Главная Статьи ВАТАНДӮСТ БОШЕМ. БА МИЛЛАТУ ДАВЛАТ ВА ДИНУ МАЗҲАБ ХИЁНАТ НАКУНЕМ...

ВАТАНДӮСТ БОШЕМ. БА МИЛЛАТУ ДАВЛАТ ВА ДИНУ МАЗҲАБ ХИЁНАТ НАКУНЕМ...

ВАТАНДӮСТ БОШЕМ. БА МИЛЛАТУ ДАВЛАТ ВА ДИНУ МАЗҲАБ ХИЁНАТ НАКУНЕМ...
2018-03-14
3232

Аз рӯзе, ки Худованд ба Одам рӯҳ бахшид,барояш беҳтарин шароити зистро дар ҷаннат муҳайё кард ва ин танҳо ба он хотире, буд, ки  Одам шукргузор бошад, аз фармудааш набарояд. Вале Одам ба ивази ин марҳамат ва  ҳама атои Худованд бо васвасаи Иблис ношукӣ кардаву хиёнат ба фармудаи Худованд кард ва дар натиҷа аз ҷаннат ронда шудаву аз неъматҳои ҷаннатӣ маҳрум ва ба маҳрумиятҳои рӯи замин дучор шуд.

Вале Худованд дар ҳар ҳолат бахшандаву меҳрубон аст. Дар рӯи замин барои зиндагии шоистаи одамон обҳои ҷориву равон, заминҳои ҳосилхез, анвои рустаниҳо ва дигар неъматҳои табиатро фаровон намуд, то воситаи рӯзгузаронии онҳо бошанд. Имрӯз насл ба насл мо аз ин неъматҳо баҳраварем.

Яке аз муҳимтарин неъматҳое, ки Худованд ба одамон ато фармудааст, ин макони зист, Ватан мебошад. Ватан барои одамон ҳудуди муайянест, ки онҳо дар ин ҷо шароити зистро барои худ муҳайё намудаву дар он соҳиби хонаву дар, аҳли байтанд. Барои таъмини маишати зист ва шароити мусоиди зиндагӣ дар Ватан аз одамон танҳо тақозо мешавад, ки  меҳнат бикунанд, Ватани худро обод созанд, онро ҳифз намоянд ва дар ин ҳама баробар боз ҳам шукргузор бошанд.

Табиатан, ҳамаи мо танҳо дар Ватани худ эҳсоси амн мекунем. Зеро бароямон маҳз ин ҷо шароити озодонаи зист муҳайёст. Имрӯз мо соҳибватанем ва он озодиву истиқлоле, ки  мардуми моро  насиб гаштааст,   шукргузорӣ мекунем. Зеро ҳар фарди аз таърих огоҳ имрӯз медонад, ки ин ё он қавму миллат озодӣ ва истиқлолияти хешро ба осонӣ ба даст наовардааст. Таърих миллатҳо ва халқҳои зиёдеро дар ёд дорад, ки дар гузаштаи на он қадар дур  барои ба даст овардани  мустақилият ва озодӣ даҳсолаҳо мубориза бурда, ҳазорҳо фарзандони онҳо дар ин роҳ ҷони худро аз даст додаанд. Хушбахтона, мардуми моро насиб гардид, ки дар фазои осоишта ба чунин неъмати Худодод соҳиб гарданд. Бояд гуфт, ки ин рӯйдоди бурзургтарини шодиовар барои мардуми мо буд. Зеро пас аз садсолаҳо барои мардуми мо муяссар гардид, ки имкони амалии таъсиси давлати озод ва мустақили миллиашро пайдо намояд.

Соҳибистиқлолӣ ба мардуми мо худшиносӣ, эҳсоси гарми худогоҳӣ, ифтихори миллӣ ва баробар бо инҳо як марҳилаи комили пешрафти Ватанамонро эҳдо намуд: зиндагиамон тинҷ асту хонаамон обод ва хонамон пурфайз. Ифодакунандаи ҳуқуқҳои мардуми кишварамон Конститутсия бошад, дар худ  беҳтарин арзишҳои ҳуқуқии миллиро инъикос намуда,  дар асоси қонунҳои сирф миллии худ, ки табиати мардуми моро инъикос менамояд ва дар тӯли таърихи бисёрсолаи мавҷудияти мардуми мо хуб суфтаю коркард шудааст,  таҳия гаштааст. Ва Конститутсияи кишвар дар худ дарҷ намуда, ки имрӯз мардуми кишвар, дар эътиқоди хеш озоданд. Тоҷикистониён, ки аксаран аҳли муслиминананд, аз  эътибори Ҳукумати кишвар дар фароҳамории шароит барои тоату ибодати аҳли намоз мамнуну шукргузоранд.  Агар  ба фармудаҳои Қуръони азимушшаън ва мазмуну муҳтавои тамоми қонунҳои қабулнамудаи Ҳуқумат назар афканем, мебинем, ки дар ҳама ҷабҳаи ҳаёт ҳам назари дини мубини мо ва ҳам сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон феълан ба як самт нигаронида шудаанд. Аз ҷумла, дар масъалаҳои меҳандӯстӣ, саҳмгузории ҳар фард дар ҳифзу ободиии Ватан, дар нигаҳ доштани амну осудагии мардум, риояи қонуну қоидаҳои ҳатмӣ барои танзими ҳаёти осоишта ва зиндагии мукаммал аз  ҳарду ҷониб ҳам  даъват ба иттиҳоду ваҳдат тарғиб мегарданд.

Дар ин маврид ислом мавқеи худро бо ин гуфтаҳо ифода намудааст: «Ҳуббул Ватани миннал имони». Яъне дӯст доштани Ватан аз имон аст.

Барҳақ, ҳар муъмине, ки соҳиби Ватани обод асту  дар он зиндагии осуда дорад,  бояд дар қалби худ чун як рукни имонаш меҳрашро ба Ватанаш нигоҳ дорад.  Хиёнат ба Ватан бошад, ҳамчун хиёнат ба ҳама он неъмати Худованд, ки  барои фарди хиёнаткарда ва хонадони ӯ ато кардааст,  маҳсуб мегардад. Ҳатто дар ҳадисҳо амали хиёнат ба Ватан маҳкум карда мешаванд. 

 Имрӯз низ, бо эҳсоси хавотирӣ аз он, ки таҳдидҳое ба мисли терроризму ифротгароиҳо дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон барои амну ҳаёти осоиштаи мардуми кишвари мо низ  хатари ҷиддӣ эҷод менамояд моро зарур аст, ки  қабл аз ҳама ба ҷараёни ҳаёти ҷавонон  таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Онҳоро аз гаравиданҳо ба ҳар гуна равияҳои ғайрисуннативу ғайримазҳабӣ, равияҳои ифротгарову экстремистӣ эмин дорем.

 Ҳастанд тӯдачаҳо ва ашхосе, ки бо даъвои соҳибватан  ва ғамхори миллат буданашон бо истифода аз номи ислом кӯшиши миёни мардуми мусалмони мо нифоқу тафриқа андохтан мекунанд.  Дар асл ин қабил бар ивази дастмузде, ки «шавқмандон»-и беруна барояшон медиҳанд, фитнакориҳо  мекунанд. Метавон гуфт, ки чунин касон на танҳо   ба миллату давлат, балки ба дину мазҳаби худашон хиёнатро раво дидаанд.

Ҳар миллате, ки ғами ояндаи худро мехӯрад, бояд бештари вақту нерӯи худро ба таълиму тарбияи насли ҷавони хеш равона созад, то ин ки онҳо ботинан инсонҳои муъмин ва шахсиятҳои барҷаста ташаккул ёбанд.  Барои расидан ба ин ҳадаф бошад, дар қатори аҳли ҷомеа хоса намояндагони уламо ва имомхатибонро зарур аст, ки  ҷавононро аз калавиданҳо ба ҳар гуна ҷараёнҳои номатлуб ҷилавгирӣ намоянд.

Дар ниҳоят, имрӯз ҳар яки мо бо ифтихормандӣ ва шукргузориҳо  аз ҳама он неъматҳои бебаҳои Худованд, ки барои миллатамон  ато кардаву мо имрӯз аз шарофати онҳо ҳаёти осуда дорем, бояд созандаву бунёдкор бошем. Бо ифодаи қадршиносӣ ба он, ки  пас аз даргириҳо ва таҳдиди хатари аз байн рафтани давлату миллат боз ҳам иттиҳоди миллат бо марҳамати Худованд насибамон гаштааст, барои таъмини манфиатҳои давлату диёри озоду соҳибистиқлоламон, ободии Ватан, осудаҳолии халқ ва таҳкими минбаъдаи давлатдориамон талош дошта ва саҳмгузор бошем, рӯзгорамон, ҷамъияти кишварро бо ҳамин рӯҳия созгор созем.

Абду Ҳақназаров,

сархатиби шаҳри Турсунзода.

Время намаза в Душанбе

29.03.2024

Подробнее
Фаджр04:43
Зухр12:40
Аср16:56
Магриб18:55
Иша20:25
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее