипарҳезад, зеро ҳадисе оварда шудааст: «На ба касе зарар расон ва на аз касе зарар бикаш». (Ривояти Молик ва Ибни Моҷа).

Шавҳар вазифадор ва масъул аст, ки бо зан зиндагии хуб ва гуворо дошта бошад, зеро Худованд мефармояд:

«Ва бо занон бо хушрафторӣ зиндагонӣ кунед». (Сураи «Нисо»,ояти 19)

Дар танбеҳ ва адаб додани зан бояд ба тадриҷ ҳамон гунае дар Қуръон ва суннат тавсия шудааст,  амал намояд. Бинобар ин, ҳар касе ки занаш аз ў саркашӣ намояд, ўро насиҳату панд медиҳад ва ҳақи итоати шавҳарро, ки Худо бар вай воҷиб гардондааст, гўшзад менамояд, ҳамчунин аз оқибати саркашӣ аз фармони шавҳар, ки гуноҳ ва низ соқит шудани хўрок ва либосро аз гардани шавҳар ва дар ниҳоят тарк намудани бистари ўро дар пай дорад, огоҳаш месозад.

Ҳақ таъоло ин асли тарбия ва танзими оиларо чунин возеҳ намудааст:

«Ва заноне, ки аз мухолифату нофармонии онон бим доред, бояд нахуст онҳоро мавъиза кунед. Агар мутеъ нашуданд, аз хобгоҳи онҳо дурӣ гузинед. … ». (Сураи «Нисо», ояти 34)

Яъне, агар зан аз аъмол ва тадбирҳои пешгирифтаи шавҳар пандпазир нашуд ва дар мухолифат пофишорӣ намуд, хобгоҳашро тарк мекунад.

Дини бузурги Ислом ба ҳар як узви оила вазифаҳои зиёдеро вогузор кардааст. Оила дар ҳамон вақт метавонад мустаҳкам шавад, ки ҳар як узви он вазифаи худро иҷро намояд. Бинобар ин, на танҳо вазифаҳои худро хуб донистан зарур аст, балки онҳоро хуб иҷро намудан мебояд. Он вазифаҳо

 аз инҳо иборатанд:

- мардон ҳамчун сарвари оила бояд хушбахтӣ ва хурсандии худро фақат дар оилаи худ ҷустуҷў намояд, бояд худро нисбат ба дигар аъзои боқимондаи оила баркамол ва ҷиддӣ ҳис намояд, барои онҳо тамоми маводи заруриро таъмин намуда, шароити мувофиқро барои татбиқи тарзи ҳаёти солим муҳайё намоянд;

- занон, дар навбати аввал, кўшиш намоянд, ки дар назди шавҳаронашон вазифаҳои худро иҷро кунанд, бо ишқу муҳаббат, навозиш ва таваҷҷуҳи худ онҳоро фаро гирифта, шаъну шарафи худро ҳифз намоянд;

- мард ва зан, шавҳар ва ҳамсар бояд фикру ақидаи якдигарро ҳурмат намуда кўшиш кунанд, ки сирри оилавиро пинҳон дошта, новобаста ба нофаҳмию  ихтилофоти ба вуҷудомада якравӣ зоҳир накунанд;

- падару модар барои фарзандони худ бояд намунаи хуб бошанд, талаботи ҳам моддӣ ва ҳам маънавии онҳоро  дар ҳадди имкон таъмин намоянд. Нисбат ба фарзандон адолатпеша бошанд, онҳоро аз рафиқони бад ва рафтору одати ношоиста пешгирӣ намуда, ба онҳо тарбияи хуб диҳанд. Чун кўдакон калон мешаванд, ба онҳо кўмак кунанд, то ҳамсафари зиндагии ботарбия ва тақводорро пайдо намоянд;

- фарзандон ҳамчун меваи ҳаёт бояд падару модари худро эҳтиром намоянд, бо сухан ва бо рафтори нолоиқ онҳоро хафа накунанд, баъди вафоташон онҳоро бо некӣ ёдовар шаванд;

- бародарон ва хоҳарон бояд нисбат ба якдигар бо эҳтиром ва муҳаббат муносибат намоянд ва аз ҳуқуқи маҳрамияташон огоҳ бошанд ва онро риоя кунанд.

Аз нигоҳи шариати Ислом вақте ки фарзандон ба синни даҳсолагӣ мерасанд, бояд волидайн ҷойхоби онҳоро ҷудо кунанд. Ин дастури шариат ба хотири он аст, ки дар вуҷуди фарзандон ангезаи шаҳват нисбати якдигар пайдо нашавад ва онҳо ба зино ва ё кори ҳаром даст назананд. Мутаассифона имрўзҳо баъзан шунида мешавад, ки баъзе писарон бо хоҳарони худ муртакиби ин амали ҳаром шудаанд ва сабабаш ҳам бетаваҷҷуҳии волидон дар тарбияи динӣ ва ахлоқии онҳост.

Амр ибни Шуъайб (р) ривоят кардааст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Фарзандонатонро дар ҳафтсолагӣ ба намоз амр намоед, дар даҳсолагӣ онҳоро ба хотири тарки намоз танбеҳ диҳед ва хобгоҳашонро ҷудо кунед». (Ривояти Аҳмад ва Абўдовуд).

Бинобар ин, падару модар вазифадоранд, ки фарзандони худро дар баробари омўхтани илму маърифат ва касбу ҳунар, дониши динӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ биёмўзанд. Онҳо инчунин вазифадоранд, ки ба фарзандонашон росткорӣ ва парҳезкориро таълим диҳанд ва аз корҳои бад, аз қабили нўшидани машрубот, нашъамандӣ ва зинокорӣ онҳоро боздоранд.

Дини мубини Ислом зино ва ангезаҳои онро ҳаром гардонидааст ва касонеро, ки ба ин амали номашруъ ва ҳаром даст мезананд, ваъиди шадид додааст. Дар ҳадисе ривоят шудааст, ки марде ба назди Пайғамбар (с) омад ва чунин суол кард: «Эй Расули Худо (с), кадом гуноҳ ба назди Худованд бузургтар аст?». Он Ҳазрат (с) гуфтанд: «Ин ки ба Худованд шарик биёварӣ дар ҳоле ки ў туро офаридааст». Гуфт: «Боз кадом?». Фармуданд: «Ин ки фарзанди худро аз тарси он ки ҳамроҳат ғизо мехўрад, ба қатл бирасонӣ». Он мард гуфт: «Боз кадом?». Фармуданд: «Ин ки бо ҳамсари ҳамсояаат зино кунӣ». (Ривояти Абўдовуд ва Байҳақӣ)

 

Чунонки аз ин ҳадис бармеояд, Расули Худо (с) зино кардан бо ҳамсари ҳамсояро бузургтарин гуноҳ қарор додааст. Агар зино бо зани ҳамсоя чунин гуноҳи азим бошад, вой бар ҳоли онҳое, ки бо маҳрами худ аз қабили духтар, хоҳар ва ё келин чунин амали зишт ва ғайриинсониро анҷом медиҳанд. Бояд чунин нафарон бидонанд, ки анҷом додани ин амали қабеҳ сабаби бадбахтии инсон ҳам дар дунё ва ҳам дар охират мегардад. Тавре ки аз оморҳои ба дастомада маълум мегардад, аксари ин амалҳои номашруъ ва хилофи ахлоқи инсонӣ дар ҳолати мадҳушӣ бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ ва маводи мухаддир, инчунин ноогоҳ будан аз фарҳанги динӣ ва маърифати ахлоқӣ сар задаанд.

Бинобар ин, тамоми волидону мураббиён, муаллимону аҳли зиё ва ходимони динро зарур аст, ки нисбати ин падидаҳои ғайришаръӣ ва ғайри инсонӣ бетараф набошанд ва аҳли ҷомеа, хусусан ҷавононро аз оқибати ин гуна амалҳои зишт ҳушдор диҳанд ва ба воситаи панду насиҳатҳои динию ахлоқӣ садди роҳи онҳо гарданд. Худованд дар бораи фарҷоми ногувори зино чунин фармудааст:

«…Ва зино намекунанд; ва ҳар ки ин корро бикунад, ба уқубати душвор бармехўрад. Рўзи қиёмат азоб барои ў дучанд карда шавад; ва он ҷо хор шуда, ҷовид монад».(Сураи «Фурқон», 68-69).

Дар  таълимоти  дини мубини Ислом  ба  бунёди  хонавода  ба ҳайси рукни аслии ҷомеа таваҷҷуҳи зиёде шудааст ва мусаллам аст, ки ҷомеаи солим  бар  таҳдоби  хонаводаи  солим  барпо  мегардад,  Бинобар  ин,  кўшидааст, то онро аз ҳар гуна газанде, ки аз ноҳияи омезиши насабҳо ва олудагии наслҳо ба вуҷуд меояд, ҳифз намояд. Ислом дар ростои таъмини ин ҳадафи инсонӣ зино ва ҳар гуна бебандубориҳои ҷинсиро ҳаром  гардонидааст.

Оилае, ки тибқи ин тавсияҳо зиндагӣ мекунад, оилаи мустаҳкам ва солим мебошад. Дар чунин оилае ҳамеша ишқу муҳаббат, эҳтироми якдигарӣ, хушбахтӣ ва хурсандӣ ҳукмрон аст. Барои бунёди чунин оилаи хушбахту мустаҳкам, ки бо риштаҳои ишқу муҳаббат ва тафоҳуми байни якдигарӣ пайвастанд, ҳар як узви оиларо зарур аст, ки ба таври хеле хуб ҳамаи дастуроти Исломро аз худ намояд.

Время намаза в Душанбе

25.04.2024

Подробнее
Фаджр03:57
Зухр12:40
Аср17:23
Магриб19:22
Иша20:53
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее