Главная Статьи ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА ПОЯИ ДИНӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА ПОЯИ ДИНӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА ПОЯИ ДИНӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
2018-03-22
3976

Дар фарҳанги ҳар як миллат шууру ҷаҳонбинӣ, афкору ақоид, арзишу манфиатҳо, ҳуқуқу озодиҳо, орзуву ормонҳо ва появу андешаҳои нобе ифода ва татбиқ меёбанд, ки хоси ҳамон миллат мебошанд. Ба тавассути фарҳанг маъно, моҳият ва ҳувияти миллат иртиқо мепазирад, ҳастӣ ва бақои он пойдор ва устувор мегардад. Фарҳанги миллӣ бо ҳама паҳлуҳои ҳаёти моддиву маънавиаш иртиботи қавӣ дошта, дар шаклҳои гуногуни фаъолияти ҳаётӣ ҳувайдо мегардад. Сохтмони иморату иншоотҳо - масоҷиду мадрасаҳо, мактабу донишгоҳҳо, тарвиҷи илму техника, бунёди обанборҳову нерӯгоҳҳои обию барқӣ, истеҳсоли саноатии маҳсулоти мавриди ниёзи мардум буда, фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ, таълиму тарбияи насли наврас, таҷлили иду ҷашнвораҳо, ҳамаи намудҳои санъат, пайравӣ ба расму оинҳои суннатӣ, имону эътиқод, ибодат ва парастиш – хуллас, ҳама гуна роҳу равиш ва фаъолиятҳои ҳаёти фардӣ, оилавӣ ва иҷтимоӣ ифодагари возеҳи фарҳанг мебошанд.

 Робитаи байни фарҳанги миллӣ ва пояи миллӣ мисли иртиботи байни тифлу модар сахт тавъаму ногусастанист, ки дар фарҳанги ҳар як насли мутаваллид появу ормонҳои наслҳои волид татбиқ ва идома меёбанд, аммо  ин идомат – идомати хушку холӣ ва бетағийир набуда, зимни он появу ормонҳои аҷдодон таҳаввул ва такмил меёбанд ва ба онҳо андешаву ормонҳои наслҳои ҷадид илова мешаванд. Дар натиҷа шаклу мазмун, сохтор ва муҳтавои таркибии фарҳанг аз насл ба насл интиқол ёфта, вазифаҳои ҳаётии он вобаста аз вусъату ривоҷи андешаву ормонҳои ифодакунандааш торафт мубрам ва мураккабтар мегардад ва ҳамин тариқ, фарҳанги миллӣ дар тӯли таърихи ҳаёти миллат давра ба давра, марҳала ба марҳала бою пурғановат гашта, аз гузашта ба имрӯз ва аз имрӯз ба оянда мунтақал мешаванд.

Фарҳанг ва донишу таҷрибаҳои бо он тавъами ҳаётие, ки наслҳои ҷадид аз аҷдодон мерос мегиранд, барои онҳо ба ҳайси як кимиёи ҳастӣ, як механизми эҳёкунандаи ормонҳо ва пояҳои бунёдӣ хидмат мекунад. Дар афкору андешаҳои бостонии аксарияти миллатҳои мутамаддин, аз ҷумла, миллати шарифи тоҷик маҷмӯи як қатор арзишу манфиатҳо, ҳуқуқу озодиҳо, появу ормонҳоро ошкор кардан мумкин аст, ки наслҳои бостонӣ касби онҳоро орзу мекарданд, вале имконияти татбиқи амалии онҳоро дар зиндагӣ надоштанд. Ҳамин гуна орзуҳо ва ормонҳои гузаштагон ба василаи фарҳанги наслҳои ҷадид дар ҳаёт татбиқ гардида, ба воқеият табдил меёбанд. Масалан, дар афсонаи «Гилеми паррон» як орзуи ҳазорҳо сол дар дил нуҳуфтаи инсонӣ – орзуи парвоз кардан ифода ёфтааст. Аммо барои насли муосир ин ормон дигар ормон буда наметавонад, балки ҳақиқатест, ки комилан имконпазир ва татбиқшаванда аст. Ин орзуи чандҳазорсолаи башар ба шарофати ихтирои «мурғи оҳанбол», чархбол ва дигар дастовардҳои азими фарҳангӣ дар замони нав ҷомаи амал пӯшида, наслҳои имрӯза аз ҳуқуқи парвоз кардан комилан бархӯрдор мебошанд.

Азбаски, миллат як ҷузъи томи ҷомеаи башарист, ҳамин гуна як таносубе дар байни фарҳанги миллӣ ва фарҳанги умумибашарӣ ҷой дорад. Фарҳангҳои мухталифи миллату халқҳои гуногунзабону мухталифмазҳаб, аҳзобу ҳаракатҳо, синфҳо, табақаҳо, ҷинсҳо, наслҳо ва дигар унсурҳои иҷтимоӣ ҳамеша бо ҳамдигар дар иртиботи қавӣ буда, ба якдигар таъсири мутақобила мерасонанд. Чунин иртиботу алоқамандии байни фарҳангҳо ҳамеша дар ҳама давру замонҳои таърихи башар ба таври муттасил ҷараён дошта, дар замони муосир боз ҳам пурқувват гаштааст.

Сарчашмаи ғоявии рушду такомули ҳамаи фарҳангҳо, қабл аз ҳама, дин мебошад. Аз ҷумла, дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллии тоҷикон пояҳои динӣ аз ҳама бештар нақши бориз гузоштаанд. Саҳми пояҳои исломӣ дар рушду такомули фарҳанги миллии тоҷикон, алалхусус, дар давраи салтанати Сомониён хеле бузург ва назаррас аст. Дар давраи мазкур ҳамаи соҳаҳои ҳаёти моддиву маънавии тоҷикон рушду ривоҷ мекарданд. Аммо баъди заволи давлатдории Сомониён барои миллати тоҷик давраи тӯлонии бедавлатӣ оғоз меёбад, ки то пирӯзии Инқилоби Октябр, барпо гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ ва таъсис ёфтани ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, яъне қариб ҳазор сол идома ёфтааст. Дар шароити тоқатфарсои бедавлатӣ фарҳанги миллии Тоҷикистон рӯ ба таназзул ниҳода, раванди давлатии татбиқи пояҳои бунёдии миллат қатъ гардида буд. Вале бо вуҷуди аз байн рафтани имкониятҳои татбиқёбандагӣ, пояҳои миллии тоҷикон ба шарофати пайравии босубот аз дини мубини ислом ва инъикос гардиданашон дар шеъру ҳикмати оламгири тоҷик дар хотираи таърихии миллат маҳфузу бегазанд боқӣ монда, то замони давлатдор шудани тоҷикон омада расидаанд.

Дар натиҷаи расман аз ҳамкорӣ бо дин даст кашидани давлати шӯравӣ, дар фазои фарҳангии миллатҳои он ду навъи ҳокимияти ғоявӣ салтанат мекард: а) ҳокимияти идеологияи коммунистӣ, ки давлат онро татбиқ менамуд. Тавассути корбурди қонунҳои таҳмилии шӯравӣ, ки сар то сар ғояҳои коммунистиро инъикос менамуданд, онҳо бе мамоният дар ҳаёту муносибатҳои моддии ҷомеа амалӣ карда мешуданд; б) ҳокимияти ғояҳои динӣ, ки бештар дар фазои ҳаёти барои қонунҳои шӯравӣ дастнораси маънавии ҷомеа, дар ахлоқу муносибатҳои фардӣ, расму такомулҳои миллӣ, дар қалбҳои пурормони миллатҳои мутамаддин тасаллут доштанд.

Дар давраи бозсозӣ, баъди аз сари қудрат рафтани ҳизби ҳукмрони коммунист дар фазои фарҳангии ин ҷомеаи иҷборан ташкилёфта, аз нав ғояҳои диниву миллӣ ба миён омаданд. Дар натиҷа шаклу мазмуни фарҳангҳои миллӣ бо ҳам мутаносиб гашта, симо ва ҳувияти фитриву бунёдии ҳар як миллати собиқ шӯравӣ ба ин восита барои ҷаҳониён ошкору ҳувайдо гардид.

Ҷумҳуриҳои соҳибистиқлоли миллӣ таъсис ёфтанд ва миллатҳо барои муайян кардани роҳи ояндаи ҳаёти худ ихтиёри том ба даст оварданд. Ҳамзамон баробари барҳам хурдани ҳокимияти шӯравӣ ҳисорҳои идеологие, ки он байни миллатҳои собиқ шӯравӣ ва миллатҳои хориҷи он барафрошта буд, низ ба футур рафта, онҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ пайванд шуданд. Мубодилаи ғоявию фарҳангии байни миллатҳо суръати тоза касб намуд. Дар пайравӣ аз таҷрибаи фарҳангии қисми бештари миллатҳои мутамаддини ҷаҳон миллати тоҷик роҳи истиқрори ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократиро ихтиёр кард. Давлати дунявии Тоҷикистон, чи тавре ки аз мазмуни куллии Конститутсияи он хулоса кардан мумкин аст, пеш аз ҳама, ҳомии ҳуқуқу озодиҳо, арзишу манфиатҳои ҳаётан муҳиму дунявии ҳар як инсон новобаста аз мансубияти миллӣ, динӣ, табақотӣ, иҷтимоӣ мебошад. Барои ҳамин дар фазои фарҳангии Тоҷикистон баҳри ҳама гуна ғояву ормонҳои башарпарварона роҳ кушода ва ҳамвор аст.

Аз ҳамин лиҳоз, бисёре аз ғояҳои созандаву бунёдӣ ва башардӯстонаи исломӣ низ, чи дар Конститутсия ва чи дар дигар меъёру санадҳои ҳуқуқии он ба таври хеле возеҳ ифодаи худро пайдо карда, ба воситаи амали ин қонунҳо дар фарҳанги насли муосир татбиқ ёфта истодаанд. Масалан, дар матлаи Конститутсияи ҷумҳурӣ чунин сатрҳои муқаддасро хондан мумкин аст: «Мо мардуми Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣмасъулияти худро дар назди наслҳои гузаштаимрӯза ва оянда эҳсос намудазарурияти таъмини истиқлолият ва рушди давлатамонро дарк карда, ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсонҳоро эътироф кардабаробарҳуқуқӣ ва дӯстии ҳамаи миллатҳову халқиятҳоро эҳтиром намудадар пеши худ мақсади бунёд кардани ҷомеаи одилонаро гузоштаин Конститутсияро қабул ва эълом мекунем». Ин матлаби Конститутсияи мо на танҳо бо меъёру санадҳои байналхалқии ҳуқуқӣ, балки бо ғояву ормонҳои ҳуқуқиву иҷтимоии миллии тоҷикон, ки бо беҳтарин сурат дар афкор ва ашъори пурҳикмати классикии исломии тоҷик идома ёфтаанд, мувозинат ва мутобиқати том дорад. Ваҳдату таовун ва куллияти башариро ҳанӯз дар мазмуни калимаи шаҳодати қуръонӣ дарк менамоем. Ҳамин мазмуни ваҳдати ногустании башарро Шайх Саъдии бузургвор зимни мусофиратҳои тӯлонӣ ва шиносоӣ бо фарҳангҳои мухталифи замони худ бевосита дар таҷрибаи амалӣ мушоҳида мекунад:

Бани Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як ғавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор.

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

Талаботу кафолатҳои конститутсионии эҳтиром кардани ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ ва номусу шарафи ҳар як инсон (моддаҳои 1, 5 ва 14-и Конститутсияи ҶТ) низ дар афкору андешаҳои мутафаккирони тоҷику тоҷикзабони исломӣ гаштаву баргашта таъкид гардидааст. Аз ҷумла, Иқбол, ки ба қавли муҳаққиқони покистонӣ бо забони тоҷикӣ эҷод кардааст, дар ин бобат мегӯяд:

Ҳарфи бадро бар забон бурдан хатост,

Кофару муъмин ҳама халқи Худост.

Бандаи Ҳақ аз Худо гирад тариқ,

Мешавад бо кофару муъмин шафиқ.

Хоҷа Ҳофиз низ қадру манзалат ва шарафу номуси инсонӣ, эҳтироми инсонро аз ҳама гуна ибодатҳо афзалтар медонад ва мардумозориро сахттарин гуноҳ мешуморад:

 Май бихур, мусҳаф бисузу оташ андар Каъба зан,

 Сокини бутхона бошу мардумозорӣ макун.

 Ба ҳамин тариқ, ғояҳои башардӯстонаи Қуръону Ҳадис дар афкору ашъори классикии тоҷик ба таври хеле ифоданоку ҷаззоб дарҷ гардида, шеъру ҳикматро ба як усул ё воситаи басе самараноки тарбиявию таълимӣ ва ахлоқиву маънавии тоҷикон дар рӯҳияи инсондӯстиву поктинатӣ, накӯкориву хайрандешӣ, сулҳдӯстӣ ва эҳтиром намудани шарафу номуси инсонҳо ва миллату мазҳабҳои гуногун табдил додаанд.

Бояд қайд кард, ки дар марҳалаи имрӯзаи инкишофи илму техника, истеҳсолоти саноатӣ ва шиддат ёфтани раванди ҷаҳоншумулӣ, аҳамияту мубрамият пайдо кардани масоили иҷтимоӣ, экологӣ ва умуман ҳаётии ғояҳои исломӣ чи дар назари муҳаққиқони мусулмон ва чи дар дидгоҳи муҳаққиқони ғарбӣ торафт афзуда, аҳли илму ҳикмати ҷаҳон ба ин сарчашмаи безаволу ҳаётбахши фарҳангу маънавиёти инсонӣ ҳарчи бештар таваҷҷӯҳ зоҳир карда истодаанд. Муҳаққиқон мазмунҳои нав ба нави илмиву иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва ақидавиро дар умқи маънои ин манбаи назарии зиндагии инсонӣ кашф намуда, онҳоро барои танзиму такмили фарҳангии ҳаёти ҷомеаи башарӣ корбаст карда истодаанд.

Самараи ин таҷдиди назарҳо роҷеъ ба моҳияти Қуръон дар тамоили бо ҳам наздикшавии тамаддунҳо ва иртиқои муштараки онҳо ифода меёбад.

Фарҳанги миллии тоҷикон дар татбиқи ғояҳои исломӣ ва мунташир гаштани онҳо дар фарҳанги умумибашарӣ дар мисоли шеъру ҳикмати классикии тоҷик нақши арзанда ва бориз гузоштааст.

Агар фарҳанги умумибашарӣ аз тариқи меъёру санадҳои байналхалқӣ ва тасвибу амалӣ кардани онҳо тавассути фаъолияти ташкилотҳои бонуфузе мисли Созмони Милали Муттаҳид татбиқ меёфта бошад, пас барои собит кардани саҳми андешаҳои классикони тоҷик дар татбиқи ин фарҳанг таъкид кардани ҳамин нукта кофист, ки дар пештоқи Бинои марказии СММ мисраъҳои ёдрасшудаи Шайх Саъдӣ бо ҳуруфи заррин сабт гардидаанд.

Инак, мо то андозае айнияту ягонагии ғояи милливу исломии тоҷиконро дар асрҳои миёна, ки дар фарҳанги шаклан милливу мазмунан исломии он давра инъикос ёфтааст, барои худ равшан  намудем.

Дар замони шӯравӣ фарҳанги миллии тоҷикон бо комёбиҳои фарҳанги материалӣ, яъне дастовардҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти моддӣ ғановат ёфта, ҳаёти дунявӣ, муносибатҳои иҷтимоиву истеҳсолӣ дар ҷомеа рангину муназзам гаштанд. Аз тарафи дигар, тавассути таъсири идеологияи коммунистӣ ҷаҳонбинӣ ва шуури миллии тоҷикон низ тағйироту таҳаввулоти амиқеро дар худ таҳаммул карданд. Фарҳанги миллии тоҷикон мазмуни сотсиалистӣ гирифта, миллат то андозае аз асли ҳувияти миллӣ ва рисолати таърихии  худ дур гардид. Ҳамин тамоил дар шууру ҷаҳонбинии дигар миллатҳои собиқ шӯравӣ низ ба назар мерасад.

Акнун ба масъалаи асосӣ бармегардем. То Инқилоби Октябр ғояи соф миллӣ барои тоҷикон ва дигар миллатҳои мусулмони минтақаи Осиёи Марказӣ вуҷуд надошт. Зери мафҳуми миллат як умумияти куллии конфессионалӣ фаҳмида мешуд, ки ҳамаи ин миллатҳо ба он шомил мешуданд. Дар арафаи Инқилоби Октябр таҳти таъсири ғояҳои миллӣ, ки дар кишварҳои сармоядори ғарбӣ нумӯъ мекарданд, аввалин ҷунбишу ҳаракатҳои миллатгароӣ дар Осиёи Миёна густариш меёфтанд, ки ба унвони ҳаракатҳои пантуркистӣ ва панэронӣ ёдрас карда мешаванд. Баъдан Инқилоби Октябр пеши ин ҳаракатҳоро гирифта, дар даҳсолаҳои аввалини Ҳокимияти шӯравӣ онҳо тадриҷан хомуш гардонид.

Баъди суқути давлати шӯравӣ бошад, ҳаракатҳои миллӣ аз сари нав, дар шакли ҷадид зуҳур карда, саросари мамлакати шӯравиро ба ҷунбиш оварданд ва дар натиҷа ҷумҳуриҳои соҳибистиқлоли миллӣ таъсис ёфтанд.

Барои таҳкиму истиқрори  Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҷомеа ғояҳое лозим буданд, ки арзишу манфиатҳои ҳамаи миллату халқиятҳо, табақот, ҷинсҳо ва наслҳои муосири ҷомеаро дар худ ифода карда тавонад. Ғояҳои коммунистӣ бо вуҷуди дар онҳо таҷассум ёфтани бисёр номгӯи ҳуқуқу манфиатҳои аҳли меҳнат дигар қобили татбиқ дар ҳаёти ҷомеа буда наметавонистанд. Чунки дар он ғояҳо бисёр ҳуқуқҳои фитрии инсонӣ роиҷ наёфта буданд.

Бинобар ин, давлат ва миллатҳои маскуни Тоҷикистон аз ғояҳои коммунистӣ то ҷое даст кашида, барои пур кардани ғояи онҳо ба хазинаи ғоявии фарҳангҳои миллӣ ва умумибашарӣ таваҷҷуҳ карданд. Ҳамин тавр, дар мутобиқат бо меъёрҳои қавонини умумибашарӣ аз тариқи раъйпурсии умумӣ соли 1994 нахустин куллиёти ғояву ормонҳои насли муосири Тоҷикистониҳо – Конститутсияи ҶТ қабул карда шуд, ки дар он муҳимтарин арзишу манфиатҳо, ҳуқуқуқу озодиҳои фитрии инсонӣ, баробарҳуқуқии миллатҳо ва дигар талаботҳои ғоявии аҳли ҷомеаи нави ҳуқуқбунёд кафолат дода мешавад.

Далер Комилзода,

муовини сардори шуъбаи таълими Коллеҷи омор дар шВаҳдат

Время намаза в Душанбе

19.03.2024

Подробнее
Фаджр04:59
Зухр12:40
Аср16:46
Магриб18:45
Иша20:15
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее