Главная Статьи Перомуни садақаи фитр

Перомуни садақаи фитр

Перомуни садақаи фитр
2018-06-12
3613

Моҳи мубораки Рамазон на танҳо моҳи тавфиқи тоату ибодат ва сабру таҳаммул дар адои фаризаи рўза, балки моҳи хайру баракат, саховат ва кумаку дастгирии ниёзмандон низ ҳаст. Бешубҳа, садақаи фитр яке аз василаҳои дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва эҷоди дўстиву муҳаббат дар байни мусулмонон аст. Садақаи фитр соли дуюми ҳиҷрӣ дар баробари рўзаи моҳи Рамазон бар мусулмонон воҷиб гардид. Аз Расули Худо (с) пурсида шуд, ки кадом садақа беҳтар аст? Дар ҷавоб фармуданд: «Садақае, ки дар моҳи Рамазон бошад». Аз ин рў, ҳар мусулмоне, ки тавоноии молӣ дорад, бояд садақаи фитрашро барои дастгирӣ ва кумак ба ятимону бенавоён ва фақирону бечорагон адо намояд. Садақаи фитр барои ҳамаи мусулмонон — марду зан, бузургу хурдсол ва озоду барда воҷиб аст. Дар «Саҳеҳ»-и ал-Бухорӣ аз ривояти Ибни Умар омадааст: «Пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, (дар) закоти Фитр (додани) як соъ хурмо ё як соъ ҷавро бар ҳар ғулому озод, марду зан ва хурду калони мусулмон фарз гардонд; ва фармуд, ки онро то ба намоз баромадани мардум адо кунанд». Вақти адои садақаи фитр пеш аз адои намози ид аст, ки дар ин хусус далолати ҳадис чунин аст:“Пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам амр кард, ки закоти Фитрро то ба намоз баромадани мардум бидиҳанд”. Ҳамчунин зарур аст, ки ҳикмати додани садақаи фитр ва шахсони мустаҳақ барои гирифтани он муайян бошанд. Якум, мусулмонон нисбат ба фақирону бенавоён ғамхорӣ намуда, онҳоро аз ниёзмандӣ ва мўҳтоҷӣ то андозае бозмедоранд ва барояшон имконияте фароҳам меоранд, ки иди Фитрро дар баробари мусулмонони дигар бо хушию хурсандӣ ҷашн гиранд. Дуюм, ин амал дар замири мўъминон ахлоқи баланд ва фазилатҳои некўро, ба мисли саховатмандию карам ва меҳру ҳамдардӣ тақвият мебахшад. Сеюм, садақаи фитр кафорати гуноҳ ва тақсиротест, ки дар вақти рўза содир шудаанд, зеро ҳар гуна амали хайр хатоҳои қаблиро ҷуброн мекунад.Чаҳорум, садақаи фитр шукрона ба даргоҳи Худои Мутаъол барои он аст, ки ба мо тавфиқи ба тамомӣ анҷом додани рўза ва ибодати моҳи шарифи Рамазонро муяссар гардонид. Бояд сароҳатан донист, ки садақаи фитр барои табақаҳои ниёзманди мардум дода мешавад, ки онҳо дар сураи Тавба, ояти 60 чунин баён мешаванд: «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва коркунон бар ҷамъи садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии бардаҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон аст; (ва он) ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст». Аз муҳтавои ин ояти карима барои мо комилан равшан мешавад, ки садақаи фитр бояд ба ниёзман¬дон дода шавад. Мутаассифона, дар ҷомеаи мо солҳои охир ҳолатҳои супоридани садақаи фитр барои рўҳониёни бонуфуз ва ходимони дин бисёр ба назар мерасад ва он як раванди нохушоянд касб кардааст, ки ин амал мухолифи омўзаҳои Қуръону суннат буда, ҳамчунин хилофи моҳият ва ҳикмати садақа, яъне дастгирӣ ва кумак ба ниёзмандон аст. Бешубҳа, агар садақаи Фитр таъйиноти воқеии худро ёбад, он барои дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва таҳкими дўстию бародарӣ ва ваҳдату ягонагии миллию эътиқодии мусулмонон мусоидат мекунад.


Рустам Азизӣ  муовини директори 

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Время намаза в Душанбе

28.03.2024

Подробнее
Фаджр04:44
Зухр12:40
Аср16:55
Магриб18:54
Иша20:24
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее