Главная Статьи Террорист дар ҳама ҷо террорист аст

Террорист дар ҳама ҷо террорист аст

Террорист дар ҳама ҷо террорист аст
2018-07-19
2738

Хабар дар бораи даст доштани яке аз мушовирони Раҳбари олии Эрон - Aлӣ Акбар Вилоятӣ, собиқ вазири умури хориҷии Эрон дар таркиши шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина дар соли 1994, ки 85 қурбонӣ ва зиёда за 300 захмӣ натиҷа оварда буд, ҳамаро ба ҳайрат гузошт.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки “соле, ки таркиш созмони муштараки Исроилу Аргентинаро хароб кард, Алӣ Акбари Вилоятӣ вазири умури хориҷии Эрон буд ва додситонии Аргентина ӯро “иделог”-и ин ҳамла номбар кардааст. Ҳамла бо 85 кушташуда ва 300 захмӣ бузургтарин ҳамлаи террористӣ дар таърихи Аргентина аст. Вилоятӣ аз мақомҳои баландпояи Эрон аст, ки Аргентина ӯро якҷо бо президенти пешин Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба содир кардани фармони ҳамлаи террористӣ муттаҳам кардааст”.

Ҳамакнун чи хеле ки аз забони шоҳидон чун Мулло Абдураҳим ва дигарон, ки дар филми мустанади “Решаҳои ноаён”  иброз доштанд, маълум мегардад, Алӣ Акбари Вилоятӣ ҳамчун вазири корҳои хориҷии Эрон дар солҳои пурошӯби оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бо саркардагони низоъ, аз ҷумла ҳизби манъшудаи наҳзати исломӣ ва дигар созмонҳои ба ин ташкилоти террористӣ алоқаманд муносибатҳои мустаҳкам дошта, ҷойи тааҷҷуб намемонад, ки маҳз бо нақшаҳои ӯ даҳҳо амалҳои тахрибкорона дар кишвари мо низ пиёда гардидаанд. Вақте бо ҳазорон далел даст доштани ҷониби Эрон дар ҳодисаҳои нангини солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон асоснок карда мешавад, ҳамоно доираҳои муайян сару садоҳое баланд мекунанд, ки гӯё ин ҳама “туҳмат” бошад. Аммо нишонаи амалкардҳои ин кишвари “дӯст” аз нуқтаҳои гуногуни дунё зуҳур карда истодааст.

Ҳамон вақтҳо ва махсусан баъди бастани сулҳ аз ҳама бештар даъвои ин шахсияти сиёсӣ баланд буд, ки гӯё кори сулҳ натиҷаи хидматҳои бесобиқаи Эрон мебошад. Агар Вилоятӣ дар ҳақиқат мунодии сулҳ мебуд, чаро танҳо бо мутасаддиёни ҲНИ вомехӯрд ва баъдан низ асосан намояндагони ин ҳизбро дар Эрон паноҳанда кард?

Халқ мақоли хубе дорад, ки “дар таги коса нимкосаест”. Нимкосааш ҳамин аст, ки Вилоятӣ ҳамчун нақшакаши амалҳои сарнагункунандаи кишварҳо ва амалҳои инфиҷорӣ машҳур будааст. Амалу нияти бад ҳеҷ гоҳ ва дер гоҳ пинҳон намемонад.

Абдулвоҳид Ҳомидов,

мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломӣ

Время намаза в Душанбе

26.04.2024

Подробнее
Фаджр03:55
Зухр12:40
Аср17:24
Магриб19:23
Иша20:54
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее