Главная Статьи ОМИЛИ АХЛОҚУ МАЪНАВИЯТ ДАР РУШДИ ҶАВОНОН

ОМИЛИ АХЛОҚУ МАЪНАВИЯТ ДАР РУШДИ ҶАВОНОН

ОМИЛИ АХЛОҚУ МАЪНАВИЯТ ДАР РУШДИ ҶАВОНОН
2017-05-08
1212

Суханронии Саидмукаррам Абдулқодирзода - Раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси ҷумҳуриявӣ дар партави Соли ҷавонон дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар ҷомеа ва роҳҳои пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ»

Ба номи Худои бахшояндаву меҳрубон

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ, раёсати муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Баргузории чунин конфронсе, ки мавзӯи рушди ҷавонон ва масоили ба мушкилоти он вобастаро дорад, аз ҳар ҷиҳат барои таҳияи пешниҳодоти муфид ҷиҳати пешрафти ин соҳаи иҷтимоӣ аҳаммияти фарогире дорад ва банда ҳамчун роҳбари созмони масъули динии кишвар онро як иқдоми бисёр манфиатовар мешуморам. Дар қиболи ин андеша мехостам ба ҳамаи меҳмонон ва ширкаткунандагони ин нишаст изҳори ташаккур кунам.

Ҳамон гуна, ки маълум аст ва ҳоҷат ба шарҳи муфассал надорад, ҷавонон дар ҳар кишвари дунё қишри асосии буняи иҷтимоиро ташкил медиҳанд ва давлате, ки ба ин масъала, яъне чигунагии аҳвол ва дурнамои рушди ҷавонон аҳаммият медиҳад ва сари вақт мушкилоти онро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, аз ҳар мавқеъ – ҳам осоиши кишвар ва ҳам тараққиёти бемайлони он бурди азиме хоҳад кард.

Дар Тоҷикистон, ки бино ба омори расмии он беш аз ҳафтод фисади нуфуси онро ҷавонон ташкил медиҳад, ин қазия ҳатто ба масъалаи амнияти ҳамагонӣ ва суботи сиёсӣ вобастагӣ пайдо мекунад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз соли 2004 ҷавонон гуфта ҳамон қишре дар назар дошта мешавад, ки аз 14 то ба 30 солро доранд. Аз назари равонӣ ва динӣ ин синну сол ҳамон марҳилаест, ки дар доираи он шахсият аз ҳама ҷиҳат ба камол мерасад ва муҳимтарин омил ҳамон аст, ки аллакай мафкураи ҷавон ташаккул дода мешавад. Барои мисол дур нарафта, таҷрибаи зиндагии адибону олимони маъруфи гузаштаамонро, ки зикрашон бешумор аст, ба хотир биёрем, ки дар сарҳади 25-30 солагӣ бузургиву шаҳомат ёфта буданд ва боқии умрро ба эҷодиёт ва ихтироъ, яъне дар амал татбиқ намудани самараи диду дарёфтҳояшон сарф мекарданд. Ҳамчунин аз бузургони андеша ва дин чунин мисолҳо ниҳоят фаровон аст.

Аз ин нуқтаи назар, ҷавонон ҳар чӣ неку бад ва илму ҷаҳолатеро, ки меёбанд, дар ҳамин марҳилаи умр меёбанд. Дар олами Ѓарб ҳам чунин аст, масалан Монтен ном мутафаккири Фаронса ба ин ақида аст, ки  то синни бистсолагӣ инсон бояд ҳама назокати парвариши шахсиро азхуд карда бошад, ё фаразан инсоне, ки баъди бистсолагӣ ба табиб муроҷиат мекунад, чандон комил нест. Инсон бояд то синни бистсолагӣ аллакай роҳи минбаъдаи ҳаёташро дуруст муайян кунад, фаросати комил ба даст орад ва тавре ки мегӯянд, идеали худро дақиқ карда бошад.

Бояд гуфт, ки масъалаи ҷавонон ҳамеша дар мадди назари давлат ва сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва эълон шудани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон бори дигар аз муҳиммияти ин масъала ва идомаи ҳамон сиёсати инсонпарваронаи Сарвари давлат ва Ҳукумат шаҳодат медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат (аз 22-юми  декабри соли 2016) ҳини эълони Соли ҷавонон ба татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ишора намуда, таъкид карданд, ки «ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Дар ин ҷумлаи кутоҳ чандин вазифаҳое равшан мешаванд, ки иҷрои онҳо на фақат ба уҳдаи ҷавонон, балки ба мову Шумо, ниҳодҳои гуногуни давлатӣ ва ҳам ҷамъиятӣ вогузор аст. Дар Тоҷикистон, мисли ҳар кишвари дигари дунё, чандин мақомот тибқи қонун ба пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон масъулият доранд. Инҳо - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатии кор бо ҷавонон, вазорату идораҳои дигар, ки ба тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавонон машѓул мебошанд, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, мақомоти маҳаллии кор бо ҷавонон, иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва ташкилоту муассисаҳои дигар ҳастанд, ки возеҳу равшан дар қонун ишора шудаанд.

Ҳарчанд, ки номи созмони Маркази исломии Тоҷикистон дар ин санад зикр нашуда бошад ҳам, масъулини ниҳоди мо ҳам ба масъалаи хеле нозук ва пураҳаммияти таълиму тарбияи ҷавонону наврасон, яъне дар ниҳоди ҷавонон парвариш додани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва тафаккури инсондӯстонаву ватанхоҳона, муомилаи неку шарафмандона ба арзишҳои динӣ, миллӣ ва фарҳангӣ, хоссатан ба арзишҳое, ки ба ташаккули инсони мутафаккир ва огоҳ аз хубу бади олам мусоидат мекунанд, бо таваҷҷуҳ аз масъулияти дини мубини ислом дар орому осуда нигаҳ доштани ватан ва ҷамъияти он саҳми арзишманде доранд.

Мо ба ин назарем, ки тамоми тадбирҳои дорои мазмуни иқтисодӣ, ташкилию ҳуқуқӣ агар дар як паллаи тарозу бошад, дар паллаи дигари он агар танҳо дину ахлоқу ҷаҳонбинӣ гузошта шавад, он гоҳ  баробар хоҳад шуд. Сухан ин ҷост, ки бе ахлоқи ҳамида ва рафтори дурусти инсонӣ ҳеҷ гоҳ шахсиятҳои комил тарбия карда намешаванд. Агар ахлоқ комил набошад, ҳатто мутахассиси олидараҷа наметавонад барои ватан ва миллаташ манфиате биёрад.

Аммо вазъи кунунии соҳа бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ, таҳлили вазъи ҷинояткории ҷавонон, ноустувории оилаҳои ҷавон ва пошхӯрии онҳо, майли иддае аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундраву экстремистӣ бинобар ноогоҳӣ аз таълимоти асили исломӣ дар заминаи мазҳаби ҳанафӣ ва дигар масоили мубрами ҳалталаб пешниҳоди равишҳо ва матолиби навро тақозо мекунад. Банда дар вазъи кунунӣ аз анбӯҳи ин масъалаҳо се масъаларо ҷудо карданӣ ҳастам.

Якум, дар садри ҳама масъалаҳо ва барномаҳое, ки ба ҷавонон ихтисос доранд, гузоштани омили ахлоқу маънавият.

Дуюм, ташкили кори пурзӯри идеологӣ тавассути созмон додани сомонаҳои хосса, ки тавонанд аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷавонон муколама барпо кунанд. Ин масъала нисбат ба дигар мушкилот ҷиддитар аст, чунки интернет акнун воситаи асосии дониш, ташаккули ахлоқу маънавият ва ҷаҳонбинии ҷавонон, манбаи огоҳии онҳо аз таълимоти ҳаррангаи динӣ шудааст.

Сеюм, таваҷҷуҳ намудан ба талаботи ҷавонон ба таълимоти асили динӣ ва таъмини дигар сарчашмаҳое, ки тавонанд ниёзҳои фикрии онҳоро қонеъ карда бошанд.

Маълум аст, ки дар шароити имрӯза пеши роҳи ҳуҷуми фарҳанги оммавӣ ва пурзиёни ѓарбӣ, ки идеологияи барои миллати мо бегонаро таблиѓ мекунанд, гирифтан то ҳадде имконнопазир шудааст. Акнун интернет мавқеи китобҳои коѓазӣ ва минбари суҳбату муколамаҳоро хеле танг кардааст. Ба созмонҳои ҷамъиятии ташабускор кашидани ҷавонон низ бинобар сатҳи пасти ҷаҳонбиниашон мушкил шудааст.

Ба қавли дигар гӯем, дар сатҳи мафкуравӣ халои маънавӣ пайдо шудааст, ки онро пур кардан лозим меояд. Табиати одами ҷавон ҳамин аст, ки ҳамеша ба навҷуиҳо дар маҷмӯъ, расму таомулҳои нав, одатҳои нав, сарулибоси нав, муди нав ва ба ҳамин тарз ба андеша ва манбаъҳои нави фикрӣ таваҷҷуҳ мекунад. Ана ҳамин гӯё як хислати муқаррарии равонии ҷавононро гурӯҳҳои тарѓибгари ифротӣ хеле моҳирона сӯистифода мекунанд. Онҳо як навъ нобовариро дар ниҳоди ҷавонон нисбат ба муқаррароти динӣ дар заминаи ҳанафӣ бедор мекунанд. Гӯиё мазҳаби поки ҳанафӣ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест, расму одатҳои ахлоқии ҳазорсолаи мо куҳна шудаанд ва озодиҳои инсонҳоро маҳдуд мекунанд. Пеши роҳи ин гуна тахрибкориҳои ақидавиро танҳо бо суҳбату насиҳатҳо ва чорабиниҳои илмӣ гирифтан мушкил аст. Як навъ хадамоти тадқиқотии равонӣ, динӣ ва тарбиявие лозим аст, ки ҳамаи ин равандҳоро сари вақт омӯхта, барои татбиқи пешниҳодоти нав мусоидат кунад.

Масъалаи муҳимми дигар ин ҷараёни иҷтимоигардонӣ ё худ ба ҷамъият мутобиқ гардонидани ҷавонон аст. Маълум аст, ки одам ҳаёташро бе ҷамъият ва таъсири омилҳои он, пеш аз ҳама, таълиму тарбия бошуурона пеш бурда наметавонад. Шайх Саъдӣ дар ин масъала  бисёр бамаврид гуфтааст:

Одамӣ одам набинад, аз куҷо одам шавад,

З-он ки шамъ оташ набинад, аз куҷо равшан шавад.

Иҷтимоишавӣ раванде мебошад, ки дар он шахс азхуд кардани донишҳо, арзишҳо, маданияту фарҳанг, идеология ва амсоли инҳоро аз сар мегузаронад, ки таъсири   онҳо  дар   ташаккули  инсон муҳим буда, дар ин замина ӯро ҳамчун шахсияти баркамоли ҷамъиятӣ ба воя  мерасонанд. Барои иҷтимоишавии ҷавонону наврасон волидони онҳо бояд бештар аҳаммият диҳанд, ки кадом омил барои ташаккул ва тарбияи хислатҳои мусбат муҳим аст ва кадомаш ба рафти инкишоф таъсири манфӣ мерасонад. Аз мушоҳидаҳо мебинем, ки аксарияти волидон таъсири омилҳои моддӣ, яъне сару либос, ҷойи зист, ѓизо ва ѓайраро дар камолоти фарзандонашон асосӣ мебинанду халос. Қобили қайд ҳаст, ки дар баробари омилҳои моддӣ як қатор омилҳои маънавӣ низ ҳастанд, ба монанди мақсаду маром, майлу хоҳиш, талаботу манфиат, ки таъсирашон баръало эҳсос мешавад. Бе таъсири  ин омилҳо рушду такомули шахсият имконнопазир аст.

Дар ҷомеаи имрӯзаи  Тоҷикистон рӯ овардан ба ин масъалаи муҳим ва таҳқиқу омӯзиши он аз ҷониби мутахассисони илми ҷомеашиносӣ амри зарурист, зеро ба ин масъала, яъне мутобиқгардонӣ ба иҷтимоъ ва азнавиҷтимоикунонии шахсоне, ки муваққатан аз таъсири ҷомеа дур будаанд, на он қадар  аҳамият медиҳанд. Мутаассифона, ин масъала яке аз муаммоҳои ҳалталаби ҷомеаи мо маҳсуб меёбад, чунки дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ таѓйироти гуногун дар рафтору фаъолияти  наврасону ҷавонон, аз қабили бетарафӣ ба равандҳои  иҷтимоӣ, тамоюлҳои мазҳабӣ, то андозае дур шудан аз фарҳангу тамаддуни миллӣ ба назар мерасад, ки гувоҳи костагии вазъи иҷтимоишавӣ мебошанд.

Ҷолиби диққат ин аст, ки иҷтимоишавӣ инсонро аз лаҳзаи тавлидаш то ин ё он давраи ҳаёташ, ки дар ҷомеа умр ба сар мебарад, фаро мегирад. Инро бояд қайд намуд, ки дар ҷараёни иҷтимоишавӣ  мутахассисони илми ҷомеашиносӣ бештар ба давраи наврасиву ҷавонӣ  таваҷҷуҳ менамоянд, зеро ин давраҳо, хусусан синни наврасӣ давраи мураккабу пурталотум ва барои наврас пурхатар ва аз ҷиҳати психологиву физиологӣ дар ҳоли таѓйирот маҳсуб меёбад. Давраи ҷавонӣ давраи талоши инсон барои пайдо намудани касбу кор ва фаъолиятест, ки барои ояндаи ӯ зарур аст. Дар ҳолати беэътиноӣ нисбат ба раванди иҷтимоишавӣ, чунин оқибатҳои  нохуш ба миён меоянд:  дуздӣ, майзадагӣ, бесаводӣ, бекорӣ, каҷрафторӣ,  ҷинояткорӣ ва амсоли инҳо.  Ин ҳама натиҷаи  нодурусти иҷтимоишавист. Барои таваҷҷуҳатон ташаккур!

Время намаза в Душанбе

17.12.2017

Подробнее
Фаджр05:54
Зухр13:00
Аср15:09
Магриб17:10
Иша18:40
Выступления Президента
Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Подробнее