Главная Статьи САОДАТИ ЗИНДАГӢ АЗ БАРАКАТИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ

САОДАТИ ЗИНДАГӢ АЗ БАРАКАТИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ

САОДАТИ ЗИНДАГӢ АЗ БАРАКАТИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ
2018-03-05
3504

САОДАТИ ЗИНДАГӢ АЗ БАРАКАТИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ

Сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қабул гардидани санади меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи анъана ва ҷашну маросим­, ки бо раъйпурсии оммаи мардум қабул гардид, ҷойгоҳи махсус дорад. Роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб мекунанд, ки тамоми мардуми кишвар дар интихобу пешбурди роҳи зиндагӣ ва ба ҷои баргузории анъана ва ҷашну маросимҳои пурхарҷ сарфакорона амал намоянд, аз тақлиди кӯркӯрона, таассуб, канораҷӯӣ кунанд. Месазад, ки мо ифтихор иқрор намоем, ки имрӯз дар партави роҳнамоӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тамоми мардуми кишвар дар фазои тинҷию оромӣ ва ваҳдату дӯстии байни ҳамдигари рӯзгори хубу ҳаёти осоишта доранд ва ободию пешравии ватани аҷдодӣ сарчашмаи ифтихормандии мост. Бо фазли Худованд ва кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат имрӯз, ки мо ба истиқ­лолияти давлатӣ расидем. лозим аст, ки дар  масъалаи шинохти дурусти фарҳанги миллӣ, арзишҳои динию мазҳабӣ ва эҳёи ҷашну маросимҳои мардумӣ мувофиқи он дигаргуниҳои му­фид, ки  роҳандозӣ шудааст, амал намоем. Ин дигаргуниҳо ва  тағйирот­ ҳамеша ба нафъи сокинони  ҷумҳурӣ мебошад  ва дар айни замон ба­рои беҳтар гардидани некӯаҳво­лии мардуми киш­вар, боло рафта­ни сифати зиндагӣ ва паст кардани  сатҳи камбизоатии мардуми Тоҷи­кистон мусоидат кардааст.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар миқёси давлатҳои муштаракулманофеъ падидаи нав буда, аз назари аввал содда намояд ҳам, вале аз нигоҳи исботи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодӣ  худ ниҳоят нозук аст. Ин қонун бо ҷалби васеи мутахассисон ва тамоми табақаҳои ҷомеа ва одамони касбу кори гуногун аз тариқи воситаи ахбори омма ҳамаҷониба мавриди барассӣ, радду бадал ва мубоҳиса қарор дошт. Мо дар давоми бештар аз 10 соли баъди қабули ин Қонун дидем, ки фоидаи ин қонун ба мардум то чӣ андоза расид. Як шахс масалан баъди мусибат, ки ба сараш меояд, ғами мусибат як сӯ, аммо ғами гузаронидани ин маъракаҳо ӯро водор месозад, ки худро дар қарз ғӯтонда ғам болои ғам шавад. Пас, қабули ин Қонун ва даровардани тағйиру иловаҳо амри зарурӣ буда, мувофиқ ба дини мубини Ислом мебошад, чунонки Худованди мутаол мефармояд:

«Қатъан исрофкунандагон бародари шайтон ҳастанд» (сураи Исро, ояти 27).

Чунон ки шоир мегӯяд:

Зи ихвони шайтон шумор он касе,

Ки табзирро пеша созад басе.

Ва низ:

Аблаҳе, к-ӯ рӯзи равшан шамъи кофурӣ ниҳад,

Зуд бинӣ ка-ш ба шаб равған набошад дар чароғ.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дари саодату рӯзгори хушро ба рӯи мардум боз намуда, дар ниҳоди хурду бузурги кишвар эҳсоси сарфаю сариштакориро ташаккул дод ва мардумро аз камбизоатӣ  раҳоӣ  бахшид. Акнун шаҳрвандон метавонанд бо хароҷоти андаке маъракаҳои худро барпо карда, қисме аз маблағи сарфакардаашонро барои эҳтиёҷоти дигар харҷ кунанд. Дар маросимҳои дафну азодорӣ баъди дохил кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур хароҷот ихтисор шудааст. Маъракаҳо ва ё худоиҳои ёдбуди фавти майит, оши сари тахта, оши себегоҳина, ҳафт, бегоҳи душанбегӣ, панҷшанбегӣ ва ҳоказо ба назар намерасанд, ки ин як сармояе ба буҷаи оила мебошад. Маълум аст, ки баъди қабули ин Қонун мардум дар зиндагӣ пешравӣ карда, даст ба корҳои муфиде чун сохтани хонаҳои замонавӣ, харидани мошинҳо, дохил кардани фарзандон ба макотиби олӣ ва дигар корҳои хайр мезананд, ки ин ҳама аз баракати Қонун мебошад. 

М. Хоҷаев,

сархатиби масҷиди ҷомеи 20- солагии Истиқлоли н. Қубодиён

Время намаза в Душанбе

29.03.2024

Подробнее
Фаджр04:43
Зухр12:40
Аср16:56
Магриб18:55
Иша20:25
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее