Главная Статьи ШУКРИ НЕЪМАТ НЕЪМАТАТ АФЗУН КУНАД...

ШУКРИ НЕЪМАТ НЕЪМАТАТ АФЗУН КУНАД...

ШУКРИ НЕЪМАТ НЕЪМАТАТ АФЗУН КУНАД...
2018-03-07
3142

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инак, беш аз 10 сол шуд, ки дар диёри азизи мо дар амал аст. Дар ҷаҳон қонунҳо зиёданд, ки аксари онҳо одатан такрори якдигар ва ё ҳаммазмунанд, аммо қонуни мазкур аз дигар қонунҳо на танҳо аз лиҳози моҳият, балки аз назари матн ва мазмун фарқ мекунад.

Он бо маслиҳату машварат ва риояи урфу одат, дину мазҳаб ба ҳадафи ба танзим ва тартиби қоидаи муайян даровардани тамоми маъракаву маросимҳо, анъанаҳои халқу миллат қабул шудааст. Ба шарофати ин қонуни миллӣ исрофкориҳо дар маърака ва ҷашну маросимҳо аз байн рафт. Дар оятҳои 26, 27 - уми сураи «Исро» Рабби оламиён сарфкунандагон ва ононе, ки неъматҳои ӯро дар ғайри маврид сарфу харҷ мекунанд, ҳушдор дода мегӯяд: «Беҳуда сарф накунед, албатта, сарфкунандагон бародарони шайтонҳоянд».

Ин ваъиди Илоҳӣ хеле сахт аст. Мо бояд дар ҳама кор, аз ҷумла дар тӯю маъракаҳо, исрофкорӣ накунем.

Худованд дар Қуръони карим мефармояд: «Агар шумо бар неъматҳои ман шукр кунед, ман неъматҳои додагиамро боз ҳам афзунтар карда медиҳам ва агар куфрони неъматҳои ман кунед, азоби ман сахт аст». Бузургон дар зимни  тафсири он фармудаанд:

Шукри неъмат неъматат афзун кунад,

Куфри неъмат аз кафат берун кунад.

Бо тасвиби қонуни мазкур Сарвари давлат ҳам аз назари Ислом ва ҳам аз назари манфиати раият амал карданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Сарвари кишвар ба ҷузъиёти зиндагии мардум эътибори ҷиддӣ дода, ин ҷо низ масъулияти беҳбудии рӯзгори мардумро бар дӯш гирифтанд. 
Пешвои миллат пайваста аз боби сарфаю сариштакорӣ, ба исроф роҳ надодан, накукорӣ намудан, хайр, эҳсон ба оилаҳои ниёзманд, хонаҳои бачагон, беморону барҷомондагон бахшидан сухан мегӯянд. Ҷиҳати иҷрои ин дастуру ҳидоятҳо моро зарур аст, ки ҳамеша кӯшиш намоем, ба исрофкорию харҷи беҳуда роҳ надиҳем.

Мутафаккири бузург Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ҳанӯз дар замони худ  фармуда буд: «Пас, агарчи неъмат бисёр бувад, исроф макун ва ба қадри ҳоҷат кифоят кун ва дар вақти неъмат аз ҳоли меҳнатзадагон биандеш ва дар фарохӣ муҳтоҷонро дастгирӣ кун, ки албатта, муҷозот ва мукофот хоҳад бувад».

Аз ин лиҳоз, ба қадри ин қонуни миллӣ расида, бояд аз рӯи он амал намоем. Он дастоварди бузурги Истиқлолияти давлатӣ аст.

 
Наҷмиддин БОБОҶОНОВ,  имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич

Время намаза в Душанбе

19.04.2024

Подробнее
Фаджр04:09
Зухр12:40
Аср17:18
Магриб19:16
Иша20:47
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее