Главная Статьи РИОЯИ ҲАҚҚИ ҲАМСОЯ АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

РИОЯИ ҲАҚҚИ ҲАМСОЯ АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

РИОЯИ ҲАҚҚИ ҲАМСОЯ АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ
2018-03-22
3273

Мустаҳкам намудани робитаи хешутаборӣ ва ҳамсоягии инсонҳо яке аз омилҳое аст, ки дар барномаҳои тарбиявии ислом ҳамчун омили устуворкунанда ва суботбахшандаи ҷомеа истифода мешавад. Агар робитаи хешутабории мардум ва низ робитаи ҳамсоягии онҳо хуб бошад, пайванди миёни қишрҳои ҷомеаро маҳкамтар намуда, қудрат ва шавкати онро зиёд мегардонад.

Бинобар ин, дини мубини ислом мусалмононро ба робитаи имонӣ доштан бо ҳамсоягон дар хона, коргоҳ ва дар тамоми ҳолат даъват мекунад. Худованд дар Қуъони карим дар бисёре аз маҷмӯаи ҳуқуқи исломии мусалмонон дар баробари якдигар некӣ карданро ба чанд гурӯҳ, аз ҷумла ба ҳамсоягонро амр менамояд ва дар ояти 36 – и сураи Нисо мефармояд:

وَاعْبُدُوا اللَّهَ وَلاَ تُشْرِكُوا بِهِ شَيْئًا وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا وَبِذِي الْقُرْبَى وَالْيَتَامَى وَالْمَسَاكِينِ  وَالْجَارِ ذِي الْقُرْبَى وَالْجَارِ الْجُنُبِ وَالصَّاحِبِ بِالْجَنْبِ وَابْنِ السَّبِيلِ وَمَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ ...

«Ва Худоро бипарастед ва чизеро шарики ӯ қарор надиҳед ва ба падару модар ва ба хешон ва ба ятимон ва гадоён ва ҳамсояи наздик ва ҳамсояи дур ва ҳамнишини наздик ва мусофир ва ѓуломони худ накӯкорӣ кунед»! (сураи Нисо ояти 36).

Мутаассифона дар замони имрӯза робитаҳои отифӣ ва инсонии мардум бо якдигар то ҷое заиф ва хомӯш гардидааст, ки ҳамсоягон аз одитарин ва хурдтарин хабар ва ҳоли ҳамсояи худ хабар надоранд, ҳатто пас аз чандин соли сукунат дар як маҳалла ҳанӯз номи якдигарро намедонанд.

Паёбари ислом (с) шеваи рафтори ҳамсоягон бо якдигарро дар таъмини саодат ва осоиши инсонҳо муассир медонистанд ва ба асҳоби киром амр менамуданд, ки дар ҷое хона обод кунанд ва сукунат кунанд, ки битавонанд аз неъмати вуҷуди ҳамсоягони шоистатар баҳраманд шаванд. Рӯзе яке аз саҳобагон аз Паёмбар (с) пурсиданд: «Эй Расули Худо, тасмим гирифтаам хонае бихарам, ба назари шумо кадом маҳалларо интихоб намоям? Ҷаноби Расулуллоҳ (с) бидуни он ки маҳалли хосеро ба ӯ пешниҳод кунанд, гуфтанд:

 

الجار ثم الدار, الرفيق ثم السفر

Яъне: «Аввал ҳамсояро бингар, сипас хона бихар. Ибтидо рафиқ интихоб кун сипас сафар кун».

Одоб ва ҳуқуқе, ки дини мубини ислом барои ҳамсоягон дар назар гирифтааст, фаровон аст. Рӯзе Ҷаноби Расулуллоҳ (с) аз ёрони худ пурсиданд: оё медонед, ки ҳаққи ҳамсоя чист? Онҳо гуфтанд: не, эй Ҷаноби Расулуллоҳ (с). Он ҳазрат фармуданд:

«Ҳаққи ҳамсоя он аст, ки агар барои кироя аз шумо дархости кӯмак кард, ба ӯ кӯмак кунед, агар қарз хост, ба ӯ бипардозед, агар тангдаст шуд, ӯро дастгирӣ намоед, агар ба ӯ хайре расид, ӯро табрик кунед, ҳангоми бемор шуданаш ба аёдаташ биравед, дар мусибатҳо ба ӯ тасаллият бигӯед, дар ҷанозааш ҳозир шавед, бе мувофиқаи ӯ девори хонаи худро баланд накунед, ки боиси монеаи вазиши насим ва ҷараёни ҳаво ба хонаи ӯ шавад, ҳар гоҳе, ки мевае харидед ва ё таоме пухта кардед, ба ӯ бидиҳед».

Ба ин тартиб фаҳмида мешавад, ки Худованд масъалаи иртиботи хуби ҳамсоягӣ ва риояи ҳуқуқро барои мусалмонон нисбати ҳамаи инсонҳои ҷомеа, новобаста аз дину оинашон лозим гардонидааст.

Ҳамсоя дар ислом мақому ҷойгоҳи бузурге дорад, ки Паёмбар(с) ҳамеша бар он таъкид намудааст. Дар ҳадиси шариф омадааст:

 «Ҳамеша Ҷабраил (а) маро дар мавриди ҳамсоя тавсия менамуд, то дараҷае, ки гумон кардам, шояд ҳамсояро меросбари ҳамсоя қарор диҳад». Ба ин мазмун ривоятҳо аз Паёмбар(с) зиёд ворид шуда ва дар манобеи гуногун омадааст.

Дар ҳадиси дигар омадааст, ки :

"من کان يؤمن بالله و اليوم الآخر فليٌحسن الی جاره"

«Касе, ки имон ба Худо ва рӯзи растохез дорад, бояд ба ҳамсоягони худ некӣ кунад».

Яке аз одобҳои муқаррарнамудаи ислом барои мусалмон нисбат ба ҳамсоя ин аст, ки ҳеҷ гоҳ ба вай озору газанд нарасонад, балки ӯро аз озор ва азияту таҳқир ҳимоя намояд. Абуҳурайра аз Паёмбари Худо (с) ривоят мекунад, ки фармудаанд:

«Ҳар касе, ки ба Худо ва рӯзи охират имон дорад, бояд ҳамсоягонашро озор надиҳад» .

Аз ин рӯ, барои мусалмон ҷоиз нест, ки ҳамсояашро ноором созад ё дашному таҳқир намояд, ё ба зану духтаронаш нигоҳи бад кунад, умуман аз чунин амалҳои номатлуб парҳез кунад, балки ҳар қадаре метавонад ӯро эҳтиром намуда, ба ӯ эҳсону некӣ намояд.

Ҳамчунин бояд аз ҳамсояи худ аҳволпурсӣ намуда, ӯро аз таом ва либос дар хонаводаи худ шарик гардонад, вақте ки онҳо камбағал ва бенаво бошанд. Абӯзар (р) мегӯяд, ки Паёмбари Худо(с) бароям фармуд: «Эй Абӯзар, чун шӯрбо пухтӣ, оби онро бисёр намо ва ҳамсояҳоятро ёд кун!».

Ҳамин тавр, ҳар касе дар ҳамсоягии мусалмон зиндагӣ мекунад, бар ӯ ҳуқуқҳои муайян дорад. Агарчи хеш ё ҳамдин низ набошад. Ин чунин маъно дорад, ки ислом водор месозад, то эҳтироми ҳамсояро ба ҷо оварем.

Зарурати некӣ кардан ба ҳамсоягон чизест, ки дар шуури мусалмони асил ҷой гирифтааст ва ин чиз яке аз хислатҳои намоёни ӯ дар пеши Худо ва одамон ҳисоб меёбад. Маҳз аз ин сабаб ислом ӯро манбаи бахту саодат, бехатарӣ ва хотири ҷамъ медонад. Паёмбари Худо(с) мефармояд:

 «Беҳтарини рафиқ дар назди Худо беҳтарини онҳо барои рафиқи худ ва беҳтарини ҳамсоя дар назди Худо беҳтарини онҳо барои ҳамсояаш мебошад».

Мусалмони бомаърифат бо ҳамсояи худ ҳамеша ҳамдард аст, ҳар чиз, ки ҳамсояро шод мекунад, ӯро низ хурсанд мегардонад, аз ғами ҳамсоя андуҳгин мешавад ва ӯ ба ҳамсояаш ҳамонро мехоҳад, ки ба худ мехоҳад

Ислом мусалмононро ба биное монанд кардааст, ки ҳар қисмати он ба якдигар сахт марбут мебошанд ва ҳар як хишти ин бино як узви ин ҷамъият буда, бо хишти дигари ин бино сахту мустаҳкам пайванд бояд бошад, то биноро устувориву пойдорӣ бахшад.

Паёмбар (с) дар ин бора мефармояд: «Муъминон бо ҳамдигар биноеро мемонанд, ки ҳар як қисмати он якдигарро мустаҳкам медорад».

Дини ислом даъват мекунад, то пайравони он ба ин тарзи наҷиб ба ҳамдигар алоқаманд бошанд ва миёни ҳамсоягон дар асоси муҳаббату меҳрубонӣ ва ягонагию муомилаи хуб робита барқарор гардад.

Шукри Худованд, ки имрӯз муносибати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар масири неки ҳамсоядорӣ ворид гардид. Бешубҳа ин аз иқдоми неки президентҳои ҳар ду кишвар ҷиҳати тақвият додани муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ аз таърихи куҳани муомилаи неки ин ду миллат сарчашма мегирад, ки барои саодати халқи ҳарду кишвар нигаронида шудааст.

 

Мансур Назаров,

сармутахассиси Кумита

Время намаза в Душанбе

19.03.2024

Подробнее
Фаджр04:59
Зухр12:40
Аср16:46
Магриб18:45
Иша20:15
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее