Главная Статьи Аз ободии ватан шукргузор бошем

Аз ободии ватан шукргузор бошем

Аз ободии ватан шукргузор бошем
2018-10-01
2398

Фармудаанд, ки ҳар куҷо қадами подшоҳ расад, он ҷо гулистон мешавад. Санаи 11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ташриф оварданд. Мақсад аз ин сафар иборат аз шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, мулоқот бо аҳли ҷомеа ва кушодашавии як қатор иншоотҳои нав ба ҳисоб меравад.

Умуман, агар назар афканем, ободии деҳаҳову шаҳрҳо ва вилоятҳо ба хубӣ дида шуда истодаанд. Яке аз онҳо дар ноҳияи Ванҷ ифтитоҳи бинои наву замонавии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 дар маркази ноҳия буд, ки барои 1200 нафар хонанда дар ду баст омода шудааст ва дорои 28 синфхонаи таълимӣ мебошад. Инчунин ба фаъолият оғоз намудани бинои нави мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, Қасри фарҳанг дар ноҳияи Ванҷ, бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Ванҷ ва дигар иншоотҳои гуногун дар ноҳияи Дарвоз, ноҳияи Роштқалъа, шаҳри Хоруғ, хосатан неругоҳи хурди барқи обии “Тоҷикистон” дар ноҳияи Мурғоб, ки бо иқтидори 1500 кВт ба кор шурӯъ намуда, ташкилоту идора ва аҳолии ноҳияи Мурғобро пурра бо барқ таъмин мекунад.

Ҳамаи ин аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки Худованд барои ҳар як халқи азизи кишварамон арзонӣ доштааст.

Ҳар як шахси солимфикр ин неъматҳои бузурги Худованди мутаъолро қадрдонӣ намуда, бояд шукргузор бошад. Зеро Худованд мефармояд: «Агар шукр кунед, бар неъмати шумо меафзоям ва агар носипосӣ кунед, қатъан азоби ман сахт аст».

М.Муҳамадхоҷаев,

имомхатиби масҷиди

ҷомеи «Имоми Аъзам»-и

ноҳияи Б.Ғафуров

Время намаза в Душанбе

19.04.2024

Подробнее
Фаджр04:09
Зухр12:40
Аср17:18
Магриб19:16
Иша20:47
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее