Главная Статьи Пайомадҳои хатарбори фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар Тоҷикистон. Ҳушдори раиси ки Ҳҳдт дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода ба ҷавонон

Пайомадҳои хатарбори фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар Тоҷикистон. Ҳушдори раиси ки Ҳҳдт дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода ба ҷавонон

Пайомадҳои хатарбори фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар Тоҷикистон. Ҳушдори раиси ки Ҳҳдт дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода ба ҷавонон
2018-07-12
2634

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишварҳои мустақили минтақаи Осиёи Марказӣ фазои холии идеологӣ ба вуҷуд омада, ихтилоф дар байни ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни навзуҳур зери шиорҳои демократияву озодӣ ва дину мазҳабу фирқаву маҳал рӯ ба афзоиш овард. Таърихи на чандон дури Тоҷикистони соҳибистиқлол равшану возеҳ нишон дод, ки чунин ҳолат чӣ пайомадҳоеро метавонад дар пай дошта бошад”, — чунин иброз намудааст дар як нигоштаи худ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Абдулло РАҲМОНЗОДА.         

 Тақвият ёфтани ташкилотҳои радикалии исломӣ ва террористӣ, ки истифода аз эътиқоди динӣ,  тарсондан ва хушунатро ҳамчун як воситаи муҳим барои  расидан ба ҳадафҳои  худ пайгирӣ мекарданд, боиси нигарониҳои ҷиддӣ гашт.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 17 ташкилоти террористиву экстремистӣ: «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ал-Қоида», «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Толибон»-и Афғонистон, «Бародарони мусалмон»-и Миср, «Лашкари Тайиба»-и Покистон, «Ҷомеаи исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», ташкилоти динӣ-миссионерии «Созмони таблиғот», «Тоҷикистони озод», «Ҷамоати ансоруллоҳ», «Салафия», «Гурӯҳи 24», «ДОИШ» ва «Ҷабҳат-ан-нусра» манъ карда шудааст.

Коршиносон ба ин назаранд, ки ҳамаи ин ҳизбу ҳаракатҳо дорои як манбаву сарчашма буда, усулҳои фаъолияташон низ як умумият дорад – ноором кардани авзои сиёсии давлатҳо, сӯиистифода аз бовариҳои динӣ, ба вуҷуд овардани тафриқаи иҷтимоӣ, мубориза бо фарҳангу асолати қадимаи миллатҳо, гумроҳсозии ҷавонон ва ба муқобили насли калонсол шӯронидани онҳо, бераҳмӣ, қатлу куштор, даҳшатафканӣ, фиребу фирефта кардани ҷомеа ва ғайра. Пайомади амалҳои ин гурӯҳҳои террористӣ аллакай тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ваҳшатзада кардааст – таркиш дар кӯчаҳо, бозорҳо, даруни нақлиёт ва ҳатто дохилу минбари масҷидҳо…

Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба як мушкилии ҷиддӣ-таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм - ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 дар кишварамон мебошад.

Тавре аз расонаҳо огоҳем, чанде қабл яке аз саркардагони наҳзатиён бо номи Сайид Қиёмиддини Ғозӣ ё эшони Қиёмиддин боздошт гардида, ба як қатор гуноҳҳои кабираи худу ҳаммаслакони хоинаш иқрор шуд. Дар филми ҳуҷҷатии «Решаҳои ноаён» эшони Қиёмиддин якчанд асрори ифлоси наҳзатиён ва хоҷагони хориҷиашонро фош сохта, гуфт, ки дар пушти ин ҳама дасисаҳо дастгоҳи ҷосусии Ҷумҳурии исломии Эрон ва неруҳои ҳарбии «Сипоҳи посдорони инқилоб»-и ин давлат меистодаанд. Ҳамзамон ошкор гардид, ки «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ин номи аслии ҳизби мазкур набуда, танҳо ба хотири ҷузъе аз Тоҷикистон нишон додани худ чунин номгузорӣ шудааст. Дар асл гурӯҳи наҳзатиён бахше аз созмони мусаллаҳи террористиву экстремистии «Ҳизбуллоҳ» мебошанд, ки аз тарафи Эрон барои тахрибкориву анҷом додани амалҳои террористӣ дар хориҷи кишварашон ташкил карда шудааст.

Дар зимн Эшони Қиёмиддин ва дигар саркардагони гурӯҳи наҳзат пинҳонӣ узви созмонҳои ҷосусии Эрон гардида, ба як дастгоҳи иҷрои супоришҳои хориҷиён табдил ёфтаанд. Бо сӯиистифода аз дину оини мардум ва бовариҳои динии ҷомеа, ки чунин шахсонро «тақводор” мешумориданд, ин тоифаи хоин аз тӯю худоӣ ва маргу шодии сокинон истифода бурда, ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопоки худ зери шиори «амри маъруф” супоришҳои хоҷагонашонро иҷро мекардаанд. Дар меҳвари ин супоришҳо, агар аз як тараф моил кардани ҷомеа ба ақидаҳои шиагароӣ бошад, аз тарафи дигар шӯронидани мардум бар зидди ҳамдигар ва барпо кардани фитна миёни ҷомеа буд. Ба унвони мисол, яке аз ин фитнаҳо ҳаром эълон кардани нони омӯзгор ва ҳаром гуфтани доруву дармони табобатхонаҳо буд. Яъне мардумро нисбат ба ду қишри умдаи ҷомеа, ки яке масъули мафкураи солим ва дигаре масъули ҷисми солимаш аст, шӯрониданд.

Бо вуҷуди ҳамин гуна таҷрибаҳои талхи ҳаётӣ ҳанӯз ҳам ҳастанд бадхоҳони миллат, ки дини мардумро бар зидди мардум истифода бурдан мехоҳанд ва тавре тарғиб мекунанд, ки бо сӯиистифода аз дин мардумро зидди давлату зидди ҳамдигар шӯронанд.

Аммо миллати тоҷик ин фиребро дубора намехӯрад. Аллакай сокинон раванди ҳодисаву воқеаҳо ва ҳамзамон тағйиротро дар сиёсати ҷаҳонӣ бо чашми сар дида истодаанд. Мардум тафаккури таҳлилӣ дорад ва таҳлил мекунад, ки агар солҳои 1943-1988 дар кишвари мо ҳамагӣ 17 масҷид амал мекард, ҳоло дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 масҷиди марказӣ, 325 масҷиди ҷомеъ, 3 ҳазору 334 масҷиди панҷвақта мавҷуд аст. Ба ҳисоби миёна, ба 2 ҳазор нафар аҳолӣ 1 масҷид рост меояд. То соли 1990 мусулмонони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ танҳо дар мадрасаи Мири Араби Бухоро ва Донишкадаи олии исломии Тошканд имкони таҳсили динӣ доштанд. Соли 1990 дар ин ду муассисаи таълимии динӣ аз ҷумҳурии мо ҳамагӣ 27 нафар донишомӯз таҳсил мекард. Ҳиссаи (квотаи) мусалмонони ҷумҳурии мо дар ин муассисаҳои таълимии динӣ хеле ночиз буд ва аз ин рӯ, то замони истиқлол дар байни мусалмонони кишвар шумораи уламои хатмкарда (дипломдор) ангуштшумор буд.

Ҳоло танҳо дар Донишкадаи олии исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам беш аз 1,5 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамоянд. Дар назди Донишкадаи мазкур гимназияи исломӣ фаъолият дошта, дар он қариб 700 нафар толибилм ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Агар дар тӯли беш аз 70 соли салтанати шӯравӣ ҳамагӣ 30 шаҳрванди мо фаризаи ҳаҷ анҷом дода бошанд, дар давраи истиқлолият ҳазорон мусалмонони Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳои худ ба мартабаи ҳоҷигӣ расиданд ва ҳатто баъзеашон 6-7 маротиба ҳаҷ карданд. Дар як сол аз давлатҳои ИҶШС ҳамагӣ то 10 нафар ба маросими ҳаҷ рафта метавонистанд. Ҳоло танҳо аз Тоҷикистон ин шумора беш аз 5000 нафар дар як сол аст.

Бо назардошти ин ва дигар нишондодҳое, ки мардум бо ақли худ дарк кардаанд, дигар ин гурӯҳҳои ифротӣ сокинони Тоҷикистонро фирефта карда наметавонанд. Чанд ҷавони бетаҷрибаеро ҳам, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ гумроҳ кардаанд, бовар дорем, аз чунин ҳаёти дарбадариву сарсонӣ ва ҳамчун хоин ном баровардан садҳо бор безор шудаанд. Ҷавонони дигар, ба мисли Собиршо Ҳасанов, ки мусоҳиба ва хотираи талхи бархӯрдаш бо аъзои ТЭТ ҲНИ ва “Гурӯҳи 24” дар шумораи 22 (298)-и нашрияи «Ҳамрози халқ» аз АМИТ «Ховар» бознашр шудааст, ҳатто ҷони худро ба хатар мегузоранду ба онҳо ҳамроҳ намешаванд.

Дар тақвияти ин гуфтаҳо месазад зикр намоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро аз вазъияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хатари он ба истиқлолияти давлатӣ ҳанӯз соли 2006 дар китоби худ “«Тоҷикон дар оинаи таърих” ҳушдор дода буданд. Дар ин китоб ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хосса, миллати тоҷикро аз терроризму экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон, низоъҳои ақидавию мазҳабӣ, ифротгароии динӣ, тарғиби ғояҳои тахрибкориву зӯроварӣ ва ҷангу куштор (кибертерроризм), инқилобҳои ранга, терроризми генетикӣ, ки ҳамаи ин аз заиф шудани вазъи ҳуқуқи байналмиллалӣ шаҳодат медиҳанд, бохабар сохта буданд.

Ҳамзамон бо ишора ба бетарафӣ зоҳир намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пешгирӣ аз афзоиши рӯзафзуни хатарҳои ҷаҳонӣ дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.2017) чунин омадааст: « …Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави «ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст». Ин эродҳои ҷиддӣ то андозае симои воқеии бархӯрди манфиатҳоро ошкор месозад.

Агар ба гуфтаҳои боло бо назари таҳқиқ бингарем, аз ҷониби дигар ин ҳушдор ба мо, мардуми кишвар низ ҳаст, то бо ибратомӯзӣ аз таҷрибаи талхи давлатҳои Ғарбу Шарқ (Украина, Ироқ, Миср, Сурия…) ва талхтарин таҷрибае, ки худ аз ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум бардоштем, дар моварои ин бархӯрдҳо бояд зирак бошем ва дӯстро аз душман фарқ карда тавонем.

Зеро тавре медонем, чунин бадхоҳон дар симои ТЭТ ҲНИ моҳи сентябри соли 2015 кӯшиш карданд дубора сенарияи солҳои навадуми асри гузаштаро дар Тоҷикистон такрор кунанд.

Тафтишот бо далелҳои раднопазир собит кард, ки роҳбари ТЭТ ҲНИ М.Кабирӣ бо маслиҳати пешакӣ бо дигар аъзои раёсати олии ҲНИ ва собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон A.Назарзода бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ва тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноятиро, ки ҳар кадоме то 30-нафарӣ аъзо дошт, созмон додаанд.

Далели дигар, ки гунаҳи М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро дар содир намудани ин ҷиноятҳо тасдиқ мекунад, ин иштироки бевоситаи номбурда дар маблағгузории сӯиқасди табаддулоти давлатӣ мебошад. Аз ҷумла, 2 сентябри соли 2015 бо супориши М.Кабирӣ писараш Руҳулло бо ҳамроҳии ронандааш Сайфов Ҳ.Т. пули нақдро ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА ба хонаи А.Назарзода бурда, ба дасти ӯ супоридаанд. Баъдан маълум шуд, ки ин пулҳоро як ҳафта пеш аз ин барои анҷоми табаддулот аз хориҷи кишвар ба суратҳисоби онҳо гузаронидаанд.

Ҷойи таассуф ин ҷост, ки ҳанӯз ҳам бархе ҷавонони мо дар доми фитнаҳои онҳо меафтанд. Ин нафарони бахтбаргаштаро наҷот додан хеле душвор аст. Зеро онҳо дар торҳои анкабути хоинонаи хоҷагони хориҷии ТЭТ ҲНИ ва «Гурӯҳи 24” чунон печидаанд ва чунон мағзшӯӣ шудаанд, ки ҳоло аз манқурт фарқашон карда намешавад. Барои онҳо ягон арзишу муқаддасот вуҷуд надорад – на давлату миллат, на падару модар ва на дину имон. Ин фитнагарони «кӯчанамозхон”-ро агар хоҷагонашон супориш диҳанд, ба хотири фитнаи бештар афкандан ва аз дини мардум сӯиистифода кардан ҳозиранд Қуръонро дар миёни кӯча оташ зананд ва боз либоси дигар пӯшида, алайҳи ин амал норозигиву нооромӣ барпо намоянд. Инҳо ба дарди бедавое гирифтор шудаанд, ки номаш «дарди хиёнат” аст. Онҳо бо Иблис умумиятҳои зиёд доранд ва якеаш ин аст, ки гуноҳи онҳо нобахшиданист. Аз ин рӯ бо дарки ин маънӣ, ки онҳо аз марзи гуноҳи кабира аллакай гузаштаанд, мисли Иблис боқии умри худро дар пайи кӯшиши гумроҳсозии мардум сипарӣ мекунанд.  Агар дар ТЭТ ҲНИ шайтонкалонҳо ҷамъ омада бошанд, пас аъзои “«Гурӯҳи 24” шайтонбаччаҳои онҳоанд, ки новобаста аз номашон ҳадафҳои нопоки муштарак доранд – барҳам задани ваҳдату субот дар ҷомеа.

Имрӯз аксарияти ҷавонони мо ҳушёру зирак ва аз авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ бохабаранд. Зимнан, ҷавонон бояд донанд, ки таъсису дастгирии чунин гурӯҳҳо дар хориҷи кишвар бо мақсади заиф сохтани пояҳои Истиқлолияти Тоҷикистон равона шудааст ва ҳамчун фарзандони баномуси Ватан ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ надиҳанд. Ҷавонони саодатманди тоҷик, ки дар фазои сулҳу оромӣ кору зиндагӣ ва таҳсил карда истодаанд, бояд бо шукргузорӣ дар пайи ватансозӣ бошанд ва ба иғвову дасисаҳои миллаткуши ин хоинону асолатбохтагон дода нашаванд.

Дар охир месазад зикр намоем, ки дар масоили давлатсозиву давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ на бояд ба умеди касеву чизе шуд, зеро аз лиҳози маънавию сиёсӣ касе бештар аз худи миллати тоҷик манфиатдор нест, ки хонаи умеди мо – Тоҷикистонро обод кунад ва бузургтарин манфиати миллӣ-Истиқлолияти давлатиамонро ҳифз намояд.

Мо низ дар навбати худ ҳамчун соҳибватанони асил ва содиқ ба Пешвои миллат талош бояд варзем, то он ҳама масъулиятеро, ки дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба мо бовар кардаанд, сарбаландона иҷро кунем. Дар ин росто аҳли ҷомеа, хусусан аъзои фаъоли ҲХДТ-ро зарур аст тадбирҳои дахлдор андешида:

  • амалу рафтори гурӯҳҳои ифротиро маҳкум намоянд ва бар зидди унсурҳое, ки ба Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии мо таҳдид мекунанд, муборизаи беамон баранд;
  • Аз роҳи фаҳмонидани оқибатҳои мусибатовари шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононеро, ки ба доми чунин гурӯҳҳо афтодаанд, ё дар раванди моилшавию шомилшавӣ қарор доранд, ба роҳи дуруст баргардонанд;
  • Тавассути хонишҳои сиёсӣ ва дигар чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ ҷавонони деҳот ва махсусан он ҷавононеро, ки муваққатан бекор ҳастанд, ҷалб карда, бо онҳо суҳбатҳои муфид анҷом диҳанд;
  • Ҷавононро ба кор дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, корҳои хонагӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибкорӣ ташвиқ намоянд;
  • Истифодаи босамар аз воситаҳои ахбори оммаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро ба ҷавонон фаҳмонанд;
  • Маҳфилҳои илмӣ-адабӣ (масалан, маҳфили “Шоҳномахонӣ”) ташкил намуда, дар баланд гардидани ҳисси худшиносии милии ҷавонон саҳм гузоранд;
  • Бо ташкили саёҳати дохилӣ ҷиҳати шиносоии ҷавонон аз мавзеъҳои таърихӣ дар огоҳ шуданашон аз гузаштаи пурифтихори Ватан мусоидат намоянд.

                              Абдулло РАҲМОНЗОДА,
раиси Кумитаи  иҷроияи
          Ҳизби Халқии  Демократии
Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

(бознашр аз сомонаи «Ховар.тч)

Время намаза в Душанбе

20.04.2024

Подробнее
Фаджр04:07
Зухр12:40
Аср17:19
Магриб19:17
Иша20:48
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее