Главная Статьи АҚЛУ ТАДБИРУ САБРУ ИНСОФ МОНЕАИ ТАЛОҚ АСТ

АҚЛУ ТАДБИРУ САБРУ ИНСОФ МОНЕАИ ТАЛОҚ АСТ

АҚЛУ ТАДБИРУ САБРУ ИНСОФ МОНЕАИ ТАЛОҚ АСТ
2022-12-31
572

Дар шароити имрўза ҳамарўза масъалаҳое бармехезанд, ки барои замонаҳои пеш умуман аҳаммият надоштанд. Яке аз ин муаммоҳои ахлоқӣ тавассути паёмакҳои телефонӣ додани талоқ аст, ки бино ба иттилои расонаҳои ахбор, хеле афзуда, боиси гуфтугўҳои зиёде шудааст. Дар маҷмўъ, талоқ бадтарин иқдомест, ки пешорўи инсон меояд, коре бояд кард, ки ин масъала умуман дар зиндагӣ барнахоста бошад. Ибтидо интихоби дурусти ҳамсар, зиндагии бо муҳаббату садоқат, эҳтироми ҳамдигарӣ ва чанд авомили дигаре ҳаст, ки монеаҳои талоқ ба шумор мераванд, яъне хишти аввали иморати зиндагиро дуруст гузоштан салоҳи кор аст. Хуб, вақте саҳву иштибохе шуд ё мушкилоте бархост, ки дигар зиндагии якҷо номумкин шуд, пас, шариати ислом роҳҳои дурусти ҷудо шуданро муайян кардааст, ки ҳар фарди мусалмон бояд аз он қавоиду дастурҳо кор бигирад.

Масъалаи мазкур аз мушкили баъзе шаҳрвандонест, ки огоҳии комил аз масоили хонаводагӣ надоранд. Ҷавонон ҳангоми ихтилофу ҷанҷол бе ягон фикру андеша ба эҳсосот дода шуда, ҳамсаронашонро талоқ медиҳанд ва бунёди хонаводаашонро барҳам мезананд. Мутаассифона, онҳо оқибати ногувори ин амали худро намеандешанд. Пас аз чанд муддат аз амали хеш пушаймон шуда ба чор тараф медаванд, то чорае ёфта, ҳамсарашонро ба хона баргардонанд.

Дар як ҳадиси Расули акрам (с) омадааст: «Бадтарин ҳалол дар назди Худованд талоқ аст» (Ривояти Тирмизӣ).

Ба ҳазрати Пайғамбар (с) хабар доданд, ки Абўайюби Ансорӣ (р) мехоҳад ҳамсараш Умми Айюбро талоқ диҳад. Паёмбар (с) Умми Айюбро мешинохт ва медонист, ки ин нияти ҷудошавӣ ба як сабаби ночиз аст, пас фармуд: «Талоқи Умми Аюб гуноҳи бузургест».

Дар ин масъала шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд нисбат ба оила, ки такягоҳи асосии тарбият ва маънавияту ахлоқ ва ҷузъи асосии ҷомеа мебошад, бетараф ва саҳлангор набошанд. Оила як ниҳоди бисёр муқаддас аст, хусусан фарзандон барои худи волидайн азизу муҳтарам ҳастанд ва бояд бошанд. Имрўзҳо, мутаассифона, бархе аз шаҳрвандони дар дохилу хориҷи кишвар тавассути паёмак ҳамсаронашонро талоқ медиҳанд, ки ин рафтори ноҷавонмардона ҷомеаи имрўзаро ба ташвиш овардааст. Аз нигоҳи шариат талоқ як падидаи манфур ва нописандида аст. Худованди Мутаъол дар Қуръони маҷид ба мардон чунин амр карда мефармояд: «Ва бо занон ба ваҷҳи писандида зиндагонӣ кунед, зеро агар онҳоро нописанд кунед, пас, шояд шумо чизеро нописанд кунед, ки Худо дар он чиз хайри бисёрро пайдо кунад» (Сураи «Нисо», ояти 19).

Ҳазрати Пайғамбар (с) ба мардон риояи ҳуқуқи занонро маслиҳат дода, чунин фармудаанд: «Дар ҳаққи занон таҷовуз накунед. Онҳо дар ҳама кор ёварони шумоянд. Онҳоро бо амри Худованд гирифтаед. Ҳақ таъоло онҳоро ба шумоён (бо никоҳ) ҳалол гардонидааст».

Расули Худо (с) дар муносибат бо ҳамсарон намунаи ибрат буданд ва ҳамеша мардону занонро ба созиш намудан ба ахлоқи ҳамсар даъват мекарданд: «Касе ба бадфеълии занаш сабр кунад, Аллоҳ таъоло ба он кас савоби Айюб (а)-ро медиҳад. Инчунин зане, ки ба бадфеълии шавҳараш тоқат кунад, ба он зан савоби зани Фиръавн – ҳазрати Осиё дода мешавад».

Ҳар як нафари оиладор, хусусан ҷавононе, ки нав оила бунёд кардаанд, бояд донанд, ки никоҳ ибодати якумра мебошад. Ҳамзамон мо ҳеҷ оилаеро пайдо карда наметавонем, ки дар он мушкилиҳо набошанд. Зиндагии шарикӣ ё ҳаёти якҷоя бе пасту баландӣ ва хушу нохушӣ намешавад. Сабри дар нохушиҳо ва шукр дар хушиҳо ҳамагӣ аҷру подош ва хайру баракат дошта, саодати дунёву охиратро ба вуҷуд меоранд.

Бо назардошти зиндагии якҷоя ва гоҳо мушкил пайдо шудан дар ин ҳаёт шариати ислом танҳо дар масъалаи меҳр дурўғ гуфтанро иҷозат додааст, то ки оила бардавом бошад. Яке аз ҳадафҳои асосии ин дурўғ  андар меҳр ба хотири комёб шудан дар тарбияи фарзандон мебошад. Дар бисёр ҳолатҳо мебинем, ки оилаҳои ҷавоне, ки дар ибтидои зиндагӣ нофаҳмиҳо доранд, баъд аз ба тавлиди фарзандон эҳтирому муҳаббат миёнашон вуҷуд меояд, зиндагӣ хуш мегузарад ва дар тарбияи фарзандон комёб мешаванд.

 Нафароне, ки ба талоқ даст мезананд, бояд дар хотир дошта бошанд, ки ҳеҷ зане ва ё марде бе камбудӣ нест, зиндагӣ бо гузашт кардани ҳамдигар идома меёбад ва зарари талоқ на танҳо ба ҷуфт, балки ба гирду атроф, хусусан ба фарзандон, таъсири ногуворе мерасонад. Пайғамбари гиромӣ (с) дар ҳадисе фармудаанд: «На ба худ зарар расонед ва на ба дигарон». Бинобар ин, ҳар як фарди ҷомеа, хусусан волидайнро аз ду тараф мебояд, ки дар ин мавзўъ эҳсоси масъулият намуда, барои пешгирӣ кардани ин омили пошхўрии оила саъю кўшиши худро дареғ надоранд.

Дини мубини ислом кӯшиш кардааст, ки ноҷавонмардию талоқҳои бемаврид аз миён равад ва мардон ҳамсарони худро хуб нигаҳдорӣ кунанд. Ба хотири пешгирии талоқ дар ояти 35-уми сураи «Нисо» чунин таъкид шудааст:

 «Агар хавфи онро дошта бошед, ки миёни зану шавҳар хунукию ҷудоӣ меафтад, як нафар довар аз хонадони мард ва як нафар довар аз хонадони зан барангезед. Агар доварон нияти ислоҳ дошта бошанд, Худованд миёни онҳо тавфиқ эҷод мекунад. Аллоҳ донову бохабар аст» (Сураи «Нисо», ояти 35).

   Дини Ислом ҳеҷ гоҳ ба мардон иҷозат намедиҳад, ки аз талоқ сӯистифода кунанд ва занро ҳамчун маҳбус нигаҳ доранд. Дар «Маснавии маънавӣ низ ба ҳамин маънӣ омадааст:

То тавонӣ по манеҳ андар фироқ,

                                  «Абғазул-ашёи инди атталоқ».

    Хулоса, аксарият бар ин ақидаанд, ки масъалаи талоқ кори шахсии онҳост, аммо хато мекунанд. Вайроншавии як оила боиси бадбахтии як зан ва ятим мондани фарзандон мегардад, ки зиёни бузургест ба ҷомеа. Мардон оилаҳои нав бунёд мекунанд ва барои ин кор имкон ҳам доранд, аммо бонувони бечора дар нимароҳи умр монда, то ахири зиндагӣ азияти рўҳиву равонӣ ва иқтисодӣ мекашанд. Барои пешгирии чунин аъмоли бад танҳо аз ақлу тадбир, андешаи нек ва инсофу адолат, раҳму шафқат ва дигар хисоли ҳамидаи инсонӣ бояд кор гирифт. Ин масъала набояд касеро бетараф гузорад, яъне ҷомеа бояд масъул бошад. Савобу хайри афзун насиби онҳоест, ки сари вақт ба мушкили оилаҳои пурмуаммо расидагӣ мекунанд ва ба ҳалли душвориҳои ҳаёташон мусоидат карда, пеши роҳи талоқро мегиранд…

Время намаза в Душанбе

29.03.2024

Подробнее
Фаджр04:43
Зухр12:40
Аср16:56
Магриб18:55
Иша20:25
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее