Главная Статьи Натиҷаи гумроҳӣ

Натиҷаи гумроҳӣ

Натиҷаи гумроҳӣ
2018-10-16
2335

Хоинони миллати тоҷик - намояндагони ТЭТ ҲНИ барои расидан ба манфиатҳои шахсии худ аз ҳамаи роҳҳо истифода кардаанду карда истодаанд. Яке аз ин роҳҳо фиреби ҷавонони камтаҷриба ва ноогоҳ аз вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Яъне онҳо ҷавононро ба доми фиреби худ кашида, худро ҳомӣ ва дилсӯзи дини мубини Ислом нишон дода, аз онҳо ба манфиати худ истифода мебаранд. Ба воситаи онҳо амалҳои тахрибкорона ва хусусияти террористӣ-экстремистидоштаро роҳандозӣ карда, фазои орому осудаи кишварро мехоҳанд халалдор намоянд. Баъзе аз ин гуна ҷавонони фиребхӯрда дар хориҷи кишвар, дур аз Ватан, дур аз волидайн ва хешу ақрабо ба чӣ ҳасратҳое зиндагӣ доранд, ки ҳатто баъди маргашон низ ҷасади онҳо аз хоки поки Ватан маҳрум мегардад. Вафоти Муҳаммадсаид Шехови 46 солае, ки гуфта мешавад аз наздикони Абдуллои Нурӣ будааст гувоҳи ин гуфтаҳост. Номбурда дар шаҳри Дортмунди Германия фавтида, ҳамонҷо дур аз Ватан ба хок супурда шуд.

Инро шунида бояд ҳар шаҳрванди ин кишвар, махсусан ҷавонон ба худ андеша намоянд, ки оқибати хиёнат ба Ватан чунин аст, ки ҳатто Ватан ҷасади онҳоро ба худ роҳ намедиҳад. 
Ҷавонони кишвар бояд аз марги ин ҷавон ба худ хулосаҳои лозима бароранд. 
Шарофиддин Фозилов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Имом Абӯҳанифа ш Ҳисор

Время намаза в Душанбе

23.04.2024

Подробнее
Фаджр04:01
Зухр12:40
Аср17:21
Магриб19:20
Иша20:51
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее