Главная Статьи ФАЗИЛАТИ САДАҚА ВА ЭҲСОН ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

ФАЗИЛАТИ САДАҚА ВА ЭҲСОН ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

ФАЗИЛАТИ САДАҚА ВА ЭҲСОН ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
2022-04-05
1915

Ҳамду сано Худованди якторо, дуруду салом ва баракоти бепоён ба Паёмбари акрам (с) ва хонадону ёронаш бод.

Садақа ва эҳсон ба маънои бахшиш ва атои неъмат ба дигарон аст. Ҳар амале, ки боиси тараққӣ ва боло рафтани мақому шаъни инсон бошаду нафси инсонро тазкия кунад ва ўро ба Парвардигораш наздик намояд, садақа ва эҳсон аст. Қуръони карим, ки китоби руҳӣ ва ахлоқӣ мебошад, хусусияти некўкоронро шарҳ медиҳад ва гурўҳҳоеро, ки ба некӣ ва эҳсон кардан таваҷҷуҳи бештар доранд, мушаххас менамояд ва онҳоро намунаи комили инсонӣ дар ҷомеа медонад.

Худованд дар баробари неъматҳое, ки ба мо ато намудааст масъулиятҳоеро ҳам бар дўши мо ниҳодааст ва мусулмони ҳақиқӣ касе аст, ки масъулиятҳои муайяннамудаи Парвардигорро иҷро намояд. Маълум аст, ки ҳар неъмате ба таври худаш масъулият дорад ва неъмати сарватмандию дороӣ низ масъулияти хоси худро дорад. Масъулияти як шахси сарватманд пардохт намудани он уҳдадориҳои пулию молие аст, ки дар шариат муқаррар гардидааст ва ҳамчунин таваҷҷуҳ доштан ба аҳволи атрофиёни худ аст, ки нисбатан фақиру эҳтиёҷманд ҳастанд. Умуман масъулияти сарвату сармоя иборат аз садақа додан ва дасти ниёзмандонро гирифтан аст.

Қуръони карим эълом медорад, ки садақа ва эҳсон бояд ба сурати як воҷиби фитрӣ ва табиии инсон дарояд. Чи тавре ки Худованд неъмати худро ба инсон арзонӣ мебахшад, ба инсони низ лозим аст аз неъмати худододӣ ба дигарон некӣ ва эҳсон намояд. Дар сураи «Қасас» ояти 77 омадааст:

 «…Ва некўӣ кун – чунон ки Худо бар ту некўӣ кардааст ва дар замин фасод маҷў: ба дурустӣ ки Худо фасодкунандагонро дўст намедорад».

     Дар сураи «Исро» ояти 7 низ омадааст:

     «..Агар некўкорӣ кунед, барои ҷони хеш некўкорӣ карда бошед ва агар бадкорӣ кунед, пас (он бадӣ) ба ҷони шумо аст».

Дини мубини Ислом мақому манзилати садақа ва эҳсонро бисёр бардошта ва онро бо ихлоси Худованд ҳамроҳ сохтааст ва фармуда, ки ихлосу эҳсон беҳтарин зеваре аст, ки бандаи муъмин худро бо он ороста менамояд. Худованд осору натоиҷи ҳосилгашта аз некўкорӣ ва эҳсонро дар ояти 22–уми сураи «Луқмон»  баён мекунад ва мефармояд:

«Ва ҳар ки рўи худро ба суӣ Худо бигардонад ва вай некўкор бошад, пас, ҳамоно ба дастовезе устувор даст задааст. Ва бозгашти корҳо ба сўи Худо аст».

Худованди бузург мардумро ба садақа ва накўкорӣ ташвиқу тарғиб карда, дар ояти 160 сураи «Анъом» мефармояд:  «Ҳар ки некие оварад, ўро даҳчанд подош аст». Яъне касе, ки кори хубу некеро холисан анҷом диҳад, Парвардигор ба ивази ҳамон кори некаш ўро даҳчанд яъне даҳ баробар зиёдтар подош медиҳад, ки ин ҳама аз рўи меҳрубонӣ ва ғамхории Ў нисбати бандагони хайрхоҳу некаш мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки анҷом додани хайру эҳсону садақа дар моҳи шарифи Рамазон фазилати бисёр зиёде дорад. Чунки моҳи Рамазон мавсими некиҳо ва анҷом додани корҳои хайр аст. Ҳар садақае дар ин моҳи шариф савоби дучанд дорад. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) дар моҳи Рамазон аз ҳар вақти дигар бахшандатар буд. Ҳангоме ки Ҷабраил (а) бо ў дидор менамуд ва Қуръонро бо вай такрор мекард, аз боде, ки мевазад, дар бахшиши мол саховатмандтар буд.

         Саховат яке аз хислатҳои хуби инсон ба шумор меравад. Чунин сифатҳои ахлоқӣ ба ҳар як шахс тааллуқ дорад, чунки инсон худ табиатан нек аст ва ў кўшиш мекунад, ки ба эҳтиёҷманде мадад расонад. Лекин саховат бояд ба мақсади нек нигаронида шуда бошад. Дар акси ҳол саховат маънии худро гум мекунад.

Моҳи шарифи Рамазон моҳи дастгирӣ ва мувосот аст. Моҳест, ки дар ризқи бандаи мӯъмин афзоиш ва баракат ба вуҷуд меояд. Касе рўзадореро ифтор диҳад, он боиси мағфирати гуноҳон ва сабаби озодии ӯ аз оташи дӯзах мегардад ва баробари он рӯзадор ба ӯ низ аҷр дода мешавад (бе он ки аз савоби он рӯзадор чизе кам шавад). Гуфтанд: «Эй Расули Худо (с), на ҳамаи мо имкони ифтордиҳӣ дорем. Он Ҳазрат (с) фармуданд: «Худованд барои касе, ки рӯзадореро бо хурмо ё бо ҷуръаи об ва ё шир ифтор диҳад, ин савобро ато мекунад». Ҳар фарди мусулмон бо шавқу рағбати беандоза омадани Рамазонро интизор мекашад ва барои он омода мешавад, зеро дуоҳои бандагон дар ин моҳ мустаҷоб буда, савоби ҳар амале ҳафсад дараҷа ва аз он зиёдтар аст. Чунончи Ҳазрати Пайғамбар (с) дар ҳадиси қудсӣ фармудаанд. "Ҳар амали неке, ки фарзанди Одам анҷом медиҳад, аз даҳ некӣ то ҳафсад баробар зиёд карда мешавад, ба ҷуз рўза, зеро рўза барои Ман аст ва подоши онро Ман худ медиҳам, чунки рӯзадор шаҳвату таомашро аз барои Ман тарк намудааст".

Худованд мўъминонро дар бисёр оятҳои қуръонӣ барои кори нек ва хайру саховат намудан ба ятимону бечорагон амр менамояд.

Дар сураи «Бақара», ояти 215 мефармояд:

«Мепурсанд туро (эй Муҳаммад (с)) аз кадом навъ мол эҳсону харҷ кунанд. Бигў он молеро харҷ кардед, пас (даставвал) ба модару падар, хешовандон, ятимону дарвешон ва мусофиронро ва он чиро хайру эҳсон кунед, Худо ба он доност».

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҳама давру замону макон чунин табақаҳои камбизоат - ятимону барҷомондагон, фақирону заъифон ва муҳтоҷон вуҷуд доранд. Дини Ислом ҳамеша инсонро барои накўкорӣ ва дастгирӣ намудани чунин ашхос амр менамояд, то ин ки дар ҳарду дунё хушбахт гардад. Чунонки Худованд дар оятҳои зайл мефармояд:

«Дар некўкорӣ ва тақво бо ҳамдигар ҳамкорӣ кунед» ( Сураи «Моида», ояти 2).

«Ва хайре нест дар бисёре аз машваратҳои пинҳонии онҳо, аммо хубӣ дар машварати касест, ки ба садақа кардан ё ба кори писандида ва ё ба ислоҳ байни мардумон амр намояд» (Сураи «Нисо», ояти 114).

«Ҳаргиз ба некӣ намерасед, то аз он чи ки дўст медоред (дар роҳи Худо) инфоқ кунед» (Сураи «Оли Имрон», ояти 92).

Чи тавре ки аз мафҳуми ин оятҳо бармеояд, Худованд инсонро барои кўмак, хайру саховат ва эҳсон кардан ба шахсони эҳтиёҷманд амр менамояд. Мусаллам аст, ки ҳама намуд ибодатҳо барои дарёфтани ризои Худованд буда, бо умеди бандагӣ, аҷру савоб иҷро мешаванд. Дини мубини Ислом ҳеҷ гоҳ барои инсон амреро фарз ва ё воҷиб намегардонад, ки ў аз уҳдаи иҷрои он набарояд. Чи тавре ки Худованд дар сураи “Бақара”, ояти 286 мефармояд:

         «Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноиаш воҷиб намекунад; он чи амал кард, аз они ў аст ва он чи гуноҳ кард, бар вай аст».

Дасти кумак дароз намудан ба ятиму мардуми камбизоату муҳтоҷ яке аз амалҳои солеҳ ва савоб ба шумор меравад. Дар ҳадиси шариф омадааст: «Ҳар касе машаққатеро аз бародараш осон намояд, Худованд машаққатҳои рўзи Қиёматро аз ў осон менамояд. Худованд  дар  кўмаку  мадади  бандааш аст,  модоме  ки  банда дар кўмаку  ёрии  бародараш бошад». (Ривояти  Муслим).

Ҳар шахси мусалмони доро ва сарватманд бояд тибқи фармудаи Худованд ва  Расулаш амал намуда, барои дастгирӣ намудан аз ятимону бенавоён ва бечорагон кўшиш кунад ва вазифаи бандагии хешро адо намояд. Ба қавли Шайх Саъдӣ:

Карам кун, ки фардо, ки девон ниҳанд,

Манозил ба миқдори эҳсон ниҳанд.

Кўмаку  ёрӣ  расонидан  ба  муҳтоҷон  ва  бенавоён дар назди  Аллоҳ таъоло кори  писандида ва сабаби маҳв шудани гуноҳони соҳиби хайр аст. Каъб ибни Уҷра (р) ривоят мекунад, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Садақа гуноҳро нест мекунад, ҳамон тавре ки об оташро нест мекунад». (Ривояти Тирмизӣ).

Мо ҳамагон медонем, ки яке аз навъҳои эҳсон ва кори нек анҷом додан, ин дастгирӣ намудани ятимон, бенавоён, фақирон ва бечорагон мебошад, ки онро дини мубини Ислом тарғибу ташвиқ менамоянд ва фоъили онро дар ин дунё ва дар охират аз ҷумлаи растагорон меҳисобанд. Паёмбар (с) дар ин бора гуфтаанд: «Ман ва он касе, ки ятимеро ба кафолат мегирад, фардо рўзи қиёмат ҳамроҳии ман якҷоя мебошад», дар ҳоле ки бо ду ангушташ ишора менамуданд.

Худованд ба нафарони доро ва сарватманд тавфиқ диҳад, ки муҳаббати мардум ва хайрхоҳӣ нисбат ба онҳоро дар дил дошта ва тавони гиреҳкушоӣ аз кори онҳоро ато намояд. Чунки меҳру муҳаббат ба мардум ва боз кардани гиреҳ аз кори бастаи онҳо савоби беандоза дорад.

Садҳо фаришта бўса ба он даст мезанад,

К - аз кори халқ як гиреҳи баста во кунад.

Дар айни ҳоле ки садақа коре аст барои осоиши ҳамаи мардум ва барои ободии ҷомеа аст, аммо агар дуруст бингарем, барои бисёриҳо сабаби наҷот аст. Зеро ниёзҳои мардум ва ҷомеа барои сарватмандони саховатманд, ки тавони бартараф намудани ин камбудиҳову ниёзҳоро доранд фурсати бисёр хубе аст то ҳам дунё ва ҳам охирати худро обод кунанд ва наҷоту оқибати некўи охиратро ба даст оваранд.

Масъалаи ин ки садақа чӣ фоидаҳои иҷтимоие ҳам барои фақирон ва ҳам барои худи садақадиҳанда дорад, масъалаи густардае аст, ки бояд ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир намоем. Дар ин ҷо фақат ба ҳамин нукта ишора мекунем, ки садақа додан дар ҳақиқат амнияти ҷомеа ва алалхусус амнияти сарватмандонро ҳифз менамояд. Яъне мардуми камбизоат бо дидани хайроти сарватмандон ва дилсўзию ғамхории онҳо ба қишрҳои камбағал, нисбати онҳо некбин ва хайрхоҳу дуогў мешаванд. Ин омил боис мегардад норизоиҳое, ки дар ҷомеа ба хотири вазъи номуносиби камбағалон падид меёянд, пешгирӣ шаванд.

Дар ин ҳадиси шарифе, ки Товус (р) ривоят кардааст, самараи садақа ва эҳсон ба хубӣ возеҳ мегардад:

Шахсе ба худ назр кард, ки субҳ, нахустин касеро, ки мебинад, ба ӯ садақа хоҳад дод. Чун субҳ шуд, бо зане рӯ ба рӯ шуду ба ӯ маблағе ато кард. Мардум гуфтанд, ки он зан фоҳиша аст. Баъдан ба марде рӯ ба рӯ шуда ба ӯ садақа дод. Чанд нафар гуфтанд, ки ин мард бадтарин шахс мебошад. Рӯзи сеюм низ он шахси хайрхоҳ бо аввалин касе, ки рӯ ба рӯ омад, садақа дод. Маълум шуд, ки ин шахси садақагирифта сарватманд будааст. Садақадиҳанда хеле озурдахотир шуд. Дар хоб дид, ки Худованди Мутаъол ҳар се садақаашро қабул кардааст. Он зани фоҳиша ба сабаби нодорӣ ба амали зишти танфурӯшӣ даст зада буд. Вақте садақаро гирифт, ин кори бадро тарк намуд. Шахси дуюм дузд буду бо сабаби тангдастӣ дуздӣ мекард. Аз баракати садақаи он марди хайрхоҳ аз дуздӣ тавба намуд. Шахси сеюм сарватманд буду ҳеҷ гоҳ садақа намекард. Ӯ аз садақа додани он марди сахӣ ибрат гирифта эҳсонкориро пеша намуд.

Аз мазмуни ҳадиси мазкур бармеояд, ки Худованд амали некӯкоронро зоеъ намегардонад. Вазифаи инсон ин аст, ки нияти худашро холис гардонад. Ҳамчунин аз ин ҳадис бузургии шахси садақадиҳанда низ зоҳир мешавад.

Умедворем, ки бародарони сарватманд ва доро тибқи фармудаи Худо ва Расулаш амал намуда баҳри оромӣ, амният ва пешравии Ватани азизамон саҳми худро мегузоранд ва барои дастгирӣ намудани ятимону эҳтиёҷмандон ва табақаи камбизоати ҷомеа камари ҳиммат мебанданд ва дар корҳои нек пешсафу пешқадам мебошанд. Шайх Фаридуддини Аттор дар ин маврид басо зебо фармудааст:

Ҳақ таъоло бар дари ҷаннат навишт:

«Ҷои мардуми сахӣ бошад биҳишт».

Сангалиев Маҳмуд

Сармутахассиси Раёсати фатвои

Маркази исломӣ

Время намаза в Душанбе

29.03.2024

Подробнее
Фаджр04:43
Зухр12:40
Аср16:56
Магриб18:55
Иша20:25
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее