Главная Статьи Ҳамаи моҳҳо моҳҳои Худованд аст.

Ҳамаи моҳҳо моҳҳои Худованд аст.

Ҳамаи моҳҳо моҳҳои Худованд аст.
2017-11-08
238

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Моҳи Сафар дуюмин моҳи солшумории ҳиҷрӣ аст. Имсол аввали моҳи Сафар ба рӯзи 21-уми октябр рост омад. Тибқи қавонини шариати Ислом ҳамаи моҳҳо назди Парвардигор мақоми хосси худро доранд. Моҳи Сафар низ аз ин хусусиятҳо мустасно нест. Аммо дар байни мардум вобаста бар ин моҳ ва дигар моҳҳо хурофотҳо вуҷуд дорад, ки ҳеҷ санади боэътимод надоранд. Аз он ҷумла «дар моҳи Сафар ба сафар набаро», «дар моҳи Муҳаррам тӯй накун», «дар як рӯз ду келин набиёр, ки бебахт мешаванд», «агар дар моҳи Сафар таъзия шавад, кулли сол вазнин мешавад», «домоду арӯси навхонадоршуда ба таъзия нараванд, ки чилла меафтад», «рӯзи сешанбе нохун нагир ва либос нашӯй», «бегоҳи рӯз хона нарӯб» ва ғайра. Чунин суханони беасос дар байни мардум хеле зиёд аст. ҳол он ки Пайғамбари Худо (с) уммати худро аз ин хел корҳои беҳуда боздошта ва фармуданд: «Уммати ман аз се чиз эмин нестанд: аз ҳасад, аз гумони бад ва аз бад дидани якдигар». Баъд аз он гуфтанд: «Роҳи аз ин корҳо халос шуданро гӯям? Агар гумони бад кардӣ, исбот кун, агар ҳасад кардӣ, озор надеҳ, агар бад дидӣ, он коратро бас кун».

Аслан фоли бад гирифтан аз одати замони ҷоҳилият аст. Худованд дар бораи қавми Фиръавн чунин фармудааст: «Пас, чун ба онҳо фарохӣ меомад, мегуфтанд: «Ин лоиқи мост». Ва агар ба онҳо бадӣ мерасид, ба Мӯсо ва касоне, ки бо вай буданд, фоли бад мегирифтанд. Огоҳ бош, ҷуз он нест, ки фоли бади онҳо назди Худо аст, валекин бештаринашон намедонанд». (Сураи «Аъроф», ояти 131).

Агар кадом инсоне фоли бад гирифт, барои халос шудан аз ин кор хислати бад чӣ бояд кунад? Имом Суютӣ (рҳ) дар ин марвид чунин фармуданд: «Дар назди Пайғамбар (с) дар бораи ягон ҳайвон ё моҳ ва ё рӯзҳо фоли бад мегирифтанд, он ҳазрат (с) дар ҳол ҷавоб мегуфтанд: «Агар дар ҳаққи ягон чиз бадгумон шавед, ин дуоро хонед: «Эй Аллоҳ, хубиҳо фақат ба сабаби Ту меоянд ва бадиҳоро низ фақат Ту дур мегардонӣ, қувват фақат дар Ту аст».

ҳазрати Оиша (рз) мефармоянд: «Арабҳо издивоҷ дар моҳи Шавволро муносиб намедонанд, дар ҳоле ки никоҳ ва издивоҷи ман дар моҳи Шаввол буд». Агар ин кор бад (наҳс) мебуд, чигуна ин корҳо анҷом мегирифт. Имрӯз низ дар миёни мусалмонон ба иллати камбудии таълимоти динӣ хурофоте аз ин қабил вуҷуд дорад. Баъзе аз мардум рӯзи 13-уми моҳи сафар нахуд пухта ва тақсим мекунанд. Ин чизҳо дар шаръ ҳеҷ гуна асл ва асос надоранд. Пайғамбари Худо (с) барои ислоҳи ин гуна иштибоҳот фармудаанд: «Сирояти бемориҳо, садои парранда дар моҳи Сафар, ки мардум онро наҳс (бад) мепиндоранд, ҳеҷ ҳақиқате надорад, дар ҳоле ки ҳеҷ кор бе хости Худованд анҷом намегирад». (Саҳеҳи Бухорӣ)

Хулоса касоне, ки аз таълимоти дини мубини Ислом дуранд ва ба ин қабил хурофот  гирифтор ҳастанд, бояд дар фикри ислоҳи худ бошанд, зеро пайравӣ аз суннатҳои Расули Худо (с) кори ҳар як мусулмон аст. Ислом дини осон аст ва он ба пайравӣ аз суннати Расули Худо (с) комил мешавад, ҳамзамон пайравӣ аз имом Абӯҳанифа (рҳ) ва мазҳабаш, ки динро хеле хуб фаҳму дарк ва шарҳ додааст.  

Время намаза в Душанбе

19.12.2017

Подробнее
Фаджр05:55
Зухр13:00
Аср15:10
Магриб17:11
Иша18:41
Выступления Президента
Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Подробнее