Главная Статьи ҒУЛОМОНИ ХОҶАГОНИ ХОРИҶӢ Ё ДУШМАНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

ҒУЛОМОНИ ХОҶАГОНИ ХОРИҶӢ Ё ДУШМАНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

ҒУЛОМОНИ ХОҶАГОНИ ХОРИҶӢ Ё ДУШМАНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
2017-12-09
3045

Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ дар «Гулистон»-и безаволаш чунин нақл мекунад, ки гурӯҳи дуздон ва роҳзанонро дастгир мекунанд, ки хуни ноҳақ мерехтанд ва моли мардум ба тороҷ мебурданд. Чун онҳоро назди шоҳ меоранд, ҳамаро ҳукми қатл мекунад. Дар миёни онҳо кӯдаке низ буд. Вазирро ба ҳоли ӯ раҳм омад ва бо чандин илтимос ҷони ӯро раҳо сохта, дар хонадонаш мисли фарзанди азиз мепарварид. Чизеро аз ӯ дареғ намедошт ва устодони хирадмандро барои таълиму тарбияаш сафарбар сохт. Бо мурури айём кӯдак ба балоғат расид. Бо дуздони маҳалла забон як намуда, ногаҳон ба хонадони вазир шабехун зад, вазиру авлодашро ба ҳалокат расонида, чанд молеро ба яғмо бурд.

 

Дар ин маврид Шайх Саъдӣ мефармояд:

Шамшери нек з-оҳани бад кай кунад касе?

Нокас ба тарбият нашавад эй ҳаким кас!

 

Оре, ҳақ ба ҷониби Саъдии бузургвор аст, ки нокас ҳаргиз ба тарбият одам нашавад, зеро тинати гург дорад ва рӯзе ҳатман соҳиби худро мегазад.

Ҳикояи зеринро мутолиа намудаму ҳодисаҳои 4-уми сентябри соли 2015-ро ба хотир овардам. Ҳамагон хуб огоҳанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири сулҳу амонӣ, ба умеди он ки рӯзе ин хоинони гургсират ба табиати одамӣ баргарданд, ба террористони Ҳизби наҳзати исломӣ сеяки ҳукумат, рутбаҳои генераливу полковникӣ дод, нозашонро парварда, ба қонуншиканиву ҷиноятҳои онҳо чашм пӯшид. Аммо афсӯс, ки:

Ман аз беқадрии хори сари девор донистам,

Ки нокас кас намегардад аз ин болонишастанҳо.

Шояд нафаре гумон кунад, ки ҳуҷуми наҳзатиҳо ба Вазорати мудофиа ва ШКД – и шаҳри Ваҳдат як амалӣ тасодуфӣ ва ногаҳонӣ бошад. Аммо дар асл ин тавр нест. Ин як амалиёти қаблан тарҳрезишудае буд, ки аз ҷониби ТЭТ «ҲНИТ» бо дастуру супориш ва маслиҳатҳои ҷосусони баъзе давлатҳои ба мо «дӯст» амалӣ гардид.

Гумон доштанд, ки ба қалби Тоҷикистон ҳуҷум намуда, ҳамагонро ғофилгир мекунанд. Пиндоштанд, ки мардуми тоҷик ба пуштибонии террористони наҳзатӣ, ки дини исломро барои худ ниқоб карданд бармехезанд ва алайҳи ватани худ қиём хоҳанд кард. Аммо тирашон хок хӯрд. Бори дигар бо хираду ваҳдати мардуми тоҷик рӯ ба рӯ шудаву эҳсос карданд, ки ин миллат ҷонибдори сулҳу ваҳдатанд. Бори дигар  омодабошии мақомоти ҳифзи ҳуқуқро диданд, ки чи гуна, барқвор ва дар як лаҳза ҳуҷуми нобакоронро лағв сохтанд. Аммо мутаассифона хуни фарзанди тоҷик рехта шуд.

Ин ҳама бори дигар симои воқеии ТЭТ «ҲНИТ» – ро ошкор сохт. Ҳизби наҳзати исломӣ аз ибтидо ғуломи хоҷагони хориҷӣ буд, ки ин хоҷагон ҳизби ба ном исломиро барои «рӯзи мабодо» омода мекарданд. Барои лаҳзаи мусоид, то ин ки бори дигар ватани моро ба хоку хун кашанд, зеро душман ободиву тараққиёти Тоҷикистон, ҳаёти осоиштаи мардуми моро дидан намехоҳад. Бинобар ин баъзе давлатҳои ба ном «дӯст» ТЭТ «ҲНИТ» – ро мепарварданд, маблағгузорӣ мекарданд, ба аъзоёни гумроҳаш маош медоданд, барои хариди амволи беҳисоб пул ҷудо мекарданд ва то фурсати мувофиқ интизорӣ мекашиданд.

Беҳуда нест, ки Муҳиддин Кабирӣ доим аз таҳаммул сухан мекард ва баъзан ба мардум ҳушдор ҳам медод.

Пештар вақте гуфта мешуд, ки ТЭТ «ҲНИТ» мақсадҳои нопок дорад, баъзеҳо ба шиорҳои дурӯғни исломии ин ҳизб бовар намуда, аз ҳақиқат изҳори норозигӣ менамуданд. Имрӯз худ шоҳид гаштанд, ки ТЭТ «ҲНИТ» чӣ махлуқе будааст.

Бузургон мегӯянд:

Онро ки ба Қуръону ҳадис з-ӯ нараҳӣ,

Ин аст, ҷавобаш, ки ҷавобаш надиҳӣ.

Мехоҳам ёдрас намоям, ки мо тоҷикон дар миёни бозигарони баъзе давлатҳои абарқудрат қарор дорем, ки мехоҳанд Тоҷикистонро барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода баранд, аз дохили кишвар исён хезонанд, бори дигар мардумро гумроҳ намуда, мисли Ироқу Сурия, Афғонистону Покистон моро ба ҷанг кашанд. Бинобар ин моро зарур аст, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем. Дар ҳама ҳолат зуд мақомоти қудратиро бохабар созем, бикӯшем, ки чунин ҳолати мудҳиш дигар такрор наёбад, зеро таъмини сулҳу салоҳ, тинҷиву оромии кишвар аз ҳар яки мо вобаста аст.

Насриддинов Қ. А.

Время намаза в Душанбе

19.04.2024

Подробнее
Фаджр04:09
Зухр12:40
Аср17:18
Магриб19:16
Иша20:47
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее