Главная Статьи ДИН АЗ НИГОҲИ ҶАЛОЛУДДИН БАЛХИИ РУМӢ

ДИН АЗ НИГОҲИ ҶАЛОЛУДДИН БАЛХИИ РУМӢ

ДИН АЗ НИГОҲИ ҶАЛОЛУДДИН БАЛХИИ РУМӢ
2018-06-29
4005

Дин ҳамчун яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ дар ҳамаи давраҳои мавҷудияти худ таъсири назаррасе ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсоният расонида аст ва мерасонад. Ин таъсир вобаста ба шароит ва хусусиёташ метавонад мусбӣ бошад ва ё манфӣ. Шахсиятҳое, ки дар замони зиндагиашон дин дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ҳукмрон ва таъсиргузор буд, албатта аз таъсири дин барканор буда наметавонистанд ва онро ба наҳве барои ифодаи ормонҳои волои худ мавриди истифода қарор дода, кӯшиш кардаанд, ба гунаи беҳтарине моҳият ва муҳтавои динро ба мардум фаҳмонанд.

Аз ҷумлаи чунин шахсиятҳои барҷаста, ки афкор ва таълимоташ сарчашма аз дин дорад ва зинаҳои аввалини такомули фикрияшро алоиқу ақоиди динӣ ташкил медоданд, Мавлоно Ҷалолуддин Балхии Румӣ мебошад. Румӣ, тавре ки ба ҳамагон маълум аст, пеш аз ҳама орифи машҳур ва муассиси тариқати мавлавия мебошад. Нигоҳи орифон ба дин, бешубҳа, нигоҳест хеле мутафовит назар ба нигоҳи рӯҳониён ва мардуми оддӣ. Ҳамчунин, худи орифон мақоми сайру сулук ва ирфонро хеле болотар аз мақоми дин донистаанд. Орифон барои дарки ҳақиқат гузаштан аз мароҳили зеринро тавсия мекунанд: шариат, тариқат, маърифат, ҳақиқат.

Нигоҳи Мавлоно Ҷалолуддин Балхии Румӣ ба дин ва дарку фаҳми ӯ аз динро мо бештар дар асари ҷаҳоншумулаш «Маснавии маънавӣ» мушоҳида мекунем. Вижагии аслии дин имон овардан аст ба қувва ё қувои фавқуттабиӣ, бидуни талаби далелу исбот. Аз ин рӯ, тавре Бадеъуззамон Фурӯзонфар қайд мекунад: «Мавлавӣ ҳамвора қалби муъминро ҷойгоҳи таҷаллӣ ва ҳузури Худованд медонад: «Ал-қалб байту-р-рабб»». Аз нигоҳи Румӣ, амал ва фаъолиятҳои динӣ танҳо дар сурате арзишманд хоҳанд буд, ки агар намояндаи ҳақоиқи абадӣ, ҳақоиқе бошанд, ки ҳамеша ва дар ҳама ҷо ҳузур доранд. Ба назари Румӣ динро танҳо дар доираи ҳаводиси таърихӣ, бо замони мушаххас ва ҳамчун падидаи сирф ҷамъиятӣ фаҳмидан ва баррасӣ намудан, ба эътибор нагирифтани олами ботинӣ, эҳсосот ва шавқу шури шахси муъмин хатои маҳз аст. Инсон, аниқтараш шахси муъмин, бояд ба ҷанбаҳои зотии дин ё гавҳари аслии он таваҷҷуҳ намуда, аз зоҳири он бояд фаротар равад:

Зикри Мӯсо банди хотирҳо шудаст,

К-ин ҳикоятҳост, ки пешин будаст.

Зикри Мӯсо баҳри рӯпӯш аст, лек

Нури Мӯсо нақди туст, эй марди нек.

Мӯсиву Фиръавн дар ҳастии туст,

Бояд ин ду хасмро дар хеш ҷуст. 

Дар осори Мавлонои Рум таърифҳои мухталифе аз динро метавон ёфт. Дар яке аз чунин таърифҳо ӯ муътақид аст, ки «дин ёршиносӣ аст» ва ба воситаи шинохти дин аст, ки метавон ёрро шинохт. Ҷои дигар бо такя ба ҳадиси машҳури паёмбари ислом динро иборат аз дӯстӣ ва садоқат медонад:

Гуфт: Ад-дину насиҳа он расул,

Он насиҳат дар луғат зидди ғулул.

Ин насиҳат ростӣ дар дӯстӣ,

Дар ғулулӣ, хоину сагпӯстӣ. 

Аз нигоҳи Румӣ дин танҳо маҷмӯаи таълимоту эътиқодоти сирф фиқҳӣ нест, балки ӯ динро саршор аз ҷустуҷӯ ва шӯру ҳаракат медонад:

Роҳи дин з-он рӯ пур аз шӯру шар аст,

Ки на роҳи ҳар муханнасгавҳар аст. 

Дин, яъне зинда будан ба ишқ аст ва аз ин бармеояд, ки дини орифон «дини ишқ» аст:

Дини ман аз ишқ зинда будан аст,

Зиндагӣ з-ин ҷону сар нанги ман аст. 

Муҳаммад Маҳдии Хусравиён дар мақолаи худ «Дин аз дидгоҳи Мавлавӣ» коркардҳои мухталифи дин дар эҷодиёти ӯро баррасӣ намуда, муҳимтарини онҳоро ба тариқи зайл овардааст:

1. Дин одамро аз худаш холӣ месозад, яъне тамоми сифот ва маниятҳои ӯро пок мекунад. Безорӣ аз хештан ва аз дунё корест, ки дин дар мавриди инсон анҷом медиҳад. Ӯ мегӯяд: «Дини мо ҳар куҷо, ки рафт, боз наёяд, то ӯро зи беху бун наканад ва хонаашро нарӯбад ва пок накунад…» . Аз ин рӯ, дини ошиқон дини нестӣ мешавад:

Ҳеҷ касро, то нагардад ӯ фано,

Нест раҳ дар боргоҳи кибриё.

Чист меъроҷи фалак? Ин нестӣ,

Ошиқонро мазҳабу дин нестӣ. 

2. Дин таҷрибаҳои инсонро ба шакли саҳеҳ мавриди тафсиру тасҳеҳ қарор медиҳад. Агар ин меъёр набошад, дар бардошт аз таҷрибаҳо инсон ба хато хоҳад рафт. Дар достони Мӯсо ва шубон мебинем, ки шубон дорои таҷрибаҳои хоми динӣ аст ва бо забоне оммиёна дар бораи он сухан мегӯяд. Вале Мӯсо ба унвони намояндаи дини замони ӯ мехоҳад он нигариши омиёнаро тасҳеҳ кунад. 

3. Кори дин ҳайронӣ аст, яъне тамоми маорифи динӣ, ҳақоиқи диниро агар ба баҳс кашем, ҳеҷ ҷавоби матлубе илмӣ ё ақлонӣ ба даст намеояд ва бидуни шакку шубҳа онҳоро бо ишқ ё шавқу шӯри хосае бояд қабул кард, то барои баҳсу моҷаро дигар ҷое боқӣ намонад.

Кори бечунро ки кайфият диҳад,

Ин ки гуфтам ҳам зарурат медиҳад.

Гаҳ чунин бинмояду гаҳ зидди ин,

Ҷуз ки ҳайронӣ набошад кори дин. 

Дар баробари ин, бархе аз андешмандон, ба монанди Ҷон Ҳик Мавлоноро плюралисти динӣ ва ҳатто асосгузори плюрализми динӣ меноманд. Зеро Мавлоно назар ва муносибати некхоҳона ба афроди тамоми дину мазоҳиб дошт ва ҳеҷ як инсонро аз рӯи мансубияташ ба ин ё он дин баҳогузорӣ намекард. Метавон гуфт, ки дини Мавлоно дини инсонгаро буд. Муҳаққиқи эронӣ Алиакбари Рашшод дар мақолаи худ «Мавлоно ва такассургароии динӣ» кӯшиш кардааст, то нишон диҳад, ки Мавлоно сирфан ба ислом тааллуқ дорад ва дар муносибат бо динҳо такассургаро нест. Вале агар мунсифона, решаҳои фикрии Мавлоноро дар робита ба дин баррасӣ намоем, хоҳем дид, ки вай ихтилофе бо мавҷудияти динҳои дигар надорад ва пайравони динҳои дигар низ ӯро ҳурмату эҳтиром мекунанд. Пас метавон гуфт Мавлоно плюрализми диниро қабул дорад. Вале, ҳамзамон, ин плюрализми зоҳирӣ ваҳдати ботинии динҳоро низ нишон медиҳад. Дар ин тарзи фикр ва андешаи Мавлоно мо як навъ диалектикаро дармеёбем. Орифон робитаи Худо бо ҷаҳонро мисли таносуби байни Офтоб ва нури он медонанд. Паёмбарон низ ҳамин тавр аз нури воҳид сарчашма мегиранд ва фақат дар назари инсонҳои гирифтори таъйинот яке Мӯсо ва дигаре Исост. Ҳар кас ба қадри тавони худ аз дин фаҳмише мебардорад ва ин боиси суитафоҳумҳо ва низоъҳое низ дар заминаи динӣ мегардад. Барои бартараф намудани чунин зиддиятҳо Мавлоно тавсия медиҳад, ки аз зоҳири дин ба дарки ботин ва асли дин пардозем, ки он дини фитрӣ ва ё тавҳиди ростин аст, ниёиши ошиқона мағз ва ҷавҳари динҳост ва таваҷҷӯҳ ба он инсонҳоро аз тафриқаву нифоқ наҷот хоҳад дод.

Аз куфру зи ислом бурун саҳроест,

Моро ба миёни он фазо савдоест.

Ориф чу бад-он расид, сарро биниҳад,

Не куфру на ислом, на он ҷо ҷоест. 

Вале, болотар аз ҳама, аз эҷодиёти Мавлоно чизе ки моҳияти аслии таълимоти ӯро нишон медиҳад – ин худшиносӣ ва ба даст овардани худии худ мебошад. Тавре, ки Комил Бекзода менависад: «…аз алиф то ё-и эҷодиёти Мавлоноро ҳамин як фикр ташкил мекунад: «Худои ҳақиқӣ инсон аст». Ва таъкид мекунад:

Эй қавми ба ҳаҷ рафта куҷоед, куҷоед,

Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед.

Маъшуқи ту ҳамсояи девор ба девор,

Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Гар сурати бесурати маъшуқ бубинед,

Ҳам хоҷаву ҳам хонаву ҳам Каъба шумоед.

Даҳ бор аз он роҳ бад-он хона бирафтед,

Як бор аз ин хона бар ин бом бароед.

Он хона латиф аст, нишонҳош бигуфтед,

Аз хоҷаи он хона нишоне бинамоед.

Як дастаи гул ку, агар он боғ бидидед,

Як гавҳари ҷон ку, агар аз баҳри худоед.

Бо ин ҳама он ранҷи шумо ганҷи шумо бод,

Афсӯс, ки бар ганҷи шумо парда шумоед.

…Сирри дилгармие, ки мардум нисбат ба навиштаҳои Мавлоно доранд, маҳз дар ҳамин аст, ки вай ба Инсон мансаби худоиро ваъда медиҳад. Аз ин ваъда олами инсонӣ ҳамеша дилгарм хоҳад монд».

Адабиёт:

1. Бекзода К. Паёмбарони фарҳанги мо. (Ҷилди аввал). –Душанбе: Нашриёти «Нодир», 2000.

2. Замонӣ Карим. Шарҳи ҷомеъи «Маснавии маънавӣ». –Теҳрон: Интишороти «Иттилоот». Дафтари дуввум, 1377.

3. Мавлавӣ Ҷалолуддин. Маснавии маънавӣ. Ба тасҳеҳи Р. Николсон. –Теҳрон: Амири Кабир, 1363, чопи аввал.

4. Мавлавӣ Ҷалолуддин. Фиҳӣ мо фиҳӣ. Ба тасҳеҳи Бадеъуззамон Фурӯзонфар. –Теҳрон: Амири Кабир, 1369.

5. Муҳаммад Маҳдии Хусравиён. Дин аз дидгоҳи Мавлавӣ. https://rasekhoon.net/article/print/647157/%D8... 

6. Рашшод А. Мавлоно ва такассургароии динӣ. / Фаслномаи «Ҳикмат ва фалсафа», №1, зимистони 1389.

7. Фурӯзонфар Бадеъуззамон. Аҳодиси Маснавӣ. –Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, 1334.

Виркан Музаффарпур

Время намаза в Душанбе

16.04.2024

Подробнее
Фаджр04:14
Зухр12:40
Аср17:14
Магриб19:13
Иша20:44
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее