Главная Статьи БА ИН ЧӢ МЕГӮЯНД?!

БА ИН ЧӢ МЕГӮЯНД?!

БА ИН ЧӢ МЕГӮЯНД?!
2018-06-29
4567

Суханрониҳои Қиёмуддини Ғозиро тавассути филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” тамошо кардам. Зимни ин суханрониҳои хеш ӯ ҳамон фикру хулосаҳоеро, ки банда нисбат ба ваю ҳизби мамнуи наҳзат доштам, тасдиқ намуд. Мақолаи Сайид Қиёмуддини Ғозӣ «Паёми Бобои Эшон ба муносибати Ошӯро»-ро ҳанӯз соли 2012 баъди интишор шуданаш тавассути сайтҳои интернетӣ хонда будам. Дар мақолаи мазкури хеш Сайид Қиёмуддини Ғозӣ асосан масъалаи таҷлили Ошӯроро аз дидгоҳи аҳли ташайюъ мавриди баррасӣ қарор дода, пайдоиш, моҳият ва таърихи Ошӯроро таҳқиқ ва пешкаши хонанда намудааст. Ӯ дар мақолаи мазкури худ ишора намудааст, ки даҳаи Ошӯро садсолаҳо қабл дар Мовароуннаҳр ва Осиёи Марказӣ ҷашнҳои арзишманди динӣ ба шумор рафта, мусулмонон дар ин даҳ рӯз издивоҷ, хатнасур, ҳар навъи шодиро барои худ ҳаром меҳисобиданд. Дар мақола талқин мешавад, ки касе худро мусулмон ҳисобад, бояд даҳаи Ошӯроро барои худ даҳаи мотам шуморида, дар ин рӯзҳо аз шодиву сурур даст кашад, ба Язид ибни Муовия, ки дар замони халифа буданаш Ҳусайн ибни Алӣ дар дашти Карбало кушта шудааст, лаънат бифиристад.

Тарзи шарҳу фасли Ошӯро дар мақолаи Сайид Қиёмуддини Ғозӣ «Паёми Бобои Эшон ба муносибати Ошӯро» хоси равияи аҳли ташаййюъ буда, пешкаши хонандагон намудани ин ҳақиқати ихтилофии таърих, пайравию ҷонибдорӣ аз мазҳаби аҳли ташаййюъ ва ташвиқу тарғиби ин мазҳаб мебошад.

Суханрониҳои Эшони Қиёмиддини Ғозӣ, муовини ӯ Мирзошариф Ашуров, шогирдаш Ҳукмиддин Солиев ва далелҳои қотеи дигари дар филм овардашуда бори дигар исбот намуданд, ки ТЭТ ҲНИТ чи ҳадафҳое дошту наҳзатиҳо чи касоне будаанду чи ҳадафҳои муғризонае доштанд.  Яке аз амалҳои тарҳрезишуда нисбат ба фазои эътиқоди динии кишвари мо ва супориши “хоҷагони эронӣ”- и роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ оҳиста-оҳиста зиёд намудани таъсири ақидаи аҳли ташаййюъ буд. Барои халалдор намудани сулҳу субот ва фазои эътиқоди динии кишвар бо дастури хоҷагонашон роҳҳо ва василаҳои мухталифро истифода бурданд. Агар як василаи пешгирифтаи онҳо баҳри ба ҳадаф расидан истифодаи роҳҳои фарҳангӣ (бо роҳҳои мухталиф ба ҷумҳурӣ ворид намудани китобҳои динии аҳли ташаййюъ ва интишори мақолаҳои ҷонибдории расму русуми шиамазҳабӣ, дар мисоли мақолаи мазкури Эшони Қиёмиддин) бошад, василаи дувум бо роҳи кумакҳои пулию дастмуздҳо ба сӯи худ ҷалб намудану ба русуми аҳли ташаййюъ моил намудани мусулмонони суннимазҳаб ва саъю кӯшиши табаддулот буд. Ҳамон саъю кӯшиши табадуллоте буд, ки ҳанӯз соли 2006 тарҳрезӣ шуду баъди сипарӣ гардидани 9 сол, сентябри соли 2015 зархаридони хоҷагони хориҷӣ бо сарварии роҳбарони  ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ боз кӯшиши табаддуллот намуданд. Ин дафъа низ тирашон хок хӯрд. Зеро онҳо бо ақли кӯтоҳбини худ он чизро дарк накарданд, ки Тоҷикистон он Тоҷикистони солҳои навадум несту аз файзу баракати соҳибистиқлолии кишвар ва туфайли кӯшишҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ ба ҳар кас сарфи назар аз нажоду миллаташ кафолат дода шуда, таҳаммулпазирии динӣ дар муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ риоя шуда, шароитҳои баробари ҳуқуқӣ барои ҳар як фарди ҷомеа фароҳам оварда шудааст. Дар натиҷаи ин дар кишвар фазои софу беғубори озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ ҳукмфармо гашта, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ниёзҳои эътиқодӣ ва ибодатии худро озодона ва бо мамнунияту қаноатмандӣ амалӣ месозанд. Душманони исёнгар бехабар аз он, ки таҷрибаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мардумро бедор намуда, тафаккуроти пешрафтаеро насибашон гардонидааст. Ва мардуми кишвар медонанд, ки танҳо дар шароити сулҳу суботи миллӣ метавонанд ниёзҳои динии худро озодона адо намоянду бе тарсу ҳарос ва бо боварии том ба фардои дурахшон аз ҳавои софу беғубори кишвари азизамон озодона нафас бикашанд, зиндагӣ басар баранд ва орзую ниятҳои хешро амалӣ бисозанд. Хоинони миллату Ватан бо чашми кӯрдилонаю ношукрбандагии хеш онро дида натавонистанд, ки замона дигар гаштаву мардуми кишвар дигар ба ҳилаву найрангҳо дода намешаванд. Натиҷа ҳамин шуд, ки ба ҷуз чанд нафар гумроҳи зархарид дигар касе генерали исёнгар Абдуҳалим Назаровро ҷонибдорӣ накард. Ин генералӣ хоин он чизро низ дарк накард, ки қувваи низомии кишвар устувортар гардида, неруҳои мусаллаҳи он қодир аст, ҳифзи амният ва сулҳу суботи  кишварро аз кадом қувваи нопоке набошад, муҳофизат менамоянд.

Он сарварону аъзоёни ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ, ки баъди шикасти саъю кӯшиши табаддулоти ҳарбияшон аз Тоҷикистон фирор карда, дар хориҷи кишвар паноҳгоҳ ёфтаанд, ҳавою ҳаваси нооромгардонии вазъияти ороми кишвар, аз байн бурдани мазҳаби анъанавӣ ва тағйир додани низоми давлатдории Тоҷикистонро то ҳоло аз сари худ дур накардаанд.

Бино ба шаҳодати худи Эшони Қиёмиддин Ғозӣхоҷагонаш ӯро масъули муттаҳид намудани наҳзатиҳои фирорию парокандаи Федератсияи Русия таъйин намуданд. Аз ин бармеояд, ки хоҷагони муздурони наҳзатию Эшони Қиёмиддин то ҳол ҳавою ҳавасҳои нисбат ба Тоҷикистон доштаи худро аз сар дур накардаанду дур карданӣ ҳам нестанд.

 Навори пешкашшуда бори дигар парда аз рӯи сирру асрори наҳзатиҳо бардошта, шаҳодати Эшони Қиёмиддини Ғозӣ ва Мирзошариф Ашуров ҳадафҳои муғризонаи наҳзатиёнро бори дигар ба ҳамагон ошкор сохт.

Наҷмидин Салимов,

и.в. Сармуҳаррири маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”

Время намаза в Душанбе

29.03.2024

Подробнее
Фаджр04:43
Зухр12:40
Аср16:56
Магриб18:55
Иша20:25
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее