Главная Статьи Иқдомҳои беназири Пешвои миллат дар соҳаи дин

Иқдомҳои беназири Пешвои миллат дар соҳаи дин

Иқдомҳои беназири Пешвои миллат дар соҳаи дин
2018-07-19
2607

Аз замони ба даст овардани истиқлоқлолият то ба имрӯз бисту ҳафт сол сипарӣ шуда истодааст. Дар ин муддат миллати сарбаланди тоҷик зери сарварии Пешвои худ дар оромию осоиш ва амну субот зиндагӣ дорад. Оромию субот ва рушду пешрафти рӯзафзуни кишвар дар соҳаи дин, илму маориф ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоию маънавӣ ҳама бастагӣ дорад ба сиёсати инсонпарваонаю сулҳпарваронаи абармарди таърихи муосири тоҷик-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки дар радифи чанд тан сиёсатмадорони маъруфи дунё, ки бо тарҳрезии низоми муносиби байналмилалї дар пуштибонї ва иршоди ормонҳои миллию диннии мардуми тоҷик ба тавфиқи комил расидааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакатмуҳтарам Эмомалї Раҳмон мақоми арзандаеро касб намудааст. Пешвои миллат дар саросари дунёи мутамаддин ба ҳайси чеҳраи баргузидаи сиёсї аз ҷониби конунҳои байналмилалї ва сарварони кишварҳои ҷаҳони муосир бо ихлосу иродат эътироф карда шуда, мавқеъгирї ва равишҳои усулии сиёсати Сарвари тоҷикон боиси пазирої ва истиқболи ҳамагон гардидааст. Ба иқболи миллати тоҷик Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зуҳури шахсияте дар саҳнаи таърихї рост омад, ки дар саропои вуҷуд ва андешаҳои созандааш муҳаббати бепоён ба сарзамину мардуми хеш, ба таърих ва муқаддасоти миллї шуълавар буд, ки рӯшноии сафоангези он дарвоқеъ, чароғи ҳидояти миллати куҳанбунёди тоҷик гардид.

Имрӯз бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ дар пойтахти кишварамон дар садади ба итмом расидан аст, ки ин боиси хушҳолӣ ва хурсандии мардуми мусалмони кишвар гардидааст.

Дар ин росто, чанде пеш Пешвои миллат хишти аввали бинои Донишкадаи  исломии Тоҷикистонро дар паҳлуи ҳамин масҷид гузоштанд, ки ин барои ояндаи миллати тоҷик иқдоми бисёр муҳим ва хурсандиовар аст.

Иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои 1500 донишҷӯ пешбинӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо харҷи 136 миллион сомонӣ бунёд карда мешавад. Мутаассифона, мухолифини ҳақношинос, пайравони ҳизби террористии наҳзати ислом, ки дар беруни кишварамон сару садоҳои беасос мебароранд, аз ин пешравиҳо ё бехабаранд ва ё худро ба нодонӣ меандозанд. Дар ҳақиқат, дар ин давраи истиқлолият бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми мусулмони дӯстдори илму маърифат ба орзуҳои худ хоҳанд расид. Мо мардуми мусулмон аз таълимоти Худову Паёмбар чунин омӯхтаем, ки агар шукронаи неъмат кунем, неъматамон афзун мешавад, в-ар на аз кафамон берун хоҳад рафт .

         Таманно мекунем, ки Худои меҳрубон, ин иқдом ва иқдомҳое, ки ҳама барои ободии ин кишвари азизи мо равона шудаанд, ҷомаи амал пӯшонад. Худо кунад, ки ин амнияту оромии кишвари азизамон Тоҷикистон бардавом бошад ва навовариҳо дар кишвари азизамон бештару беҳтар бигарданд. Ин иқдоми навбатӣ барои ҷавонони кишвар як дастовардест, ки гузаштагони ин милат ин орзуҳоро ба хок бурдаву мутаассифона, ба ин неъмат нарасиданд.

Имрӯз дар даврони истиқлолияти кишвар бо ташабуси Пешвои миллат ҷавонони дӯстдори илму маърифат ба орзуи деринаи худ расиданд. Мусалмонони кишвар бояд як умр аз роҳбари хирадманди худ миннатдор бошанд, ки ин иқдоми имрӯза аввалин ва охирин ҳам нест. Худованди меҳрубон  ин сулҳу ваҳдати кишвари азизи моро бо раҳбараш нигоҳ бидорад ва пешрафтҳои зиёде барои милати тоҷик  арзонӣ дорад.

Расули Худо (с) мефармоянд: «Ҳар касе қадри хизмати як шахсро надонад, он нафар хидмати Худовандашро надонистааст». Пас ин миллати барӯманди тоҷик бояд ин хизматҳои Пешвои миллатро хуб бишиносанду қадру арҷгузорӣ намоянд, то Худованди Маннон ин амнияту оромиши кишварро  бештар гардонад.

Гар бигӯйӣ шукри неъмат, неъматат афзун кунам ,

В-ар нагӯйӣ шукри неъмат, аз кафат берун кунам.

Ҳабибзод Роҳатшо ,

мудири кафедраи аҳодиси набавии ДИТ ба номи Имоми Аъзам

Время намаза в Душанбе

16.04.2024

Подробнее
Фаджр04:14
Зухр12:40
Аср17:14
Магриб19:13
Иша20:44
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее