Главная Статьи Дахолати чанд муздур ба масъалаи бадахшонро маҳкум мекунем

Дахолати чанд муздур ба масъалаи бадахшонро маҳкум мекунем

Дахолати чанд муздур ба масъалаи бадахшонро маҳкум мекунем
2018-10-11
2322

Баъди ба имзо расонидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мақсаду кӯшишҳо таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба он равона гардид, ки минбаъд дар кишвари азизи мо сулҳу ваҳдат тантана намояд. Хушбахтона, бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима гузошта шуд. Барои ҳамаи ҳизбҳои мавҷудаи Тоҷикистон заминаҳои мусоид ва шароитҳои фароҳам ба вуҷуд оварда шуд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ боз амалиётҳои нопоки худро аз сари нав давом дода истодаанд. Ҳуҷҷатҳои зиёд тасдиқ менамоянд, ки ТЭТ ҲНИ бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ боз аз сари нав  ба сари мардум азобу кулфатҳо оварданианд. Агар паҳлуҳои таърихии фаъолияти ТЭТ ҲНИ-ро пурра таҳлил намоем, ба хулосае мерасем, ки ин ҷараёни тундгаро хеле хатарнок буда, ҳар як фарди ҷомеаро бетараф гузошта наметавонад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон хуб дарк менамояд, ки амалиётҳои ғайриинсонии аъзоёни ТЭТ ҲНИ ба кадом роҳ равона шуда истодаанд. Роҳбарони ТЭТ ҲНИ маблағҳои аз хоҷагони хориҷӣ гирифтаашонро истифода карда, миллати орому осоиштаро ба гирдоби ҷангу хунрезӣ ва нооромӣ равона карданӣ мешаванд. Имрӯз бошад, роҳбарони фирории ТЭТ ҲНИ бо мақсади расидан ба ҳадафҳои ғаразнокашон фаъолияти иғвогарона ва душманонаи худашонро давом дода истодаанд. Онҳо сафедро сиёҳ мегӯянду худро “ҷабрдида” эълон менамоянд. Шояд террористони наҳзатӣ гумон доранд, ки мардуми тоҷик боз ба фиреби онҳо бовар мекунанд. Аммо дигар чунин нест. Тоҷик ҳеҷ гоҳ қотил набул ва роҳи қотилиро пеш намегирад. Дур нест он рӯзе, ки наҳзатиҳои террорист барои амалиётҳои ҷинояткоронаи худ дар назди қонун ва мардум ҷавоб гӯянд. Оре, ба қавли Пешвои миллат террорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад.

Мехостам чун халифаи расмӣ фикру ақидаамро дар бораи шумхабари даҳшатноки қатли бераҳмонаи сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, ки аз дасти террористони ТЭТ ҲНИ ба вуқуъ пайваст, изҳор намоям. Террористон бо мақсадҳои нопоки худ обрӯи сиёсии кишварро паст заданӣ мешаванд. Террористон соли рушди сайёҳиро қасдан хунин карданд. Миллату Ватанро шармсор намудан хостанд. Магар террористон бадномии миллатро мақсад нагузошта буданд, дар ҳоле ки сайёҳони хориҷӣ дар ҳар кишваре меҳмонанд ва онҳоро ҳурмату эҳтиром мебояд кард. Оре, меҳмонро атои Худованд мегӯянд. Бо ин роҳ террористон аъзоёни ТЭТ ҲНИ ҷаҳониёнро тарсонданӣ мешванд, ки Тоҷикистон як кишвари пурхатар, террористдор ва ноором мебошад. Хиёнат ба Ватанро дар ҳеҷ давру замон ва ҳеҷ макон набахшиданду намебахшанд.

Ман ин лаҳзаи басо даҳшатоварро барои он мисол овардам, ки амали аъзоёни ТЭТ ҲНИ ана ҳамин тавр тарҳрезӣ шуда, амалӣ  мегарданд. Аз ин ҷиҳат, аз ин зуҳуроти адамсоз худро эҳтиёт бояд кард. Аммо оқибат ҷои чоҳкан зери чоҳ аст. Ҳақ ба ҷониби соҳибсухане, ки фармудааст:

          Ҳар кӣ бо душмани халқ равон аст чу баҳр,

          Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Ҳоло наҳзатиёну чанд муздури дигари хоҷагони хориҷӣ аз берун истода, ба вазъи феълии ВМКБ баҳо медиҳанд ва аз номи мардуми Бадахшон сухан мегӯнд, ки ин амали разилонаро ҳамаи мардуми ВМКБ қотеона маҳкум менамоянд. Мо, мардуми ВМКБ, махсусан ходимони дин сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатамонро ҳамеша дастгирӣ намуда, дар посух ба ин ғамхориҳояшон бо ақлу хиради расо, ватандустиву касбомўзӣ, ғайрату меҳнатдўстӣ, ифтихори баланди ватандорӣ баҳри пешрафти Ватани азизамон талош ба харҷ медиҳем.

Қадамшо Қадамшоев,

халифаи расмии ҷамоати Пастхуфи ноҳияи Рӯшон

Время намаза в Душанбе

28.03.2024

Подробнее
Фаджр04:44
Зухр12:40
Аср16:55
Магриб18:54
Иша20:24
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее