Главная Статьи Даъват ба тазоҳурот. Дарки заъф ё фантастикаи наҳзат?

Даъват ба тазоҳурот. Дарки заъф ё фантастикаи наҳзат?

Даъват ба тазоҳурот. Дарки заъф ё фантастикаи наҳзат?
2018-12-07
2367

Аз тасмимҳои ахири ТЭТ ҲНИ бармеояд, ки ин ҳизби ифротию террористӣ воқеан заъфи худро дарк кардасат. Даст ба ҳамоишиу гирдиҳамоӣ задан ва он ҳам дар хориҷ аз кишвар бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ба ҷавонони дар хориҷа буда такя карданианд. Ин идомаи ҳамон равандест, ки наҳзатиҳо дар солҳои аввали истиқлолият мардумро ба бенизомӣ, бесарусомонӣ, ҷангу ҷидол, террор дар дохилӣ кишварамон ҷалб намуда, имрӯз ба кишварҳои гуногуни олам гуреза шудаанд.

Баргузор шудани ҷаласаҳои САҲА дар Полша, ҷаласаи Шӯрои ҷаҳонии уламои дин санаҳои 16-18 октябри соли равон  дар Қоҳира бори дигар ба кулли ҷаҳониён аз он шаҳодат дод, ки ҳизби наҳзат ташкилоти ифротию терроримстӣ буда, охирин умедаш такя ба дастгириҳои хоҷагони хориҷиаш мебошад. Баъд аз ҷаласаи Шӯрои ҷаҳонии уламои дин, ки ҳизби наҳзатро бори дигар Ташкилоти экстремистию террористӣ эълон карда, маблағгузори онро душмани башарият хонд, Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дигар аз ҳама ҳаракат ва андешаҳои ниҳоии экстремистию террористӣ истифода бурда истодаанд. Ба ҳамин монанд онҳо танҳо овоз мебароранду фиғон ва дигар аз дасташон коре намеояд.

Роҳи пешниҳодшудаи Кабирӣ барои митинг, ки кишварро бедарвоза пиндоштаасту майдони таблиғотии наҳзати ошӯбгарро тавсеа бахшиданӣ аст, аслан барои ҳеҷ фарди соҳибақл қобили қабул намебошад. Дар тасаввуроти фантастикии Кабириву пайравонаш гӯё даъвати тазоҳуроти онҳоро мардум қабул мекунанд. Зеро таҷрибаи гӯл задани мардумро онҳо дар оғози солҳои соҳибистиқлолии кишвар доштанд. Аммо имрӯз мардуми тоҷик мардуми солҳои навадум нестанд. Онҳо ба корҳои созандагиву ободонӣ рӯ оварда, шукргузори сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва Пешвои муаззами миллати тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунанд. Тинҷиву иттиҳод ва офтоби софу мусаффои Ватанро гавҳари чашм мепиндоранд.

Албатта афроде, ки ба ҷиноят даст мезанад дар назди қонун ҷавоб медиҳад. Кабирӣ ва пайравонаш бошад, бо ин амалашон ҳам дар назди қонун ва ҳам дар назди Ватану миллат бояд ҷавоб гӯянд.

Рустамзода Суҳроб Ҳакимӣ ,

мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и вилояти Суғд

Время намаза в Душанбе

19.04.2024

Подробнее
Фаджр04:09
Зухр12:40
Аср17:18
Магриб19:16
Иша20:47
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее