Главная Статьи БАРОИ ТЕРРОРИСТ КАЪБАВУ БУТХОНА ЯКЕСТ

БАРОИ ТЕРРОРИСТ КАЪБАВУ БУТХОНА ЯКЕСТ

 БАРОИ ТЕРРОРИСТ КАЪБАВУ БУТХОНА ЯКЕСТ
2018-02-13
2958

Шукри Истиқлолият ва  Ваҳдати сартосарӣ дар кишвар, ки миллати тамаддунофари тоҷик дар фазои орому осуда умр ба сар мебарад. Бо гузашти солҳо ва андешидани тадбирҳои зарурии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди босуботи соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистони азиз таъмин гардида, пешравиҳо дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ баръало эҳсос мегардад.

Муҳимтар аз ҳама боиси ифтихор аст, ки миллати сарбаланди тоҷик Пешво дорад. Пешвои он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки воқеан ҳам шахсияти арзанда мебошад. Ин муваффақият бозгӯи он аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли ҷавон таҳти роҳбарии фарзанди барӯмандаш Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми воқеан ҳам фарҳангдӯсту бунёдкораш ба як давлати воҳид табдил ёфтааст.

Дастовардҳои бузурги Истиқлолият, фароҳам овардани шароити мусоид барои сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардуми кишвар, ки он ҳамчун ҳадафи асосии неки давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, барои мардуми кишвар дастоварди таърихиест, ки ба ин неъматҳои бузург шукрона бояд кард.

Дар ин росто нақши ҷавонони воқеан ҳам босаводу худшиноси мо бениҳоят калон аст, зеро ҷавонон идомадиҳандаи рушди устувори кишвар ба ҳисоб мераванд. Онҳо бояд ба андӯхтани донишҳои сиёсӣ ва огоҳї аз фарҳанги баланди динӣ машѓул шуда, сафедро аз сиёҳ, некро аз бад фарқ карда, дар маҷмӯъ арзишҳои миллиро волотарин муқаддасот арзёбӣ намоянд. Дар ин ҷанба худшиносии миллӣ маҳаки асосӣ маҳсуб меёбад. Аммо мутаассифона баъзе нафарони сабукфикр, ба хотири пулу моли хоҷагони хориҷӣ ва ваъдаҳои бардурӯѓи онҳо шуда, бархе аз ҷавононро гумроҳ месозанд.

Барои роҳ надодан ба амалҳои номатлуб, аз ҷумла ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ мавқеи бетарафӣ, ба ҷуз аз меваи талх дигар ҳеҷ чиз ба бор намеорад. Барои мисол аз омӯзиши таърих маълум аст, ки абарқудратҳо ҳамеша ба Осиёи Миёна ҳуҷум мекарданд ва муваффақ мешуданд. Сабаби муваффақияти онҳо дар чӣ буд? Дар лашкари бешумор? Ҳаргиз не! Сабаби муваффақияти онҳо дар бетарафии мардум ва парокандагии ҷомеа буд. Искандари Мақдунӣ, муғулҳо, Темури ланг... лашкари ин истилогарон маҳз аз бетарафии мардум ғолиб меомад. Зеро чун душман ба минтақае ҳуҷум мекард, ҳамсояи ӯ хурсанд мешуд, бехабар аз он ки фардо душман ҳатман ба хонаи ӯ низ ҳуҷум мекунад. Ё ин ки аз бетарафӣ чандин шаҳрҳои обод дар Ироқ ва Сурия ба дасти ҷангиёни «ДИИШ» афтоданд. Вақте даргириҳо дар дигар минтақаҳо сар мезаданд, мардуми ин шаҳрҳо бетараф буданд, гумон мекарданд, ки ин ҷанг ба онҳо дахл надорад. Имрӯз бошад душман ватани онҳоро ишѓол намуда, ҳар рӯз ҳазор-ҳазор падарону фарзандони онҳоро ба қатл мерасонанд.

Бисёр бамаврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба масъалаи эктремизм ва терроризм диқати ҷиддӣ дода, аз ҷумла таъкид намуданд, ки: «Имрӯз терроризм ва эктремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари накамтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд».

Барои террорист каъбаву бутхона ҳарду якест. Зеро ба таъбири машҳури Пешвои муаззами миллат террорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад. Аз ин рӯ, мо бояд ваҳдату ягонагиро интихоб намуда, аз низоъу тафриқа дурӣ ҷӯем. Бетарафиро як тараф гузошта, ҳушёриву зиракиро пурзӯр намоем. Дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷону дил қабул намуда, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро амалӣ намоем, ҳатман ба иттифоқу иттиҳоди саросарӣ муваффақ хоҳем шуд.

Сайфуллоев Р.Ч.,

мудири бахш оид ба корҳои динтанзими анъана ва ҷашну

Время намаза в Душанбе

29.03.2024

Подробнее
Фаджр04:43
Зухр12:40
Аср16:56
Магриб18:55
Иша20:25
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее