Главная Статьи ПЕШВОИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ- ШАХСИЯТИ НОТАКРОРУ ТАЪРИХӢ

ПЕШВОИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ- ШАХСИЯТИ НОТАКРОРУ ТАЪРИХӢ

ПЕШВОИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ- ШАХСИЯТИ НОТАКРОРУ ТАЪРИХӢ
2018-03-19
2610

Омӯзиши таърихи муосири халқи тоҷик барои ҳар як шаҳрванд  шарт ва зарур аст. Дар ҳақиқат оид ба ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии халқу миллатҳо шахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки ном, фаъолият ва зиндагиномаи онҳо бо таърих ва сарнавишти он халқу миллатҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Дар таърихи давлатдории тоҷикон Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳоест, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири кишвари соҳибихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста намудааст.

Кори ӯ, дастовардҳои ӯ ва гуфтаву навиштаҳояш нотакрор аст. Ӯ шахсе аст, ки дар вақти зарурӣ, дар ҳолати ногузирӣ барои халқ ҳамчун роҳбар баргузида шуда, аз байни ҳазорҳо имкону рафторҳо ҳамеша вобаста ба шароити таърихӣ кор ва амалеро, ки дар ҳамон шароити таърихӣ барои ояндаи халқу миллат нисбатан манфиатдор буд, иҷро мекард. Ҳар нияташ, ҳар суханаш ва ҳар амалаш дар тарозуи ақл чунон вогузор мешуд, ки ҳар қадами таърихии ӯ дар пешорӯи ҳукми таърих чунон тарҳрезӣ мегашт, ки манфиати дирӯз, имрӯз ва фардои миллатро дар худ таҷассум мекард.

Ин равиши пайвандгар усули бунёди давлатдории халқи тоҷикро маҳкам ва қавӣ бо ҳам пайваст намуда, давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз шамолҳои вазнини ҷаҳонишавию бозиҳои дугонаю сегонаи ҷуғрофӣ- сиёсӣ ва манфиатҳои тамаддуни олами муосир мақсаднок ҳифз менамояд.

Нотакрорӣ ва фидокорӣ мансуби шахсияти Пешвои миллати мост. Аз ин назар, симо ва сифати шахсияту қаҳрамонии ӯ дар таърихи навини зиндагии мардуми тоҷик ҳамеша намоён ва ҷилвагар буда, инъикоси он дар саҳифаҳои ҳар жанри илмӣ, адабӣ ва сиёсӣ сабук ва осон менамояд. Зеро қаҳрамонию дастовардҳо ва фидокорию матонати ӯ, воқеӣ мебошад.

Оташбасу ваҳдати миллат, баргардонидани гурезагону авфи умум, тарҳрезии падидаҳои сиёсию ташаккули низоми ҳуқуқӣ, ташкили қушуну мақомоти муосири ҳифзи ҳуқуқ, устувории сарҳаду амнияти давлат, пули миллию роҳҳои пайвандгари минтақаҳои кишвар, дастгирии илму фарҳанги миллӣ, таъмини истиқлолияти озуқаворию раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, қабули қонунҳои миллию сохтмони нерӯгоҳҳои азими барқӣ ва ғайраҳо ҳар як аз корнамоиҳои шоистаи таърихию сиёсист, ки дар саргаҳи наққошию тарҳрезӣ ва таъмину иҷрои он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд.

Ҳақиқат ин аст, ки натиҷаю дастоварди ҳар амалкарди чунин шахсиятҳо пайваст ва тавъам аст, бо маҷмӯи омилҳои объективию субъективӣ бо шароити таърихию бо заруратҳои зиндагии мардум, ки дар сурати таҳлили амиқ ва баррасии ҳамаҷонибаи ҳар рафтору ҳар амал ба дарки комили ҳикмати он роҳ ёфтан мумкин аст. Дар ҳоли ҳозир аз назари умум ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки калиди музаффарияту муваффақият ва бузургию нотакрории эшон дар баробари толеи хуб доштану назаркарда будан, бешак дар шахсияти ботинӣ, маърифат ва ақлу заковати ӯ, дар муҳаббати ӯ ба Ватан ва халқи Тоҷикистон ва садоқат ба масъулият ва вазифаи хеш аст.

Чунин ба ҳам омадани олами пурасрори ботинӣ бо ниятҳои саршори ободсозӣ ва созандагӣ ва амалкардҳои некӯю хирадмандона, ки дар партави муҳаббат, садоқат ба Ватан, Халқ ва аҳли башар сурат мегирад, ифодагари сифатҳои аслии бунёдгузорон ва пешвоёни миллатҳо будааст.

Дар ҳақиқат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлат ва миллати мо дар шароити тақдирсози таърихӣ ба майдони сиёсат омада, силсилаи амалҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва ахлоқиеро анҷом доданд, ки дар пасманзари он масъалаи ҳастии давлат, мавҷудияти миллати соҳибдавлат, ваҳдати халқ, пешравии мамлакат, эҳё ва ҳифзи арзишҳои фарҳангиву динии миллат меистод.

Бояд қайд намуд, ки миллати шарафманди тоҷик имсол 21- солагии яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, яъне Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки яке аз дастовардҳои муҳими таърихии миллати шарафманди тоҷик аст, ҷашн мегирад. Вақте ки сухан дар бораи сулҳу ваҳдат меравад, дар зеҳну пеши назари мо симои шахсияти нотакрор - фарзанди фарзонаи миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ба ёд меояд. Зеро бо фазли Худованд ва заҳмату талошҳои хастанопазири Сарвари давлат сулҳу субот, тинҷиву оромӣ, сарҷамъию ободиро Яздони пок барои милати тоҷик арзонӣ дошт.

Лозим ба ёдоварист, ки шинохтани ӯ ба ҳайси Бунёдгузори давлати муосири тоҷик, Пешвои миллат ва Асосгузори ваҳдати халқи Тоҷикистон мувофиқ ба анъанаи давлатдории муосир буда, ба табиати давлати демократӣ ва ҳифзи хатти марказии рушд ва арзишҳои ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.

Дуруст аст, ки инъикоси симои шахсе, ки халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид кардааст, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот додааст, инъикоси симои инсоне, ки миллатро дар кӯтоҳтарин замон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳонидааст, тасвири корнамоии фарзанди миллат, ки ҷон дар кафи даст душманонро ба оғӯш кашида, ҷинояткоронро авф карда, гурезаҳоро ба Ватан баргардонида, ба миллати мотамзада Ваҳдат, Субот, Амният оварда, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон вогузор намуда, пояи давлатдориро аз сифр, низоми молияро аз хазинаи холии ба ғоратрафта, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуда, оби наҷотбахши озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат, то ба созмонҳои байналмилалӣ расонида, мардуми парешонро атрофи дастархони миллат муттаҳид карда, кишваре ба номи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудан, кори саҳл нест.

Зеро инъикоси симо ва корномаи шахсе, ки халқи бедавлатро соҳиби давлат карда, ба халқи ноумед умед оварда, ба ҷои кинаву адоват ваҳдату дӯстиро ҳокими сарзамин намудааст, аз ҳар шахси эҷодкор дидгоҳи васеи назариву амалиро тақозо дорад.

Бузургон дуруст гуфтаанд, ки нобиғаҳо дар як замон зиндагӣ мекунанд, вале рӯҳ ва ғояҳояшон таърихи ояндаро комил месозанд.

 Замоне мардуми порсигӯй низ дар канор ва муҳити роҳбару пешвоёни ҷонфидою одил ва ҳалқаи сиёсати созандаи роҳбарони давлату салтанати худ муттаҳид гашта, бо офаридани шоҳкорҳои адабӣ, таъсиси низоми одилонаи ҳуқуқ ва низоми идории муташаккили давлатдорӣ, поягузории ахлоқи ҳамидаи инсонгароёна тавонистанд, ки барои садсолаҳо намунаи ибрати ҷаҳониён гарданд ва дар навбати худ манбаи омӯзиш ва тақлиди тамаддуни Аврупо ва Ғарб шаванд. Аз ҷумла, зиндагинома ва фаъолияти пурсамари Курӯши Кабир, Дориюш, Анӯшервони Одил, Бузургмеҳри вазир ва Исмоили Сомонӣ аз паҳлуҳои гуногун аз тарафи мутафаккирони Рум ва Юнон, равшанфикрони замони Эҳёи Аврупо ва муаррихону мубаллиғони Замони нави тамаддуни ғарбӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтаанд. Аммо мо ҳанӯз на танҳо дар шинохти чеҳраҳои қаҳрамонии таърихиямон, балки дар эътирофи шахсиятҳои муосир ва тақдирсози миллатамон мушкилӣ дорем.

Бояд қайд намуд, ки агар устод Рӯдакӣ адабиёти порсиро поя гузошта бошад, устод Айнӣ пас аз ҳазор соли фаромӯшӣ забон ва адабиёти пурѓановати тоҷикиро боз ба курсӣ нишонида, аллома Бобоҷон Ғафуров бо офаридани шоҳасари «Тоҷикон» нақши қаҳрамононаи халқи тоҷикро аз саҳифаҳои гумшуда ҷамъоварӣ намуда, роҳи пуршебу фарози таърихии халқро ба илми таърихи ҷаҳонӣ ворид карда бошад, Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор кард ва низоми давлатдории муосири халқро асос гузошт, ки хушбахтона ҷавонони мо дар давлати ободу осоишта умр ба сар мебаранд.

Чун барқарор  намудани  муносибатҳо  ва  равобит бо кишварҳои дуру наздик ва ҳамсоягон яке  аз самтҳои  афзалиятноки  давлатдорӣ  ба  шумор  меравад, умедворем кишвари азизамон Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муҳтарами миллат ва сиёсати сулҳҷӯёнаву созандаи ӯ рӯз то рӯз зеботару пешрафта мегардад.

Холиддин Матинов,

мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Время намаза в Душанбе

19.03.2024

Подробнее
Фаджр04:59
Зухр12:40
Аср16:46
Магриб18:45
Иша20:15
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее