Главная Статьи Миллате, ки гузаштаашро фаромӯш накард, ояндаашро месозад.

Миллате, ки гузаштаашро фаромӯш накард, ояндаашро месозад.

Миллате, ки гузаштаашро фаромӯш накард, ояндаашро месозад.
2017-11-22
4051

Миллате, ки гузаштаашро фаромӯш накард, ояндаашро месозад

ҳамд он Худоеро, ки неъмати осоиштагӣ ва саломатиро барои мову шумо фароҳам овард ва дуруду салом ба Паёмбари Ислом (с), ки ҳаёту фаъолияти ӯ беҳтарин намуна барои дирӯзу имрӯз ва ояндагон аст.

Тоҷикистон – Ватани азизу маҳбуби мост. Ватанро азиз доштан, ба муқаддасоташ арҷ гузоштан ва дар навбати худ ободу шукуфо гардонидани он фарзи имонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бедордилу фарҳехта ва худогоҳу худшинос мебошад.

Барои идора ва пешбурди ҳар қавму миллат ва давлату кишвар фарди бузурге аз миёни мардум баргузида мешавад. Ба бахти мардуми мо дар сапедадами истиқлоли кишвар вакилони мардумӣ дар иҷлосияи XVI Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Интихоби ӯ маҳз барои он буд, ки оташи хонумонсӯзи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш намояд. ӯ аз рӯзҳои аввали роҳбарияш ба мардум ваъда дод, ки: «Ман ба шумо сулҳ меорам». ӯ ба аҳди худ вафо кард. Барномаи асосии Роҳбари давлат барномаи ваҳдату ягонагӣ, навсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва озодии баён буд ва барои татбиқи онҳо пайгирона саъю талош варзид, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳу амонӣ ва оромишу осоиш ҳукмфармост. ҳар фарди бедордилу солимфикр, агар шароити дирӯзи кишвари моро бо вазъи имрӯзӣ қиёс намояд, возеҳу равшан мебинад, ки ваҳдати комил, амнияти саросарӣ, пешрафтҳои иқтисодӣ ва ободиву шукуфоии ватани маҳбубамон дар ҳар гӯшаву канори он ба назар мерасад. Маҳз ба хотири пойдорӣ, устуворӣ, бақо ва пешрафту тавсеаи Ватанамон мо бояд аз низом ва роҳбари давлат ҷонибдорӣ кунем. 

Мувофиқи таълимоти дини мубини ислом итоат ба Худо ва Паёмбару фармонравоён воҷиб мебошад. Худои бузург дар ояти 59 сураи «Нисо» мегӯяд:      

 «Эй мӯъминон, Худоро фармонбардорӣ кунед ва Пайѓамбару фармонравоён (ҳокимон)-ро аз ҷинси хеш фармонбардорӣ кунед!».

Аз Абӯмусо ривоят аст, ки Паёмбар фармуданд: Мӯйсафедонро эҳтиром намудан, ҳофизони қуръони ботақво ва подшоҳи одилро эҳтиром намудан, аз ҷумлаи бузург доштани Худованд аст (Ривояти Абӯдовуд, Суютӣ ва Манновӣ).

Тибқи ривоёти Табаронӣ, Байҳақӣ ва Суютӣ аз Абӯбакр (а) манқул аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Подшоҳи одил дар рӯи Замин сояи Худо аст. ҳар касе чунин подшоҳро эҳтиром кунад, Худоро эҳтиром намудааст. Ва ҳар касе чунин подшоҳро эҳтиром накунад, Худоро эҳтиром накардааст».

Имоми Аъзам, ки пири мазҳаби ҳанафӣ ва яке аз бузургтарин фақеҳони олами ислом мебошанд, итоат аз низомро омили шукуфоии давлату миллат медонанд: «Ба подшоҳ ва ҳокими вақт эҳтиром бигузор ва шахсияти ӯро бузург дор ва дар ҳузури вай дурӯѓ нагӯ! (Пандномаи Имоми Аъзам).

Ояти сареҳи раббонӣ, аҳодиси саҳеҳи набавӣ ва гуфтори Имоми Аъзам маҳз ба хотири он аст, ки мардум дар меҳани худ бо мусолиҳаву муоҳада ҳамзистии мусолиматомезро ба роҳ монанд ва дар рушду тавсеаи самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саъю талош варзанд. Танҳо дар ин сурат мо метавонем, ки мардуми худро аз нифоқу низоъ, табъиду зӯроварӣ, ифротгароиву даҳшатафканӣ ва ҷиноятҳои муташакили фаромиллӣ, ки имрӯз дар зери ниқоби «исломи сиёсӣ» зуҳур кардааст, ҳифз намоем. Зеро дини ислом як ҷузъи таркибии фарҳанги мардуми мусулмон, аз ҷумла тоҷикон буда, дар бисёр паҳлӯҳои зиндагии суннатии мо нақши ҳалкунанда дорад.

Бахусус, дар Тоҷикистон рӯҳониён ва ходимони дин дар анҷоми маросимҳои динӣ озод мебошанд. Ба ҳама маълум аст, ки зиёда аз 97 фоизи аҳолии кишварамон мусулмон мебошад ва Конститусия - қонуни асосии мо баён менамояд, ки  «Давлат ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад». Инчунин иҷрои тамоми фароизи динӣ, доштани ибодатгоҳ, адои маносики ҳаҷ, зиёрати амокини муқаддаса ва дигар маросимҳои динӣ тибқи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» озод буда, бидуни монеа, маҷбурият ва таассуб амалӣ мегарданд. Яъне, ҳеҷ кас аз пайравӣ кардан ба ин ё он дин маън карда нашудааст. ҳар кас метавонад озодона динеро қабул намуда, тибқи аҳкоми он ибодат намояд.

Вале имрӯз баъзе гурӯҳҳои алоҳидаи ѓаразнок ва манфиатхоҳ мехоҳанд, ба василаи дин ба шуури динии мардум, бахусус ҷавонони мо таъсир расонида, ваҳдати миллии моро барҳам зананд, ба осоишу амнияти мо халал ворид созанд ва тухми нифоқу парокандагиро коранд. Бинобар ин вазифаи муқаддаси ҳар як шахси солимфикр ва оқил дар он аст, ки ба хотири ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат, таҳкими истиқлоли миллӣ ва амнияти саросарии кишвар бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ва падидаҳои нави зараровар мубориза барад.

Мо бояд ба қадри тинҷиву офият бирасем, шукронаи давлати тоҷиконро кунем, дар хотир дошта бошем, ки барои гумроҳ намудани мардум ва алалхусус ҷавонон, бадхоҳони миллат ҳама роҳу василаҳоро истифода мебаранд. Моро зарур аст, ки ба ҷавонон қадри зиндагии осоиштаро фаҳмонем. Онҳоро огоҳ созем, ки ифротгароӣ ба нооромӣ, қатлу куштор оварда мерасонад. ҷавонон бояд дарк кунанд, ки таблиѓоти гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ пурра дурӯѓ буда, ҳадафи онҳо рехтани хуни мусулмонон мебошад.

Бинобар ин аз мардуми шарифи тоҷик қотеона даъват ба амал меорам, ки шукронаи ватани азизро ба ҷо оред, дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид шуда, нагузоред, ки душман ватани моро ба вартаи ҳалокат афканад, зеро пешрафту тараққиёт, ояндаи неки фарзандон аз осмони софу беѓубор, фазои амну офият иборат мебошад.

Парвардигор дар қуръони карим ояти 7-и сураи «Иброҳим» мефармояд: «Ва из тааззана раббукум лаин шакартум лаазиданнакум ва лаин кафартум инна азоби лашадид», яъне ва он вақт, ки Парвардигори шумо хабардор сохт, ки агар шумо ба он неъматҳое, ки ман ба шумо ато фармудаам шукрона кунед ва онро пос доред, ман ҳамон неъматҳоро афзун мегардонам ва агар ношукрӣ ва носипосӣ кунед, он гоҳ азоби ман дарднок ва сахт аст.

Дар ҳамин радиф Мавлоно ҷалолуддини Балхӣ фармудааст:

Шукри неъмат неъматат афзун кунад,

Куфри неъмат аз кафат берун кунад.

Бале, ҳар неъматеро, ки Парвардигор барои мо арзонӣ фармудааст, бояд онро пос дошта шукри онро кунем. Мо ҳамагон неъматҳои додашудаи Худовандро ба хубӣ медонем. Яке аз ин неъматҳои илоҳӣ, мардуми шарифи тоҷик дар шароити сулҳу субот, тинҷиву амонӣ, дар шароите, ки ваҳдати миллӣ ҳукмфармост, фазои озодонаи изҳори андеша ва афкори шахсӣ ва озодии дину ақида, ки фароҳам оварда шудааст,  зиндагонӣ карданашон мебошад. Оё чунин фазои озоди баёни андеша ва иброз доштани фикру мулоҳизаҳо то замони истиқлолияти миллӣ вуҷуд дошт?. ҳаргиз не. Ин ҳам бошад, яке аз дастовардҳои замони истиқлоияти давлати мо, мардуми тоҷик мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистони азизамон дар тӯли истиқлолияти худ рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Дар кишварамон сулҳу озодӣ, ваҳдату ягонагии том пойдор аст. Аз ин ҷиҳат корҳои созандагию бунёдкорӣ пайваста авҷи тоза гирифта истодааст. Дар баробари ѓановати моддӣ, фазои маънавии мардуми кишварамон низ беш аз пеш ѓанӣ мегардад.

Иҷрои тамоми фароизи динӣ, доштани ибодатгоҳ, ҳаҷу зиёратҳо ва иҷрои ҳама маросимҳои динӣ тибқи қонуни ҷТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» озод буда, бидуни монеа, маҷбурият ва таассуб амалӣ мегарданд, ки қаблан чунин вазъ надошт.

Онҳое, ки ҳодисаҳои солҳои навадумро дар хотир доранд, ба қадри истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ мерасанд. Мо бояд ҷавононро аз он рӯзҳои барои миллати мо талх огоҳ кунем. ҳеҷ кас ҳақ надорад таърихи халқи худро фаромӯш кунад: солҳои ҷангу нооромӣ, гуруснагӣ, рӯзҳое, ки бародар муқобили бародар силоҳ бардошт, даврае, ки писар душмани падар гашт. Бадхоҳони миллат тавонистанд, ки моро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, муқобили якдигар барангезонанд. Ин барои миллати тоҷик дарси ибрат аст. Бовар дорам дигар моро наметавон фиреб дод.

Сарвари давлат, ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ чунин таъкид намуданд:

         «Дар шароити торафт печидаву мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, аз ҷумла шиддат гирифтани муборизаҳои геосиёсӣ миёни давлатҳои абарқудрат, хусусияти муташаккил ва боз ҳам хатарноктар касб кардани терроризму экстремизм ва дигар таҳдиду хатарҳои нав таъмини амният ва ҳифзи сулҳу субот барои тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла барои Тоҷикистони мо ба масъалаи аввалиндараҷаву ҳаётӣ табдил ёфтааст. Чунин вазъ аз ҳар фарди бедордилу худшиноси ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба таълиму тарбияи фарзандон муносибати ҷиддӣ намоянд ва дар роҳи ҳимояи давлатдории миллиамон ҳамеша омода бошанд».

Аз ин рӯ, мо бояд гуфтаҳои Пешвои миллатро ба ҷону дил қабул намуда, барои муттаҳидии халқу миллат, барои амнияти кишвар, ояндаи дурахшони фарзандони худ саҳмгузор бошем, дар ҳамин сурат дину мазҳаб ва маънавиёти мардуми Тоҷикистон мустаҳкам ва побарҷо боқӣ мемонад.

Саидмукаррам Абдуқодирзода

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ

Время намаза в Душанбе

29.03.2024

Подробнее
Фаджр04:43
Зухр12:40
Аср16:56
Магриб18:55
Иша20:25
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее