Главная Статьи Аъмоли террористон хилофи Қуръон аст

Аъмоли террористон хилофи Қуръон аст

Аъмоли террористон хилофи Қуръон аст
2017-12-09
3104

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

 Ҳамду сано Худовандеро, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Дуруду саломи бепоён бар хотами пайѓамбарон, ҳазрати Муҳаммади Мустафо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва бар хонадони поку ёрону пайравонаш.

        Барои ҳамагон маълум аст, ки дини ислом дини зулму ситам, куштору ваҳшоният набуда, балки дини раҳму шафқат, меҳру муҳаббат, некиву накӯкорист. Ислом динест, ки мардумро ба сӯи иттифоқу ваҳдат даъват намуда, одамонро аз ихтилофу тафриқа, ифрот, тафрит ва иғвогарӣ боз медорад.

         Мо аз васоити ахбори омма боз як амали зишти ифротгароёни ваҳширо дидем, ки мардуми мусалмони дар дохили масҷид ба тоату ибодат машғулбударо чӣ тавр ваҳшатовар таркониданд. Ин амали ифротгароён хилофи фармудаҳои Худованд ва паёмбараш буда, ақли солим ба ин амали золимона иҷозат намедиҳад.

         Худованд аз ҳоли бандагонаш бохабар аст. Золимонро ҳушдор медиҳад: “Ва Худоро аз он чӣ ситамгарон мекунанд, бехабар мапиндор; ҷуз ин нест, ки онҳоро барои рӯзе мавқуф медорад, ки дар он чашмҳо хира шаванд (Сураи “Иброҳм”, ояти 42).

         Аллоҳ таъоло зулму ситамро аввалан барои худ ва сипас байни бандагонаш ҳаром гардонида, онро манъ кардааст. Чӣ тавре, ки дар ҳадиси қудсӣ меояд: “Эй бандагонам, ҳамоно ман зулмро бар худ ҳаром кардам ва онро дар байни шумо ҳаром гардонидам, пас ба ҳамдигар зулму ситам накунед” (Сеҳеҳ Муслим, 8/16).

         Худованд дар Қуръони карим ва инчунин тавассути паёмбар (с) одамонро ҳушдор медиҳад, ки бояд нисбат ба ҳамдигар ҳалиму меҳрубон бошанд, ба якдигар зулму ситамро раво надоранд. Пас, модоме, ки Худову Паёмбар (с) аз зулму ситам боз медоранд, ин чӣ тоифа мусулмонанд, ки ба мусулмонони намозгузори дохили масҷид чунин зулмро раво диданд? Чандин тифлаконро ятим ва занонро бе шавҳар ва падару модаронро ҷигархун гардонида, оби дидаи наздикону хешовандонро резониданд. Ҳеҷ шубҳае нест, ки одамиён ба ҳар дин ва ҳар мазҳабе ва аз ҳар қавме ва миллате, ки бошанд, фарзанди як падаранд ва афроди як ҷинсанд. Ба ибораи дигар, бародарони якдигар ҳастанд. Пас лозим аст, ки бидуни қайду шарт ба ҳамдигар муҳаббату шафқат дошта бошанд. Лекин гоҳо шумии ғалати баъзе аз кӯтоҳназарон робитаи умумии башарро бурида, бинои ухуввати башариро  вайрон намуда, дарё – дарё хуни бародарони худро дар хок мерезанд. Ҷаҳон – ҷаҳон хонаҳои ҳамдигарро вайрон менамоянд. Ба фикри гирифтани мамлакати якдигар ҷанг кардан ва хуни ҳазорҳо афроди одамиро рехтан худ нишонаи одамгарӣ нест. Чуноне шоир фармудааст:

       Одамият  чист, худро  дур  аз шар доштан,

       Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан.

       Дар солҳои охир мебинем, ки ҷаҳони ислом ғӯтавари воқеаҳое гаштааст, ки ҳам аз назари шариъат ва ҳам аз назари ақли солим қобили қабул нест. Масҷид, ки яке аз шиорҳои ислом аст, тарконидани он, ин худ монеъ шудани бандагони Худо аз зикр ва ибодати илоҳӣ дар масҷид аст. Худованд дар сураи Бақара, ояи 114 фармудааст:

        “Ва кист ситамгортар аз он ки ёд кардани номи Худоро дар масҷидҳои Худо манъ кард ва дар вайронии онҳо кӯшид? Ин гуруҳро намесазад, ки ҷуз (тарсону) ҳаросон ба масҷидҳо дароянд. Онҳоро дар дунё хорӣ ва дар охират азоби бузург аст”.

 Ин ваъиди Худованд фақат барои тарконидани масҷид аст, пас ҷазои қотиле, ки хуни чандин нафаронро резонидааст, дар Сураи Нисо, ояти 93 чунин ҳукм шудааст:

“Ва ҳарки муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст.”

Дар сураи Исро, ояти 33 чунин фармудааст:

“Ва нафсеро, ки Худо (куштанашро) ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ макушед.”

Дар ин маврид Паёмбар (сав) мефармояд:

“Хуни ҳеҷ мусалмон, ки ба ваҳдоният ва ягонагии Худо ва нубуввати Паёмбари ислом шаҳодат медиҳад, ҳалол нест” (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Аз оёти овардашуда бармеояд, ки Худои бузург ҳаргиз ба куштани нафсе ва тарконидани биное амр накардааст. Рехтани хуни ноҳақ дар пешгоҳи Парвардигор ҳаром аст. Талаву тороҷи моли мардум ҳаром аст, ғулом кардани зану фарзанди одамизод ҳаром аст. Ин тоифа пас чӣ тавр мусалмонанд? Пайрави кадом дину кадом китобанд?

Ба ақидаи мо ифротгароён фарсахҳо аз ислому мусалмонӣ дуранд. Мусалмони воқеъӣ касе ҳаст, ки раҳм ба халқи Худо дошта бошаду беозор бошад. Ба қавли шоир:

        Мусалмонӣ андар  ду  чиз  асту  бас,

       Махӯр моли мардум, маёзор кас.

Абдулазиз Муҳибов,

Имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Имом Бухорӣ

Время намаза в Душанбе

20.04.2024

Подробнее
Фаджр04:07
Зухр12:40
Аср17:19
Магриб19:17
Иша20:48
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее