Главная Статьи АҚИДАҲОИ АХЛОҚИИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ

АҚИДАҲОИ АХЛОҚИИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ

АҚИДАҲОИ АХЛОҚИИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ
2022-07-15
958

Ба номи он ки ҳастӣ ном аз Ў ёфт,

Фалак ҷунбиш, замин ором аз Ў ёфт.

         Дини мубини Ислом  таълимоти ахлоқии динҳои дигари самовиро на танҳо идома ва такмил додааст, балки кўшиш намудааст, ки дар амал дар ҳаёти инсон ва ҷомеа татбиқ намояд. Таълимоти дини мубини Ислом саршор аз ақоиди ахлоқи хуҷаста, муҳаббату накукорӣ, эҳтирому ғамхорӣ нисбат ба инсон ва муъминон мебошад. Мартабаи эҳтирому инсондўстиро ба муқаддасоти динӣ пайвастааст. Эҳтиром дар Ислом қабл аз ҳама аз эҳтироми волидайн, уҳдадории онҳо дар тарбияи фарзанд оғоз мешавад ва бо эҳтироми мусофиру бенавоён, мардуми ғайри мусулмон тавсия меёбад.

          Эҳтироми падару модар ба дараҷаи аъло расидааст. ҳадиси муқаддас аст, ки биҳишт зери пои модарон аст. ҳатто ривоят аст, ки ҷавоне мехост ба ҷиҳод равад ва ба ҳазрати Пайғамбар (с) муроҷиат мекунад. ҳазрати Пайғамбар (с) пурсон мешавад, ки аз падару модар иҷозат пурсидаӣ? Ҷавон ҷавоб медиҳад, ки не. Пас, ҳазрати Пайғамбар дастур медиҳад, ки рав, хизмати падару модарро адо кун, ки он аз ҷиҳод авлотар аст. Падару модар низ масъулияте дар назди фарзанд доранд, ки ба ҷуз ба воя расондан, муҳимтаринаш илм омўхтан ба фарзанд аст.

           ғояҳои баланди ахлоқӣ дар илму адаби ҷаҳони Ислом мавҷуданд. Онҳо пойдевори мустаҳками ахлоқ, фарҳангу адаби исломиро ташкил додаанд. Гуманизми баланд, ахлоқи поку накусиришт, манбаи илҳоми адибон ва уламои ҷаҳони ислом мебошанд. Ислом мардумро ба ҳамкорӣ, муҳаббат ба якдигар, бародарӣ даъват мекунад. Муъмин бародари муъмин аст. Ин даъвати бузурги ахлоқист, ки қуръони азимушшаън пешниҳод мекунад. Ислом талаб мекунад, ки ҳар мусулмон аз рўи инсофу адолат амал намояд. Шахси боинсоф муродифи шахси обид аст. Бинои олам бар пояи адл мебошад.

           Адл яке аз сифатҳои Худост. Дар қуръони карим борҳо таъкид шудааст, ки бо адлу инсоф бошед. Худо ба адолат амр мекунад. Адл муҳимтарин хислати ҷомеаи исломист. Дурўғгўию фиребгарӣ аз қабеҳтарин хислати инсони шумурда, шахсони дуруғгўю қаллобро маҳкум ба дузах намудааст. Иғвогарӣ, муфтхурӣ, ғайбат, худписандӣ низ аз ҳамин гунна хислатҳои бад буда, дини мубини Ислом онхоро маҳкум месозад. Ислом шаробро ҳаром эълон карда, мардуми мусулмонро аз истеъмоли он манъ кардааст. Шаробнўшӣ гуноҳ аст ва касе бояд ба он кор, агар соҳибимон бошад, даст назанад. Зино низ аз гуноҳҳои сахте аст, ки каси ин гуноҳро содиркарда маҳкум ба азоби ҷаҳаннам аст.

          Дини мубини Ислом хунрезиро манъ карда, касеро, ки ноҳақ хуни касеро резондааст, маҳкум ба ҷаҳаннам месозад. қасосро таъкид намуда, онро ба ҳадди зарардида ҷоиз мешуморад ва инчунин дият (хунбаҳо)-ро лозим медонад. Аҳкоме, ки Ислом муқаррар сохтааст, барои пешгирӣ аз хунрезӣ аст. Илова бар он сулҳро ҳамеша аз ҷанг, аз низоъ афзал шуморида, таъкид мекунад, ки мардум аз тариқи сулҳу оштӣ, ҳамдигарфаҳмӣ бо ҳам наздик шаванд. Ояти карима таъкид мекунад, сулҳ беҳтар ва накутар аз ҳама чиз аст.

        Ислом дини поку беолоиш, роҳи одобу ахлоқ, мактаби адолату инсонпарварӣ мебошад. Ин дини мубин пайравони хешро ҳамеша ба ростиву садоқат ва муомилаи нек бо дигарон тавсия намуда ва аз роҳи қаллобиву мардумфиребӣ барҳазар доштааст.

         Шахси мусулмон бояд дар ҳама ҷанбаҳои ҳаёт аз барномаи муқаррарнамудаи Худо ва Паёмбар пайравӣ кунад: чӣ эътиқоду аъмол, чӣ дар умури маишӣ, чӣ дар масоили оиладорӣ ва иқтисод.

          Меъёрҳо ва аҳкоми ахлоқии дини мубини Ислом беҳтарин муносибати байни одамонро фаро гирифта, ҷомеаро ба шоҳроҳи ахлоқӣ ҳидоят мекунад.

Время намаза в Душанбе

29.03.2024

Подробнее
Фаджр04:43
Зухр12:40
Аср16:56
Магриб18:55
Иша20:25
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее