Главная Статьи ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ВОҶИБ АСТ

ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ВОҶИБ АСТ

ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ВОҶИБ АСТ
2018-04-13
3155

Вақте ба  адабиёти ҳазорсолаи  миллати тоҷик назар меандозем, осон пай мебарем, ки ахлоқи ҳасана аз қабили дӯст доштани Ватан, эҳтироми падару модар, фарҳанг ва маданияти баланди инсонӣ, ростқавливу росткорӣ аз мавзӯоти меҳварӣ маҳсуб мешавад. Зеро гузаштагони бонангу ори мо ба ин масоили муҳими зиндагӣ эътибори ҷиддӣ медоданд ва тарбияти инсони мукаммал ва арзандаи ҷомеаро аз вазифаҳои муқаддас мешумориданд.

Махсусан, Ватан ва ватандорӣ, ҳимояи марзу бум, омода будан барои дифои Ватан ва сокинони он саросари гуфтаҳои бузурнонро ташкил мекунад. Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ ва дигарон ин мавзӯъро борҳо дар осорашон зикр кардаанд. Чунончи ин байти Саъдӣ аз маъруфтарин ва пуртаъсиртарин гуфтаҳо маҳсуб мешавад.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем

Ҳатто дар ашъори шоирон ҳикматҳои ҷолиб ҳаст, ки хонандаро ба ватандорӣ талқин мекунад. Чунончи шоире мегӯяд:

Ҳанӯзам зи хурдӣ ба хотир дар аст,

Ки дар лонаи мокиён бурда даст

Ба минқорам он сон ба сахтӣ газид

Ки ашкам чу хун аз раг он дам дамид

Падар ханда бар гиряаам зад ки ҳон

Ватандорӣ омӯз аз мокиён!

Воқеан, ҳар як ҳикмати ҳакимон ҳидоятгари  мардум, хусусан ҷавонон  мебошад.  Банда ҳам мехоҳам ба  ќадри имкон ба ҷавонони саодатманди Ватан баъзе афкори худро мухтасаран  баён  намоям.      

Ҷавонони  азиз! Шумо дар  замони беҳтарин  зиндагони мекунед. Шумо шукр кунед, ки Ватани  мо Тоҷикистон таҳти  роҳбарии Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тинҷу ором, мардум осоишта зиндагӣ  ба  сар  мебаранд, марзу буми Ватан бо хидмати ҳомиёни  ҷасури он ҳимоя карда  мешавад.    

Имрӯз мо   шукр  мекунем, ки ҷавонмардони мо ихтиёран барои  хидмат ба Ватан  рафта дар сафи ќувваҳои  мусаллаҳ марзу  буми Тоҷикистонро  ҳимоя  мекунанд.  Банда  дар ин  маъно фикри  худро бо  тариќи  назм  мехоҳам баён  кунам:

Ҷонбози Ватан 

Ҷонбозӣ баҳри Меҳан рамзи шарофат омад,

Ҳам ҷуръату далерӣ кашфи ҷасорат омад.

Пушту паноҳи меҳан шуд рамзи навҷавонон,

Аз баҳри ҳар ҷавонмард амри ҳимоят омад.

Дар ҷурму ҳам хиёнат эҷоди зарби миллат,

Аз дасти ноҷавонмард қаҳру адоват омад.

Дар ҳаққи  қавму миллат хидмат бувад шарофат

Бо якдигар садоқат нақши асолат омад.

Ҳифзи  Ватан  намоӣ вирди забони мардум,

Як достони Меҳан  баҳри  ривоят омад.

Даъват намо  Ҳусайно аз баҳри хидмати халқ,

Дар роҳи он ҳимоят нашри шуҷоат омад.

 

Тоҷикистон марзу бумат то абад поянда бод

Тоҷикистон марзу бумат то абад поянда бод,

Аскаронат дар ҳимоят рӯзу шаб созанда бод.

Артиши миллӣ бароят  ҷони худ қурбон кунад,

Лашкарат бо меҳри худ ҳам дар садоқат зинда бод.

Хасми душманро бидонад ҳар сипаҳсолори ту,

Тоҷикистон, давлати ман душманат шарманда бод.

Сояи ин давлатат маҳфуз дорад халқи ту,

Дар ватандорӣ ҳама бо сидқи дил ҷӯянда бод.

Ҷилвагар бошад ба илму маърифат ин парчамат,

Нури хуршедат мудом садсолаҳо тобанда бод.

Тоҷикистон васфи ту шуд мағзи ашъори Ҳусайн,

Номи неку шуҳратат бар тоҷикон зебанда бод.

Ҳар  як ҷавон бояд Ватани худро ҳимоят кунад зеро хидмат дар ҳимояи  марзу буми  Тоҷикистон  шараф  мебошад.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода,

сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ш. Хуҷанд

Время намаза в Душанбе

16.04.2024

Подробнее
Фаджр04:14
Зухр12:40
Аср17:14
Магриб19:13
Иша20:44
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее