Главная Статьи “Таносухи имон” ё сирри тағйири мазҳаб аз ҷониби наҳзатиён

“Таносухи имон” ё сирри тағйири мазҳаб аз ҷониби наҳзатиён

“Таносухи имон” ё сирри тағйири мазҳаб аз ҷониби наҳзатиён
2018-06-29
2646

Таълимот дар бораи таносух аслан мӯътақидоти асосии ҳиндуёни қадим мебошад. Онҳо боварӣ доштанд, ки баъди марг рӯҳ аз як колбад (ҷисм) ба колбади дигар мегузарад. Дар таърихи ислом ин ақидаро баъзе аз намояндагони фирқаи шиа, алалхусус шиаҳои ифротӣ, қабул карданд. Масалан, пайравони нусайрия даъво мекарданд, ки рӯҳи гунаҳкорони кабира барои покшавӣ дубора дар ҷасади мусулмон, яҳудӣ ва насронӣ ва рӯҳи кофирон (онҳое, ки Алиро намешиносанд) бошад дар ҷисми ҳайвонот – уштур, хар, саг ва ѓайра интиқол мегарданд. 

Аммо ТЭТ ҲНИТ дар ин боварӣ навоварии ҳайратовареро ворид сохт. Он таносухро дар нисбати имону имондорӣ татбиқ намуд. Маълум гашт, ки инсон ҳанӯз дар зиндагиаш бо роҳи имонашро аз як фирқа ё мазҳаб ба фирқаю мазҳаби дигар интиқол додан метавонад, худро «поксозӣ» намояд. Инро ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ ба наздикӣ ҳангоми сӯҳбати худ дар шаҳри Варшава бо Алим Шерзамонов, ки кас ба фаҳму мантиқи саволгузории ӯ бояд бигиряд, бори  дигар собит сохт. Кабирӣ ҳангоми сӯҳбат дар як маврид ҳарчанд кӯшиш мекард, ки муътакид будани наҳзатиёнро ба мазҳаби суннии ҳанафӣ ба мардуми ноогоҳ исбот намояд, лекин бо эътирофи он, ки «оё шиа шудан ҷиноят аст? ва «ин ба қонунгузории Тоҷикистон ихтилоф надорад», худ тасдиқ намуд, ки воқеан назҳатиҳо кайҳо имони худро таносух карда, ба мазҳаби шиаи дувоздаҳимома интиқол доданд. Ҳамаи ин кӯшишҳо барои он буд, ки Кабирӣ мехост бо усули таҳрифкорӣ суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро дар назди аҳли ҷамоати кишвар аз санаи 12 майи соли 2018 ба назари хориҷиён, алалхусус хоҷагони наҳзатиён ва мардуми ноогоҳи кишвар, нодуруст муаррифӣ созад. Ҳол он ки Пешвои миллат нисбат ба фирқаи шиа ба таври кулл ягон хел андешаи ноҷо баён накардаанд. Ишораи Пешвои миллат танҳо дар он буд, ки собиқ назҳатиён бо паҳн кардани шиагароӣ дар Тоҷикистон ваҳдати имонӣ-мазҳабии мардуми кишварро вайрон намуда, дар ин замина низоъҳои мазҳабиро пайрезӣ карда, аз он барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ суиистифода карданд, ки боиси аз байн рафтани ҷони 150 ҳазор шаҳрвандон ва ҳисороти бузурги иқтисодию маънавӣ дар кишвар гардид. Пешвои миллат бо чунин ишора хостанд мардумро ба ваҳдату бунёдкорӣ даъват намоянд ва ҳушёр диҳанд, ки мардум набояд ба мазҳабтарошию ҷудоинандозӣ роҳ диҳанд. Вале ин баёнияи Пешвои миллат ба Кабирӣ хуш наомадааст, зеро ӯ ва наҳзатиён ҳанӯз дар пайи интиқому ҳадафҳои қудратҷӯии худ қарор дошта, дастури хоҷагони хориҷии худро бояд бо кадом роҳе набошад, пиёда созанд. Вагарна аз куҷо кор накарда зиндагии «пурфайз»-и худ ва наздиконашонро таъмин месозанд.

Ёдрас бояд кард, ки даъвои оқои Кабирӣ доир ба ихтилоф надоштани «шиа будан» ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз нуқтаҳои асосии суҳбат буд, низ ноҷо ва фитнаангез аст. Дуруст аст, ки дар қонунгузории Тоҷикистон ҳамаи дину мазҳаб ва мафкураҳои мухталиф баробарҳуқуқанд, қонун ба ягоне аз онҳо афзалият надодааст. Вале Кабирӣ бояд донад, ки дар қонунгузории ягон кишвари ҷаҳон барои паҳн кардани ақидаи ҳизбу ҳаракати хусусияти динӣ-ифротӣ дошта, ки амну суботи ҷомеаро вайрон месозад, низ кафолати ҳуқуқӣ дода нашудааст. Аз касе пинҳон нест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон ба ҳамаи дину мазҳабҳо эҳтироми баробар дорад, аз ҷумла ба шиа ҳамчун мазҳаби як қисми мардуми мусулмон ва дар муносибат ба мардумони шиамазҳаб на аз мавқеи мазҳабӣ, балки дар асоси арзишу аслҳои умумибашарӣ кор мегирад, ки инро Кабирӣ ва Шерзамонов хуб медонанд, ҳарчанд аз рӯи хусумат эътироф надоранд. Баръакс, ин ҳукумати ҶИЭ ва ТЭТ ҲНИТ мебошад, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеи мазҳаби шиа муносибати муѓризона намудаанд ва аз чунин раъй ҳанӯз даст накашидаанд. Магар ин моҷароҷӯён ҳукумати ҶИЭ ва наҳзатиён набуданд, ки бо роҳи маѓзшӯӣ кардани толибилмони тоҷикистонии донишгоҳҳои ҶИЭ ва омода сохтани мубаллиғони шиа кӯшиш карданд, ки дар Тоҷикистон шиагароиро паҳн намуда, дар оянда заминаҳои иҷтимоӣ барои «инқилоби исломӣ» муҳайё карда, манфиатҳои геосиёсии ҶИЭ-ро дар пояи мазҳаби шиа дар Тоҷикистон пиёда созанд. Кабирӣ хуб мефаҳмад, ки пиёда сохтани чунин нақшаи геосиёсӣ дар асоси бозиҳои мазҳабӣ барои Тоҷикисон чӣ паёмадҳои даҳшатовар ба бор меорад. Пас саволе ба миён меояд, ки оё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи амнияту суботи кишвар аз иқдоми нопоки ҶИЭ ва ТЭТ ҲНИТ пешгирӣ намояд ё на? Бинобар он, агар ба гуфтаи Кабирӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ТЭТ ҲНИТ-ро ба шиагароӣ айбдор карда бошад, амрест қонунӣ. Зеро шиагароии наҳзатиён ҳадафҳои сиёсӣ дошт, на эътиқодӣ. Эътиқоди шиа, ки наҳзатиён доранд, ин он эътиқоди суннатии мардумони шиамазҳаб нест. Эътиқоди шиаи кабириҳо эътиқоди харобиовар аст. Аз ин рӯ, аз паҳншавии он дар Тоҷикистон бояд пешгирӣ кард. Албатта, он чизе, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар назди аҳли ҷомеаи кишвар баён доштанд, ба манфиати наҳзатиҳо ва хоҷагони бурунмарзии онҳо нест. Бинобар ин вокуниши Кабирӣ як амали табиист, ки онро мардуми тоҷику тоҷикистониён хуб мефаҳманд. Онҳо дигар он мардуми солҳои 90-уми садаи ХХ нестанд, ки шуморо нишиносанд.

Як нуктаи ҳайратангези андешаи Кабирӣ дар ин суҳбат он буд, ки ӯ нисбат ба ҳаракатҳои салафияю ҳизбуттаҳрир низ ин маротиба некби-нона назар афканд. Гумон меравад, ки наҳзатиён кӯшиш доранд, ки имрӯз бо ин ҳаракатҳои ифротӣ пайванд шаванд, то ки худро дар шаклу симои дигар зоҳир намоянд, аз нав имонашонро бо усули таносух вориди ҳаракатҳои ифротии дигар созанд. Беҳуда нест, ки намояндагони наҳзатиён дар ҷангҳои Ироқу Сурия бевосита ширкат доштанд. 

Ҳол он ки чанд сол қабл аз паҳн шудани ҳизбуттаҳрир дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон оқои Кабирӣ маҳдуд шудани мавқеи сиёсии наҳзатро эҳсос карда, хеле нороҳат шуда буд, ки аз ин мақолаи ӯ зери унвони «ҲНИТ ва ҳизби таҳрир (умумият ва фарқ)» дар маҷмӯаи «Дар бораи мувофиқати исломи сиёсӣ ва амният дар қаламрави САҲА». Душанбе – 2004 (с. 239-252) шаҳодат медиҳад. Ӯ бо иқтибос аз роҳбари рӯҳонии ҲНИТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ муносибати худро ба ҳизби таҳрир чунин ироа кардааст: «Ман фикр мекунам, ки ин гурӯҳ (ҳизби таҳрир) ҳаққи дар Тоҷикистон амал кардан надорад, аз ду нигоҳ: яке нигоҳи динӣ ва дигаре нигоҳи ҳуқуқӣ.

Аз нигоҳи динӣ, дар Тоҷикистон як ҳизби характери динӣ дошта вуҷуд дорад ва ҳоҷат ба таъсис ва фаъолияти ҳизби дигар нест. Агар онҳо хоҳанд, метавонанд аз тариқи ҳизби мо фаъолияти сиёсӣ намоянд, модоме ки амалашон хилофи қонун ва оинномаи ҳизби мо набошад. Аммо аз нигоҳи ҳуқуқӣ онҳо ба қайд гирифта нашудаанд ва наметаво-нанд дар Тоҷикистон ҳаққи фаъолият дошта бошанд. Муносибати мо бо онҳо ҳамчун бо ҳизби ғайриқонунӣ хоҳад буд» (с.243).

Хонандаи гиромӣ! Худ мулоҳиза намо! Дар ин гуфтаи С. Нурӣ ва Кабирӣ ду нуқтаи муҳим аст. Якум, ҲНИТ аз вуҷуди ҳизби таҳрир ба хотири манфиатҳои яккатози худ нороҳат аст. Дигар ин ки ҲНИТ дар ин ҷо кӯшиши пайванд шудани худро бо ҳизби таҳрир пинҳон надоштааст. Чӣ гуна симо, хусусият ва ҳадаф доштани ҳизби таҳрир ба коршиносон маълум аст. Вале он вақт ҲНИТ натавонист ин нақшаи худро амалӣ созад, то ки аз ҳисоби таҳририён нерӯмандтар гардад, вале имрӯз шикасти онҳо наҳзатиёнро маҷбур сохтааст, ки аз «ҳуқуқи» ин ҳизб дифоъ намоянд. Кабирӣ боз шарм накарда, ба ҷои ин ки аз тафриқа-андозӣ, мазҳабтарошии худу ҳамтоёнаш тавба карда, аз мардуми кишвар узр пурсад, дар суҳбат бо Шерзамонов Пешвои миллатро барои аҳли ҷомеаро аз оқибатҳои нохуши ҳар гуна тафриқаю низоъандозӣ дар заминаи мазҳабгароӣ ҳушдор доданаш, баръакс ба тафриқаандозӣ мекӯшад муттаҳам созад. Вале, албатта, ҳаёҳуяш беҳуда аст, зеро имрӯз мардуми кишвар нағз медонанд, ки тафриқаандоз кӣ буду ваҳдатовар кист. 

Ҳоло бамаврид аст, ки ба суҳбатнигор Алим Шерзамонов як маслиҳати беғаразона диҳам. То он ҷое, ки ба камина маълум аст, фирқаи исмоилия имрӯз танҳо як ҷараёни динӣ-фалсафӣ буда, аз фирқаи шиаи дувоздаҳимома фарқиятҳои ҷиддӣ дорад. Фирқаи шиаи дувоздаҳимома дар ҶИЭ ва баъзе кишварҳои мусулмонии дигар бо кӯшиши ҳукумати ҶИЭ, ҳизби сиёсӣ-динии он «Ҳизбуллоҳ» хусусияти сахти сиёсӣ-ифротӣ касб кардааст, ки хоси исмоилияи муосир нест. Зиёда аз ин, заминаи иҷтимоии шиаи дувоздаҳимомаро дар ибтидо бештар арабҳо ташкил дода, он хусусияти арабгароӣ дошт. Вале заминаи иҷтимоии исмоилияро асосан халқҳои ғайриараб, аз ҷумла мардумони эронӣ, ташкил дода, он дар зери фишори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии хулафои умавиён зуҳур кардааст. Бинобар он, исмоилия бештар хусусияти эрондустӣ дорад. Зиёда аз ин, муносибати фирқаи шиаи дувоздаҳимома бо исмоилия ҳамон тавре аст, ки чуноне бо аҳли суннат ва ҷамоат мебошад. Бубинед, ки агар наҳзатиҳои дар гузашта аҳли суннат ва ҷамоат шиаи дувоздаҳимомаро ба хотири манфиатҳои қудратхоҳиашон қабул карда бошанд, вале ягон тоҷики исмоилимазҳаб то имрӯз ин фирқаро қабул накардааст. Агар баъзе тоҷикони ҳанафимазҳабу наҳзатиён дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок карда бошанд, вале ягон исмоилимазҳаби бадахшонӣ ширкат наварзида¬аст. Ҳатто ҲНИТ низ бисёр кӯшиш кард, ки исмоилиҳоро ба худ ҷалб созад, вале натавонист. Бинобар ин, аз ТЭТ ҲНИТ барои шиагароиро ба мақсадҳои ғаразнок қабул кардану паҳн карданаш ёдовар шудани Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ранҷидани шумо ва онро чун таҳқири худ қабул карданатон беҳуда ва ноҷо аст. Баръакс, бо ТЭТ ҲНИТ пайвастан ва бо дасисаҳои Кабирӣ пайравӣ кардани шумо маънои ранҷонидани мардуми ватандӯсти бадахшонӣ ва ба дасисабозиҳои нав шарик намудани онҳоро дорад, ки аз ҷониби бадахшониён қабул нахоҳад гардид. Бо боварии комил изҳор менамоям, ки эҳтироме, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Бадахшон дорад, ягон наҳзатӣ надошт ва надорад. Фоҷиае, ки солҳои навадуми садаи ХХ ба сари мардуми Бадахшон омад, бадахшониён ҳанӯз фаромӯш накардаанд ва нахоҳанд кард. 

Даъвои Кабирӣ дар хусуси он, ки онҳо соли 1992 баъди ба майдон баромадани бадахшониён, созмони Растохез, ҳизби демократӣ барои пуштибонӣ намудан аз онҳо бархостанд, комилан беасос аст. Кабирӣ мехоҳад масъулияти тазоҳуротҳо ва ҷанги шаҳрвандиро ба дӯши бадахшониён ва дигар созмонҳо бор намояд, ки беҳуда аст. Зеро тазоҳуротҳои наҳзатиён ҳанӯз соли 1990 сурат гирифта буданд, ки бадахшониён набуданд. Ҳодисаҳои февралии соли 1990-ро бояд ба хотир овард, ки 25 нафар қурбони дасисаҳои наҳзатӣ гардиданд. 

Даъвои Кабирӣ дар хусуси он, ки бо дахолати Россияву Ӯзбекистон тазоҳуротҳои соли 1992 ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт, низ бепоя буда, аз ривояти асотирӣ ё афсона беш нест. Зеро аввал ин, ки дахолати ин давлатҳо баъди сурат гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ ва авҷ гирифтани бедодгариҳои ТЭТ ҲНИТ бо мақсади пешгирӣ кардан аз «инқилоби исломӣ» дар минтақа ба вуқӯъ пайваст. Дигар ин ки, агар чунин фарзияро қабул кунем ҳам, бояд мардуми кишвар донанд, ки агар ТЭТ ҲНИТ ҷанги шаҳрвандиро сабаб намегардид, ин давлатҳо ҳеҷ гоҳ ба раванди ин ҷанг дахолат намекарданд ва дахолати Ӯзбекистон маънои ҳифзи амнияти худро дошт. Россия бошад, низ намехост, ки нуфузи худро дар минтақа аз даст диҳад ва ҳамчунин он аз таъсири «инқилоби исломӣ»-и Тоҷикистон ба кишварҳои мусулмоннишини худ меҳаросид. Ҳамаи ин шароиту омилҳоро ТЭТ ҲНИТ ба инобат гирифта натавонист.

Зиёда аз ин, Кабирӣ аз дахолати Россияву Ӯзбекистон, ки бо мақсади хомӯш сохтани ҷанги шаҳрвандӣ ва хавфи паҳншавии «инқилоби исломӣ» дар минтақа сурат гирифта буд, ёдовар шуда, аммо дар мавриди он ки ҷанги мазкур бо пуштибонию ёриҳои молиявии ҶИЭ роҳандозӣ гардид, муҳри хомӯшӣ ба лаб задааст. Ин хомӯшӣ маънои онро дорад, ки наҳзатиён то ҳанӯз аз амалҳои зишту нопоки худ бар муқобили миллату давлати тоҷик пушаймон нашудаанд ва умеди онро доранд, ки «падархондашон» минбаъд низ онҳоро дар «гаҳвораи ноз»-и худ мепарварад ва онҳо зиндагии боишрати худро аз ҳисоби ватану мазҳабфурӯшӣ идома хоҳанд дод.

 Нурулҳақов Қамар

Время намаза в Душанбе

20.04.2024

Подробнее
Фаджр04:07
Зухр12:40
Аср17:19
Магриб19:17
Иша20:48
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее