Главная Статьи БЕМАЗҲАБӢ ГУМРОҲӢ ВА РОҲИ САРБАСТА АСТ

БЕМАЗҲАБӢ ГУМРОҲӢ ВА РОҲИ САРБАСТА АСТ

БЕМАЗҲАБӢ ГУМРОҲӢ ВА РОҲИ САРБАСТА АСТ
2021-11-24
1237

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Ҳамду сано ва ситоиши бекарон Худованд ҷалла шаънуҳуро, ки аҳли имонро бо иpшоди Расули акрам (с) ва роҳнамоии уламо ҳидоят кард ва аҳкомп шариатро то рўзи қиёмат тағйирнопазир гардонид. Дуруду саломи бепоён ба ҳазрати Муҳаммад, алайҳиссалом, ки афзали паёмбарон аст ва ба олу асҳоби ў бод.

Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон озодии дину виҷдон ва фазои эътиқодӣ ба куллӣ маҷрои тоза касб кард. Ҳар кас, ки меҳоҳад, дар масҷидҳо намозу ибодаташро ба ҷо меорад, адои фаризаи Худо мекунад. Ҳамаи ин неъмати бузурги Парвардигор аст, ки шукронаи онро ба ҷой овардан лозим аст. Соли 2009 бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон карда шуд, ки ин ҳам нишонаи таваҷҷуҳи хайр ва одилона ба мазҳабу соҳибмазҳабон аст. Мазҳаби Имоми Аъзам давоми асрҳои зиёд дар байни мардуми мусулмони кишварҳо аз ҳудуди шарқии Урдун, Осиёи Миёна, Русия, Туркия, Ҳиндустону Покистон то давлаги Африқои Ҷанубӣ густариш ёфта барои ваҳдату ягонагии халқу миллатҳои гуногун хизмати арзанда мекунад.

Албатта, тибқи мазҳаб амал кардан василаи пешнирӣ аз ҳар гуна ихтилофот буда, пайравӣ аз як мазҳаби муайян боиси иттиҳоду ҳамбастагии мусулмонони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони азиз мебошад.

Бо таассуф ёдовар мешавем, ки солҳои охир дар байни мамолики мусулмоннишин ва аз ҷумла дар Тоҷикистон ин раванд халалдор шуда аз ҷониби як гурўҳ ҷавонон тарғиби бемазҳабӣ ё пайравии кўркўрона ба ҷамъияту ҳаракатҳои ихтилофангез ба назар мерасад ва дар бораи мазҳаб, соҳибмазҳаб, муҷтаҳид, соҳибфатво ва китобҳо оид ба мазҳаб беэътиборӣ ва беэҳтиромӣ аз хориҷи кишвар бо ҳадафҳои маълум ворид мешаванд. Ин ҷо сухан дар бораи эътироф накардани мазҳабу соҳибмазҳаб, пайравӣ аз мазҳабҳои дар диёри мо ғайримаъмул меравад. Баъзеҳо мазҳабро эътироф намекунанд ва бо хондани як ду ҳадис ба ин ё он амали диниву ибодатӣ фатво медиҳанд. Барои фатво додан фақеҳ, муҷтаҳид ва дорулифто ҳақ дораду ҳалос ва бо илми кўчак тафсир кардани китоби Худованду аҳодиси набавӣ мумкин нест. Дар ин ҷо дар бораи истилоҳҳои «мазҳаб», «муҷтаҳид» маълумот медиҳем, то ин ки ин масъалаҳо ба хонандагони гиромӣ фаҳмо бошад.

        Калимаи «мазҳаб» дар луғатҳо ба маънои роҳ зикр шудааст. Агар одӣ карда гӯем, мазҳаб чаҳорчӯба ва роҳи муайян аст. Дар истилоҳи илми ҳуқуқ бошад, мазҳаб маънои мактаби ҳуқуқӣ ва ё мактаби фиқҳиро дорад. Дар таърихи Ислом равия, фирқа ва таълимоти гуногун арзи ҳастӣ кардаанду бо сабабҳои мухталиф аз байн рафтаанд, лекин мазҳабҳои чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоат чандин садсолаҳо пойбарҷо ҳастанд ва пайравони зиёде доранд.

         Дар замони Расули акрам, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ба ягон мазҳабе эҳтиёҷе набуд. Чунки ҳар масъалае, ки ба вуҷуд омад, худи Паёмбар, алайҳиссалом, дар асоси Қуръон ва ҳадис онро шарҳу баррасӣ менамуданд. Баъди замони Паёмбар (с), ки дини Ислом дар Шому Мисру Африқо, Мовароуннаҳру Хуросон доман паҳн намуд, эҳтиёҷ ба мазҳаб пайдо шуд.

          Дар асри нахустини Ислом дар шаҳрҳои Басра, Кӯфа, Мадина ва Макка бино бар гуфти муаррихон мазҳабҳои зиёд, яъне равияҳои фиқҳӣ ба вуҷуд омада буданд, лекин таълимоти онҳо мукаммал набуд. Аз ҳамин сабаб он таълимоти фиқҳии мазҳабҳои нахустин аз байн рафтанд. Чунончи, Ҳасани Басрӣ ва ё худ муаррих ва муфассири бузурги Ислом Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ низ дар ибтидо мазҳаб, яъне равияи фиқҳии худро созмон дода буданд, аммо бино бар номукаммал будани таълимоташон ин мазҳабҳо аз байн рафтанд. Сабаби дигари рӯ ба нестӣ ниҳодани мазҳабҳои нахустини асри Ислом аз ҷониби шогирдону пайравони асосгузоронашон такмил наёфтани таълимоти фиқҳии муассисонаш буданд. Дар ин асрҳо мазҳаб танҳо ба маънои равия ва ё мактаби фиқҳӣ фаҳмида мешуд.

         Дертар баъд аз он ки илми фиқҳ рушд мекунад, таҳти истилоҳи мазҳаб чаҳор равияи аҳли суннат ва ҷамоат эътироф шуданд, ки ин мазҳабҳо дар истилоҳи шаръӣ бо номи мазҳабҳои чаҳоргона низ ёд мешаванд. Имрӯз мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоат дар тамоми олам амал мекунанд. Аз инҳо аз ҳама бисёртар мазҳаби Имоми Аъзам пайравони зиёде дорад.

          Баъди фавти Расули акрам, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, истинботи масъала рӯйи кор меояд. Масоиле арзи вуҷуд карданд, ки бояд онро касе ҳал менамуд ва ё шарҳу тафсир мекард. Дар ҳар мавзеъ вобаста ба шароиту иқлим ва дигар омилҳо фатвоҳои гуногун арзи вуҷуд намуданд. Тавре ки дар боло гуфтем, дини мубини Ислом дар давраи ҷаноби Пайғамбар, алайҳиссалом, фақат дар Ҳиҷоз, як қисми Шом, Яман ва Миср буд. Мардуми он маконҳо, ки урфу одати эшон ба ҳамдигар хеле наздик буданд, асосан пайрави як роҳ буданд. Бо мурури замон ва гузашти айём аҳкому аркони дини мубини Ислом интишор ёфт, паҳн гашт. Вақте аҳкоми дини мубини Ислом ба мамолики Африқо, Осиёи Шарқӣ, Индонезия, Малайзия ва аз Осиёи Марказӣ то ба Сибиру Қафқоз доман паҳн намуд, ҳар як ҳалқу миллат урфу одат ва русуми худро дошт ва он гоҳ истинботи масъала ба вуҷуд омад. Албатта, нуқтаи назари онҳо нисбати аҳкоми дин хоҳу нохоҳ аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

          Барои додани фатво ва ё хулосаи лозимаи фиқҳӣ дониши мукаммали динӣ ва дунявӣ лозим аст. Ҳеҷ кас бо дониши нокифоя ва ё ба таври тахминӣ ба фатво додан ҳуқуқ надорад. Фатво гуфта, хулосаи фиқҳиро мегӯянд, он ҷавоб ба ягон масълаи пайдошуда мебошад.

           Шариати Ислом як масъаларо аз паҳлӯҳои гуногунаш меомӯзад ва онро ба таври дақиқ наомӯхта фатво баровардан дуруст нест. Дар шариати Ислом мардум ба се даста тақсим карда мешаванд, ки як гурӯҳро муҷтаҳид, гурӯҳи дигарро фақеҳ ва гурӯҳи сеюмро муқаллид мегӯянд. Муҷтаҳид он нафаре аст, ки бо далелу ҳуҷҷат ба фатво баровардан ҳуқуқ дорад. Дар ин ҷо дар бораи муҷтаҳид сухан мекунем. Муҷтаҳид кист? Муҷтаҳид олиме аст, ки барои баровардани фатво ва ҳукмҳо дастболо шудааст. Барои ба дараҷаи муҷтаҳидӣ расидан чандин илмро аз бар кардан лозим аст. Муҷтаҳид будан шартҳои зиёде дорад ва аз муҷтаҳид донистани илмҳои зарурӣ лозим мебошад, ки инҳоянд:

  1. Донистани тамоми оятҳои Қуръон, ки ба илми фиқҳ марбут ҳастанд. Ҳамчунин донистани сабаби нузули онҳо низ шарт мебошад. Ғайр аз донистани ин оятҳо боз талаб карда мешавад, ки онҳоро   аз ёд карда       бошад.
  2.  Ҳамаи ҳадисҳоеро, ки вобаста ба фиқҳ ҳастанд, аз бар карда бошад.
  3. Ҳамаи масъалаҳое, ки бо роҳи иҷмоъ, яъне бо машварати олимони зиёд бароварда шудаанд, хуб донад, то ки ба баровардани фатво ба хато роҳ надиҳанд.
  4. Қиёс ва тарзу қоидаҳои онро донад. Ҳамаи масъалаҳои марбут ба қиёс карданро фаҳмад.
  5. Ҳақ ва ё ноҳақ, дуруст ва ё нодуруст будани иснодашро фаҳмад.
  6. Забони арабӣ ва сарфу наҳв ва дигар қоидаҳои грамматикии ин забонро донад. Бо ин забон озодона такаллум кунад. Албатта, забони арабӣ забони Қуръон аст ва бе донистани ин забон ва хусусиятҳои он баровардани ҳеҷ гуна фатво дуруст нест. Чунки забони арабӣ хусусиятҳои худро дорад. Як калима дорои маъниҳои зиёд аст ва дар лаҳзаи лозима бо маънои даркорӣ шарҳ додани калимаҳои арабӣ ҳукми зарурӣ мебошад.
  7. Донистани оятҳо ва ҳадисҳои носиху мансух. Дар Қуръон оятҳое ҳастанд, ки ҳукми онҳо бо ояти дигар бекор карда шудаанд. Ҳамчунин ҳадисҳое мавҷуданд, ки як замон Пайғамбари Ислом (с) амал кардан бо онро фармуда буданд, вале баъди гузашти чанд муддат онро манъ карданд. Муҷтаҳид бе донистани масъалаҳои носиху мансух наметавонад, ки ҳукм ва фатвои дуруст барорад.
  8. Исноди ҳадисҳоро худ донад, ҳадиси саҳеҳ ва заифро шиносад. Барои ин силсилаи ровиёни ҳадисро омӯхтан ва аз бар кардан лозим мебошад.
  9. Асосҳо ва маҳаки асосии шариатро хуб донад, ки ба каҷравӣ роҳ наёбад.
  10. Андешаи солим дошта ва парҳезгор бошад. Танҳо дар он вакт Худованди азза ва ҷалла дари илму ҳикматро ба ӯ боз мекунад ва барои ҳалли масъала ба хулосаи лозима омада мерасад.

Ғайр аз ин аз муҷтаҳид тақво, ростқавлӣ, хирадмандӣ ва заковат талаб карда мешавад. Албатта, барои аз худ кардани илмҳо ва донишҳои дар боло зикршуда заҳмати бисёр кашидан лозим аст. Мартабаи муҷтаҳидӣ ба осонӣ ба даст намеояд. Муҷтаҳидон кистанд? Тамоми саҳобагони Пайғамбар (с)-ро, ки оид ба масъалаҳои фиқҳӣ фатво баровардаанд, муҷтаҳид номидан мумкин аст. Чунки тавассути асҳоби Расулуллоҳ (с) масъалаҳои марбут ба фиқҳ ба тамоми гӯшаю канори олам паҳн гардидаанд. Дар як ҳадиси худ ҳазрати Расулуллоҳ (с) гуфтаанд, ки «Асҳобӣ кан-нуҷуми биаййиҳим иқтадайтум иҳтадайтум», яъне асҳоби ман ба чун ситорагонанд, ба ҳар кадоме аз онон пайравӣ кунед, раҳгум намезанед.

           Аз нимаи дуюми асри VIII мелодӣ имомони мазҳабҳои чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоатро ҳам бо унвони муҷтаҳид ёд мекунанд. Дар боло гуфтем, ки дар шариати Ислом барои расидан ба мартабаи муҷтаҳидӣ аз бар кардани илмҳои зиёде шарту зарур мебошад. Муҷтаҳидон ҳам бо илм ва дониши худ мақому мартабаи хосро дороянд. Ба қавли дигар муҷтаҳидон ба се гурўҳ тақсим мешаванд, муҷтаҳиди мутлақ, муҷтаҳиди мазҳаб ва муҷтаҳиди як масъала.

            Муҷтаҳиди мутлақ нафаре аст, ки барои баровардани фатво ба фатовои дигар олимон муҳтоҷ несту худаш бо иҷтиҳодаш фатво баровардааст. То ҳол дар тамоми рӯи олам ғайр аз чор имоми мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат касе ба дараҷаи муҷтаҳиди мутлақ нарасидааст. Имоми Аъзам нахустин муҷтаҳиди мутлақ дар таъриҳи фиқҳ ва улуми исломӣ буданд.

           Муҷтаҳиди мазҳаб нафаре аст, ки дар асоси мазҳабе, ки пайравӣ мекунад, иҷтиҳод карда истинботи масъала мекунад. Масалан, шогирдони Имоми Аъзам Абӯюсуфи Қозӣ, Муҳаммади Шайбонӣ дар чаҳорчӯбаи мазҳаби Имом Абӯҳанифа иҷтиҳод карда, масъалаҳоро шарҳу тавзеҳ додаанд. Инчунин дар мазҳаби шофеӣ Нававӣ ва Суютӣ, дар мазҳаби моликӣ Ибни Арабӣ ва дар мазҳаби ҳанбалӣ Ибни Қудома иҷтиҳод кардаанд.

           Дар «Чаҳор китоб», ки китоби ибтидоии омӯзиши дини Ислом дар байни мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, дар ин маврид маснавие мавҷуд аст:

Он имомоне, ки карданд иҷтиҳод,

Раҳмати ҳақ бар равони ҷумла бод.

Бӯҳанифа буд имоми босафо,

Он сироҷи умматони Мустафо.

Бод фазли Ҳақ қарини ҷони ӯ,

Шод бод арвоҳи шогирдони ӯ.

Соҳибаш Бӯюсуфи Қозӣ шуда,

В-аз Муҳаммад Зулминан розӣ шуда.

Шофеӣ Идрис, Молик бо Зуфар,

Ёфт з-эшон дини Аҳмад зебу фар.

Рӯҳашон дар садри ҷаннат шод бод,

Қасри дин аз илмашон обод бод.

           Дараҷаи дигари муҷтаҳид муҷтаҳиди як масъала аст. Ин муҷтаҳид танҳо оид ба як масъала иҷтиҳод мекунад. Масалан, нафаре танҳо оид ба иқтисодиёти исломӣ таҳқиқ ва баррасии масъала мекунад ва тамоми фатоворо меомӯзаду ҳулосаи худро мебарорад ва ё ин ки оид ба масъалаҳои талоқ, оиладорӣ ва амсоли инҳо иҷтиҳод карда фатво мебарорад. Чунон ки дар боло гуфтем, барои ин муҷтаҳид ҳам дар ин маврид фаро гирифтани илмҳои зикршуда лозим аст. Муҷтаҳиди як масъала оид ба як масъала сухан кунад, муҷтаҳиди мутлақ ба тамоми масъалаҳои пайдошуда ба фатво баровардан ҳуқуқ дорад.

            Гурўҳи дигари одамон тибқи ин тақсимот фақеҳон ҳастанд. Фақеҳон нафароне мебошанд, ки нисбати ин ё он масъалаҳои фиқҳӣ маълумоти лозимаро дар доираи мазҳаби пайравимекардаашон доранд. Онҳо инчунин ҷавоби як масъалаи фиқҳиро аз нуқтаи назари мазҳабҳои дигар медонанд. Яъне ин тоифа олимоне ҳастанд, ки масъалаҳоро медонанд ва мутобиқи ҷавобҳое, ки муҷтаҳидон додаанд, ба масъалаҳо посух мегӯяд. Фақеҳ он нафаре аст, ки илми фиқҳро аз рӯи гуфта ва навиштаҳои муҷтаҳидон медонад. Дар ҳаққи фақеҳон ҷаноби Расулуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, гуфтаанд: “Парвардигор ба касе некӣ хоҳад, ӯро фақеҳ мегардонад”. Дар замони муосири мо аксарияти хатмкардаҳои мадрасаҳои исломии ватанию хориҷӣ танҳо ба мартабаи фақеҳ расиданашон мумкин аст. Фақеҳ дар луғат ба маънои донандаи илми фиқҳ шарҳ ёфтааст. Шакли ҷамъаш бошад, фуқаҳо мешавад.

             Гурӯҳи дигари одамон тибқи ин тақсимоти шаръӣ оммӣ ва ё муқаллид мебошад. Ҳар инсон дар ибодат кардан бояд, ки ба яке аз чаҳор нафар имомони аҳли суннат ва ҷамоат пайравӣ кунад. Мардуми тоҷик ва умуман сокинони Осиёи Марказӣ аз замонҳои кадим пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошанд.

Олимони дини мубини Ислом, ба хусус фақеҳон қайд кардаанд, ки қисми зиёди мусулмонони рӯи олам пайрав ва муқаллиди Имом Абӯҳанифа ҳастанд. Чунончи, Ҳофиз ибни Асири Ҷазарӣ дар ин бора навиштааст: «Дар ин ки беш аз нисфи уммати исломӣ аз дер боз то кунун ба равиши Имоми Аъзам Худоро парастиш мекунанд, розе илоҳӣ нуҳуфтааст». Олимон гуфтаанд, ки ҳар муқаллид набояд, коҳил бошад. Дар намозгузорӣ ва ё дигар ибодат пайравӣ кардани ин ё он имоми мазҳабҳо дуруст аст, аммо дар баробари ин муқаллидҳо фориғбол буданашон лозим нест. Фарз кардем, ки мардуми мо пайрави мазҳаби Имоми Аъзам ҳастанд. Ҳар муқаллид ақаллан кӯшиш кунад, ки сабаби фатво додани ин ё он масъаларо фаҳмад. Масалан, муқаллиди мазҳаби ҳанафӣ бояд далели шаръии паст гуфтани оминро дар намоз ва дигар масъалаҳои ибодатро донад. Ин чиз ба хотири он аст, ки муқаллид танҳо ба тақлид иктифо накарда, зирак бошад ва илми динро омӯзад. Хушбахтона, бо шарофати истиқлолияти кишвар имрӯзҳо чандин китобҳои фиқҳӣ бо хатти ниёгон ва бо хатти кириллӣ дастраси мардум гаштааст, ки онҳоро ҳондану тибқи онҳо амал кардан боиси саодатмандии ин дунё ва охират хоҳад шуд.

            Муҷтаҳидони дини мубини Ислом, имомони мазҳабҳои чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоат дар мустаҳкам гаштани бинои дин ва ба ҷой овардани тоату ибодати Парвардигор дар асоси Қуръону аҳодиси Пайғамбар (с) мазҳабҳои худро созмон доданд ва аз дигар унсурҳои фиқҳ ба мисоли иҷмоъу қиёс ва истеҳсон ва амсоли инҳо истифода бурданд. Дар дини мубини Ислом равияю мазҳабҳо хеле зиёданд. Аҳли суннат ваҷамоат бошанд, дар навбати худ ба чор мазҳаб ҷудо мешаванд, ки бо номҳои ҳанафӣ, шофеӣ, моликӣ ва ҳанбалӣ ёд карда мешаванд. Ҳамзамон бояд дар ёд дошта бошем, ки соҳибони ин чор мазҳаб аз пеши худ ҳечиз нагуфтаанд, ҳама пешниҳоди онҳо дар асоси гуфтаҳои Аллоҳ таъоло ва Расулаш Ҳазрати Пайғамбар (с) мебошад.

          Ин ҷо боз як чизи дигареро ҳам ёд кардан мумкин аст, ки дари иҷтиҳод баста нашудааст ва олимони уммати ислом ба масъалаҳои нав пайдошуда бо иҷтиҳодашон дар такя ба Қуръону аҳодиси Пайгамбар (с) хулосаи лозимиро мебароранд. Масалан, дар замони мо, ки асри фатҳи кайҳон аст, масъалаҳои марбут ба кайҳон баромаданаш мумкин аст. Масалан, саволе пайдо шудаиаш мумкин аст, ки касе ба сатҳи Моҳ баромад, намозашро ба кадом самт нигоҳ карда меҳонад, дар моҳ Каъба нест, охир? Ба ин саволҳои пайдошуда олимон посух хоҳанд гуфт.

           Аммо дар ҷомеаи мо чунон ки мебинем, пайравӣ аз тарзу усули намозгузории мазҳабҳои дигар ба мисоли мазҳаби шофеӣ ва ҳанбалӣ ба назар мерасад. Касе, ки донишгоҳи Миср ва ё Арабистони Саудиро хатм карда омадааст, даъват мекунад, ки ба ҳамон тарзе ки дар ин кишварҳо намозхонӣ роиҷ аст, мардум намоз хонанд, ки амали онҳо боиси сар задани ихтилоф дар ҷомеа мешавад. Масъалаҳои намозгузорӣ ва дигар масъалаҳои умури динии мо дар мазҳаби Имоми Аъзам ҳалли худро пайдо кардааст. Олимони бузурги дин дар марказҳои бузургтарини тамаддуни исломӣ дар Бухоро, Самарқанд, Хоразм, Нишопур, Акбаробод, Истамбул, Исломобод ва гайра барои ҳар масъала мутобиқи масъалаҳои фиқҳи ҳанафӣ фатвои заруриро баровардаанд. Китобҳои бузургтарини фиқҳиро навиштаанд. Ҳатто пайравони мазҳабҳои дигар масъалаҳои фаровонро аз мазҳаби ҳанафӣ гирифта истифода мебаранд.

Дар Тоҷикистони мо касе то ба дараҷаи муҷтаҳид нарасидааст ва ҳар ходими дин аз фақеҳи муқаллид дараҷаи олитаре надорад. Онҳое, ки кишварҳои хориҷиро хатм карда омадаанд, онҳо низ муҷтаҳид нестанд, ки фатво бароварда ин корро дуруст ва он корро нодуруст эълон кунанд. Мушкилтарин кор барои олим додани фатво аст, чунки бо як фатвои ғалат мардум гумроҳ мешаванд. Перомуни як масъала чандин китобро хонда, баъд фатво дода мешавад. Ин тавр намешавад, ки дар умури ибодат касе якбора ба чанд мазҳаб амал кунад. Ин ҳам роҳгумзанӣ мешавад. Албатта масъалаҳои чанд мазҳабро якҷо ҷамъ кардан мумкин нест.

          Дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказию як қисми Россия асрҳои аср мазҳаби ҳанафӣ ва роҳу равиши Имоми Аъзам мавриди истифода буд. Мазҳаби ҳанафӣ халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон туркҳо, тоҷикон, пашту, ӯзбек, қирғиз, қазоқ, туркман, покистонӣ ва ғайраро ба ҳам муттаҳид карда омад. Робитаҳои илмию аҳлоқӣ ва мазҳабӣ байни ин миллатҳо мустаҳкам буд. Дар замони мо бошад, пайравии мазҳаби таҳаммулгаро ва таҳаммулпазири Имоми Аъзам метавонад, ки ваҳдати эътиқодиро таъмин намояд.

           Бемазҳабӣ гумроҳӣ ва роҳи сарбаста аст. Тартибу низом дар ибодат ба шарофати мазҳаб зебо аст. Аз даргоҳи Ӯ таоло умед мекунам, ки устувории амнияти кунунӣ ва эътиқоди сареҳи моро пойдор ва муаббад гардонад. Омин ё Раббал-оламин.

Ҳомидов Абдулвоҳид

Мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломӣ

Омузгори калони ДИТ

Время намаза в Душанбе

29.03.2024

Подробнее
Фаджр04:43
Зухр12:40
Аср16:56
Магриб18:55
Иша20:25
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее