Главная Статьи ТЭТ ҲНИ-мусибатоваре барои ҷавонон

ТЭТ ҲНИ-мусибатоваре барои ҷавонон

ТЭТ ҲНИ-мусибатоваре барои ҷавонон
2018-10-23
2234

Имрӯз дар ҷаҳони муосир ҳар гуна ҳизбу ҷараёнҳои ифротию террористӣ ба мисли ТЭТ ҲНИ зуҳур намуда истодаанд, ки дар аксари маврид чунин ҷараёнҳо аз неруи зеҳнию ҷисмии насли ҷавон суиистифода мекунанд. Намунаи чунин суиистифодаро мо метавонем дар марги як ҷавони тоҷик Муҳаммадсаид Шехов, ки бо пайравӣ ба наҳзати террористӣ ҳамакнун дар мулки ғарибӣ фавтидааст, бубинем. Мутаассифона, идеяи “қиём дар муқобили Ватан” баъзан дар хуну мағзи бархе аз ҷавонон чунин омезиш ёфтааст, ки чизе онҳоро аз ин вартаи марговар халосӣ намебахшад. Муҳаммадсаид ҳам дар чунин як муҳит таъсирпазир шудааст. Тағояш Саид Абдуллои Нурӣ–муассиси ТЭТ ҲНИ, аз ду бародараш яке дар зиндону дигаре фирорӣ. Мутаассифона, чизе барои Муҳаммадсаид ҳам ибрат нашудааст, ки зану фарзанду оилаву дигар арзишҳои худро ҳифз кунад ва бозичаи дасти Кабириву дигарон нагардад. Ҳоло ба тобути марҳум атри боди Ватан нарасид... Он қадар фирефтаи наҳзати маккор гашт, ки ҳатто фурсат наёфт, то барои бори охир бо фазандонаш алвидоъ гӯяд.

Марги нобаҳангоми Муҳаммадсаид дарсу ибратест барои дигар ҷавонон, махсусан он ҷавононе, ки пайравӣ ба ташкилоти террористии ҲНИ мекунанд.

Ҳоло он давлате, ки шумо ба сӯяш санги маломат мезанед, ҳатто ба хоинон тараҳҳум дорад. Давлате, ки шумо “кофирӣ”-аш мехонед, аз сад наҳзати шумо мусулмонитар аст. Ҳеҷ давлати дунё шаҳрвандони худро, ки дар муҳорибаҳои мазҳабии Ироқу Сурия иштирок намудаанд, набахшидааст! Аммо Тоҷикистон бо роҳбари Пешвои миллат аз гуноҳи чунин ашхос гузашт. Мисле ки қаблан аз гуноҳи роҳбарони наҳзат гузаштанду аммо он носипосон боз аз пушт ханҷар заданд. Ҳоло чунин ҷавонон озодона дар Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд. Зеро дарк карданд, ки фиреб хӯрдаанд, дарк кардаанд, ки суиистифода шудаанд. Тибқи ҳадиси машҳури Паёмбари Акрам (с) ҳеҷ муъмине ду маротиба аз як сӯрохӣ газида намешавад.

Муҳиддин Алиев,

Корманди Кумитаи дин

Время намаза в Душанбе

28.03.2024

Подробнее
Фаджр04:44
Зухр12:40
Аср16:55
Магриб18:54
Иша20:24
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее