Главная Статьи КАБИРИИ МАЗҲАБФУРУШ АЗ МАРГИ АБДУЛЛОҲ СОЛЕҲ БА ВАҶД ОМАД

КАБИРИИ МАЗҲАБФУРУШ АЗ МАРГИ АБДУЛЛОҲ СОЛЕҲ БА ВАҶД ОМАД

КАБИРИИ МАЗҲАБФУРУШ АЗ МАРГИ АБДУЛЛОҲ СОЛЕҲ БА ВАҶД ОМАД
2017-12-11
3044

Хабари аз тарафи хусиҳо кушта шудани собиқ Президенти Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ чанд рӯзи охир дар сархати хабарҳои расонаҳои ҷаҳонӣ қарор дорад. Сабаби кушта шудани Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ он буд, ки ӯ рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ эътилоф бо қабилаҳои шиъамазҳаби Хусиро, ки онҳоро режими охундии ҶИЭ пуштибонӣ мекунад, қатъ карда омодагии худро барои ҳамкорӣ бо эътилофи кишварҳои арабӣ бо сарварии Арабистони Саудӣ изҳор дошт.

Албатта вокунишҳои давлатҳо ва ҳар гуна ташкилоту ҳизбҳои сиёсӣ дар ҷаҳон ба марги Президенти пешинаи Яман вобаста ба манфиатҳояшон гуногунанд. Вале ҳар нафари солимақл, ки агар заррае адлу инсоф дошта бошад, ба марги инсони дигар хурсандӣ намекунад, ҳол он ки Абдуллоҳ Солеҳ ҳамчун сиёсатмадор ва собиқ президенти кишвар дар сурати зинда мондан, метавонист дар раванди барқарор гардидани сулҳ дар Яман кори манфиатдореро анҷом диҳад.

Мутаасифона бадхоҳоне ҳастанд, ки аз марги дигарон хурсандӣ мекунанд ва онҳо на танҳо ба бадбахт шудани мардуми Яман, балки ба мардуми ватани худашон ҳам парвое надоранд. Барои чунин бадтинатон фақат манфиати худашон муҳим асту халос. Ин ҷо гап дар бораи роҳбари фирории ташкилоти мамнуъ ва террористии ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ меравад, ки нашармида аз кушта шудани Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ изҳори хурсандӣ намудааст.

Шояд баъзеҳо ҳайрон шаванд, ки Кабириро ба Абдулло Солеҳ чӣ кор аст ва аз марги инсоне хурсанд шудани ӯ, ки худро ҳомии дину имон медонад, чӣ мантиқе дорад? Албатта барои дурусттар дарк намудани ин рафтори Кабирӣ бояд ба хотир орем, ки солҳои навадуми асри гузашта, баъди ба сафи ТЭТ ҲНИТ ҷалб шудану ба мазҳаби шиъа гаравиданаш, ӯ аз ҷониби ин ташкилоти террористӣ ба Яман барои таҳсил фиристода шуда буд ва муддате дар он ҷо қарор дошт. Албатта таҳсил баҳона буда, дар асл ӯ барои ба даст овардани таҷрибаи бурдани фаъолиятҳои экстремистӣ ва бо роҳи зурӣ гирифтани қудрати сиёсӣ ба он кишвар фиристода шуда буд.

Дар Яман Кабирӣ даргириҳои байниқавмиро аз наздик дида, оид ба фаъолияти тахрибкоронаи барангехтани ихтилофи мазҳабӣ «таҷриба» гирифтааст. Баъди бозгашт аз Яман Муҳиддин Кабирӣ зимни амалӣ намудани мақсадҳои ѓаразноки ТЭТ ҲНИТ барои расидан ба қудрат «таҷриба»-и андухтаашро дар Тоҷикистон татбиқ карданӣ шуд. Маҳз бо роҳбарии Кабирӣ ва бо дастури доираҳои манфиатдори мазҳабии хориҷӣ, солҳои пештар дар Тоҷикистон фаъолияти шиъакунонии қишри рӯҳонӣ ва дар асоси мазҳаб ҷудо намудани мардум ба роҳ монда шуда буд. Кабирӣ мехост бо ин роҳ мардумро гумроҳ намуда, вазъияти кишварро ноором созад ва ҳолати солҳои аввали 90-умро такроран ба миён оварда, дар фурсати муносиб қудрати сиёсиро ба даст гирад.
Хушбахтона давлат ва мардуми Тоҷикистон сари вақт аз ин амалҳои палидонаи Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш огоҳ шуда, пеши роҳи уро гирифтанд. Сохторҳои қудратию давлатии кишвар бо такя ба мардуми шарифи Тоҷикистон тамоми ҷиноятҳои саркардагони ТЭТ ҲНИТ –ро фошу исбот намуда, фаъолияти онро қатъ намуданд. Дар роҳи таъмини амнияти комили Тоҷикистон ин амал, ки ба рушди ояндаи кишварамон дар тамоми соҳаҳо мусоидат мекунад, як қадами устуворе буд.
Аммо Кабирӣ ба хотири манфиатҳои молӣ ва розӣ кардани хоҷа-охундҳои хориҷиаш то андозае аз одамгарию адлу инсоф ва раҳму шафқат дур рафтааст, ки ба марги дигар инсонҳо хурсандӣ мекунад. Ин ҳолати Кабирӣ, яъне аз мурдани Абдуллоҳ Солеҳи сунимазҳаб ба ваҷд омаданаш дараҷаи баландтарини ифротгарои шиъа ва террористи ашадӣ будани ӯро исбот менамояд.

Парвизи Мирзоён

Время намаза в Душанбе

20.04.2024

Подробнее
Фаджр04:07
Зухр12:40
Аср17:19
Магриб19:17
Иша20:48
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее