Главная Статьи Об неъмати бузурги Худовандист

Об неъмати бузурги Худовандист

Об неъмати бузурги Худовандист
2017-01-25
6679

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Об асту ҳаёт пойдор аст,

Об асту замину кишту кор аст.

Маҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ.

Аз ҳастии оби файзбор аст.

                        Ҳамду сано Худовандеро, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Дуруду саломи бепоён бар хотами пайғамбарон, ҳазрати Муҳаммади Мустафо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва бар хонадони поку ёрону пайравонаш.

 Рӯзи 22-юми декабри соли 2016 Пешвои миллат паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуд, ки дар он тамоми паҳлуҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишваррро дар бар гирифтааст. Махсусан дар ин Паём хушхабаре ироа гардид, ки Созмони бонуфузи ҷаҳонӣ пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба даҳсолаи об дастгирӣ шудааст. Мо ходимони дин дар қатори дигар ҳамдиёрони худ, ки рафти ин Паёмро тариқи оинаи нилгун тамошо мекардем, аз ин хабар бисёр хушҳолу хушнуд шуда, аз даргоҳи Худованд барои Пешвои миллат дуои нек кардем. Ин ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028», ки дар ҷаласаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби 177 давлати ҷаҳон пазируфта шудааст, якдилона ҷонибдорӣ намуда ин амали некбинонаи Пешвои миллатро як фоли нек арзёби  менамоем ва ба Ӯ аз даргоҳи Худованд хайру баракат мехоҳем. 

Воқеан, дар сатҳи бузургтарин созмони ҷаҳонӣ қабул шудани сеюмин ташаббуси Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об дар миқёси ҷаҳон рӯйдоди дорои аҳамияти бузург аст. Ин иқдом гувоҳӣ медиҳад, ки Пешвои миллат на танҳо фикри як Тоҷикистонро мекунад, балки ба ҳалли мушкилоти мардумони аксар мамолики дунё дар масъалаи дастрасӣ ба захираҳои об расидагӣ мекунад. Аз ҷониби 177 давлати ҷаҳон истиқбол ёфтани ташаббуси Сарвари Тоҷикистон низ шаҳодати дар арсаи ҷаҳонӣ нуфузи хосса доштани Тоҷикистон мебошад.

Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад.  Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯ, сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Инчунин одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, охар додани матоъ, коркарди пуст, тайёр кардани коғаз, собун, нонпазӣ, нушокиҳои гуногун истифода мебаранд.

Касе ки Қуръонро бо тадаббур тиловат кунад, мебинад, ки Худованд қариб дар шаст ҷои Қуръон неъмати бебаҳо будани обро баён намудааст. Аз он ҷумла дар ояти 39-уми сураи «Фусилат» мефармояд: «Ва аз оёти қудрати Ӯ он, ки ту заминро хушк мебинӣ. Чун об бар он бифиристем, ба ҷунбиш ояд ва гиёҳбирӯёнад. Он зоте, ки онро зинда мекунад, албатта, зиндакунандаи мурдагон аст ва ҳаройна, Ӯ бар ҳарчизетавоност!», Дар ояти 45-уми сураи «Нур» мефармояд: «Ва Худо ҳарҷунбандаеро аз об биёфарид. Баъзе аз онҳобаршикам мераванд ва баъзе бар ду по мераванд ва баъзе бар чаҳорпомераванд. Худоҳарчӣ бихоҳад, меофаринад. Ҳаройна, Худо бар ҳаркоретавоност!

Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто кисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лахзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об барои сабзавоту наботот ва ҳайвонот, ки инсон ҳамеша бо онҳо сарукор дорад, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд.

Мо, тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем ва шукргузор бошем. Зеро Худованд дар ояти 7-уми сураи «Иброҳим» мефармояд: «Ва Парвардигоратон эълом кард, ки агар Маро шукр гӯед, бар неъмати шумо меафзоям ва агар  ношукрӣ кунед, бидонед, ки азоби Ман сахт аст!

Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кули гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Ин маъхази бузург, ки одамро асос аст, об аст. Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад.

Модоме ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшанидиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин муъҷизоти бузургро ифлос гардонад, ба он партовҳо партояд ё ягон амали носазое нисбати он раво бинад, зеро:

Зи ҷӯе, ки хурдӣ аз он оби пок,

Набояд фикандан дар он сангу хок,

Тоза нигоҳ доштани об ва қимат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рушноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист.

Об бошад гавҳари қимматтар аз лаълу гуҳар,

Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.

Об ҳаст ободӣ ҳаст, мегӯянд. Об аст, ки кулли мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумӯъ ва пояндагӣ қарор дорад. Об аст, ки дар дами марг қатрае аз он ошомида инсон нафас рост мекунад. Об аст, ки гулу гиёҳ аз он рангу бӯй, таровату пояндагӣ мегиранд. Бе об ҳаёт маъно надорад. Зиндагиро аз ҳастии об асос аст. Мутаассифона бархе аз инсонҳои беандеша ва номурод дидаю дониста обҳоро ифлос мегардонанд, дар дарёҳо партовҳо мепартоянд, обро бе сарфаю сариштакорӣ истифода мебаранд, ки ин ба касодиҳо оварда мерасонад. Дар ҳамаи китобҳои динӣ сарфаю сариштакорӣ ҳамеша тақозо карда мешавад ва тозаю озода нигоҳ доштани об низ вазифаи муқаддаси ҳар як шахси мусалмон дониста мешавад.

Сухани худро бо гуфтаи Пайғамбари бузург Расули Акрам (с), ки фармудаанд: «Об ҳақиқатан поккунанда, ки чизе онро наҷис нагардонад», хотима мебахшам.  

Время намаза в Душанбе

28.03.2024

Подробнее
Фаджр04:44
Зухр12:40
Аср16:55
Магриб18:54
Иша20:24
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее