Главная Статьи ИСЛОМ ДИНИ ТЕРРОР НЕСТ

ИСЛОМ ДИНИ ТЕРРОР НЕСТ

ИСЛОМ ДИНИ ТЕРРОР НЕСТ
2017-12-07
2880

Ба номи Худованди бахшояндаву мењрубон

Агар иршодоти Қуръонӣ, ва ҳидоёт ва дасотири Паёмбари бузургвори ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) ба таври дақиқ, ҳамаҷониба, бетарафона ва мунсифона мавриди таҳлил ва арзёби қарор гирад, ба вазоҳати том дархоҳем ёфт, ки дини Ислом дини сулҳ ва раҳмат буда,  дар ҳеҷ замоне дини террорист набуда ва нахоҳад буд.

Паёмбар Муҳаммад (с) барои густариши сулҳ, оромиш ва раҳмат мабъус гардидааст. Табиатан дине, ки асоси он раҳмат бошад, Паёмбари он низ бояд паёмовари раҳмат ва сулҳ бошад.

وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا رَحْمَةً لِلْعَالَمِينَ (الانبياء:107)

(Ва (ай Паёмбар!) туро ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем). (Анбиё: 107)

Ҳамчунон Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) дар ин маврид мефармояд:

وأنا نبي الرحمة (الترمذى)

Ва ман паёмбари раҳмат ҳастам (ривояти тирмизӣ).

Аз ин рӯ, ҷиноёте, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ба ном исломӣ дар ҷо ҷой ин кураи хокӣ, аз ҷумла дар Сурия, Ироқ, Фаластин, Яман, Афғонистон ва инчунин чанде пеш дар минтақаи Сайнои Ҷумҳурии Арабии Миср дар дохили масҷиди ҷумъахонӣ рух дод, зиёда аз 300 касро ҳалок ва даҳҳо каси дигарро маҷруҳ сохт, амали ноҷавонмардона буда аз нигоҳи шариати ислом ва ақли солим қобили қабул нест, зеро Қуръону суннат мусулмонроро ба куштору даҳшат ва вайронкориву харобкорӣ зулм ва ситам амр намекунад. Зеро Худованд дар каломи зебои худ ба бандагонаш амр мекунад:

مَنْ قَتَلَ نَفْسًا بِغَيْرِ نَفْسٍ أَوْ فَسَادٍ فِي الْأَرْضِ فَكَأَنَّمَا قَتَلَ النَّاسَ جَمِيعًا وَمَنْ أَحْيَاهَا فَكَأَنَّمَا أَحْيَا النَّاسَ جَمِيعًا (المائده: 32)

(ҳар кас инсонеро бидуни ин, ки муртакиби қатли нафс ё фасоде дар замин шуда бошад; бикушад, чунон аст, ки гӯи ҳамаи мардумро кушта бошад ва ҳар кас инсонеро аз марг наҷот диҳад; чунон аст, ки гӯи ҳамаи мардумро зинда кардааст). (Моида: 32)

Зулм аз нигоҳи ислом ҳаром мебошад зеро Паёмбар Муҳаммад (с) фармуда, ки Худованд мефармояд:

يا عِبَادِي إِنِّي حَرَّمْتُ الظُّلْمَ عَلَى نَفْسِي وَجَعَلْتُهُ بَيْنَكُمْ مُحَرَّماً فَلاَ تَظالمُوا

«ай бандагони ман! Ман зулмро бар худ ҳаром кардаам ва онро бар шумо низ ҳаром гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулм накунед». (ривояти Муслим)

 

Сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ба номи Ҳазрати Муҳаммад (с)-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  Ашурзода Абдуқуддус

Время намаза в Душанбе

19.04.2024

Подробнее
Фаджр04:09
Зухр12:40
Аср17:18
Магриб19:16
Иша20:47
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее