Главная Статьи Сафари Пешвои миллат ба ВМКБ нишони таваҷҷуҳи хос аст

Сафари Пешвои миллат ба ВМКБ нишони таваҷҷуҳи хос аст

Сафари Пешвои миллат ба ВМКБ нишони таваҷҷуҳи хос аст
2018-10-01
2346

Истиқлолият яке аз неъматҳои гаронбаҳо ба шумор рафта, санади ҳастии миллат арзёбӣ гардиддааст. Ҳар давлати тараққикардае, ки имрӯз дар ҷаҳон дида мешавад, маҳз дар партави истиқлолият ҷойгоҳи хосро ишғол намудааст.

Дар воқеъ, Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии хеш ба дастовардҳои хеле бузурге ноил гардид, ки таърихи он ҳеҷ гоҳ чунин дастоварҳоро ёд оварда наметавонад. Яке аз он дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ рушду нумуи иқтисод ва иҷтимои кишвар буда, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Хусусан, солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва саъю талоши мардуми бо нангу номуси мамлакат дар ҳама навоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дигаргуниҳои куллӣ ба чашм расида истодаанд. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом доданд ва як қатор иншоотҳои муҳимро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аз ҷумлаи онҳо дар ноҳияи Ванҷ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бинои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, бинои қасри фарҳанг, бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дар ноҳияи Дарвоз бинои нави шуъбаи маориф, сутунпояи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Роштқалъа беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ, дар шаҳри Хоруғ бинои ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, бинои донишгоҳи Осиёи Марказӣ, дар ноҳияи Мурғоб Нерӯгоҳи барқи обии хурди “Тоҷикистон”, бинои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, бинои Шуъбаи ҳифзи муҳити зист мебошанд.

Инчунин барои оғози корҳои сохтмонӣ дар баъзе бино ва хонаҳои истиқоматӣ санги асос гузоштанд.

Пешвои миллат дар ин сафари кории худ бо роҳбарияти вилоят, ноҳия, аҳли санъату фарҳанг, фаъолон ва сокинони меҳмоннавози ноҳияҳои номбурда ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вохӯрӣ намуда, онҳоро ба муносибати 27-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – дастоварди бузургу муқаддаси миллати бостонӣ табрик ва муборакбод гуфта, онҳоро ҷиҳати боз ҳам пешрафт намудани соҳаҳои гуногун ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии ин як пора замини дурдасти мамлакат ҳидоят намуданд.

 Инчунин Пешвои миллат аз баъзе норасоӣ ва камбудиҳое, ки ҳанӯз сад дар сад ҳалли худро дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон наёфтаанд, ёдоварӣ намуда, интиқод намуданд, ки яке аз он масъалаҳо зиёд шудани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҳудуди вилоят ба шумор меравад.

 Бинобар ин, Пешвои миллат аз мақомоти дахлдор тақозо намуданд, ки ҳарчи зудтар бояд тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҷорӣ карда шавад.

Зеро соли гузашта дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон садҳо яроқу аслиҳаи оташфишон аз ҷинояткорони маҳаллӣ рӯёнида шуд, ки худ гувоҳи ҳанӯз ба тартиб наомадани вазъи иҷтимоъӣ дар ҳудуди вилоят арзёбӣ мегардад.

Гузашта аз ин, вилояти мазкур бо сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки солҳои охир задухӯрдҳои мусаллаҳона фазои онро ноором сохтааст, зиёда аз 800 км ҳамҷаворӣ дорад, ки хоҳ нохоҳ вазъи он зери таъсири вазъи кишвари ҳамсоя қарор мегирад. Бинобар ин, супоришҳое, ки Пешвои миллат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доданд, саривақтӣ мебошад.

Хулоса, ин сафаре, ки Пешвои миллат ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон анҷом доданд ва супоришҳое, ки ба роҳбарияти вилоят ва мақомоти дахлдор доданд, гувоҳи он аст, ки ободонии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан  сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат қарор дорад.

Беҳрӯз  Сатторов,

Корманди Маркази исломии Тоҷикистон

Время намаза в Душанбе

20.04.2024

Подробнее
Фаджр04:07
Зухр12:40
Аср17:19
Магриб19:17
Иша20:48
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее