Главная Статьи Ҷавоно, сар матоб аз панди пирон...

Ҷавоно, сар матоб аз панди пирон...

Ҷавоно, сар матоб аз панди пирон...
2019-02-14
2672

Худованди бузург дар ояти 32-юми сураи Моида мефармояд: 

Ҳар оина шахсе як шахси дигарро дар рӯйи замин ба қатл расонад, ҳамчунин аст, ки ҳамаи рӯйи заминро ба қатл расонида бошад.

Ва ҳар оина як шахсро аз дасти қотилон озод кунад, ҳамчунин аст ҳамаи рӯйи заминро озод карда бошад.

Боз Худованди бузург дар ҷой дигар яъне дар сураи «Нисо» ояти 93 мефармояд: 

Ва ҳар шахси дигарро бегуноҳ, ба қатл расонад, (қасдан) пас ҷой охирати ӯ дӯзах аст, дар дӯзах абадӣ боқӣ мемонад. Пас ғазаби Худованд ва лаънати Худованд бар вай бод.

Дар ҳадис дар «Мишкоти Шариф» меорад: Агар ду мусулмон ба ҳамдигар шамшер гиранд, ба нияти ҳамдигарро ба қатл расонидан, пас якеаш дигарашро ба қатл расонад, пас ҳам қотил ва ҳам мақтул дар дӯзах бошанд.

Аз Пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) пурсиданд, ки: -Чаро мақтул (кушташуда) дар дӯзах бошад?

Расулаллоҳ чунин ҷавоб гуфтанд, ки: -Мақтул низ даст (қувват) медошт, қотилро қатл мекард. Бинобар ин, ҳардуяшон дар дӯзах бошанд.

Саҳобагони киром ривоят мекунанд, ки як ҷавоне назди пайғамбарамон Ҳазрати Муҳаммад (с) омада гуфт:

-Мехоҳам ҳамроҳи саҳобагони киром дар ҷиҳод ширкат варзам.

Пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) гуфтанд, ки: -Эй ҷавон, оё падар ва модар дорӣ?

Ҷавон гуфт:-Оре.

Расли Акрам гуфтанд: Бирав, ба падару модарат хидмат кун, ки ин ҷиҳоди шумо ҷавонон маҳсуб мешавад.

Бояд ҷавонони асри ХХ1-нисбати ҷавонони гузашта хело пешрафта ва диди тоза дошта бошанд, аз оятҳои худовандӣ ва ҳадисҳои гуҳарбори пайғамбарамон, ки дар боло зикр гардид, як ҷаҳон ибрат гирифта, ба ҳар гуна ҳизбҳои сиёсӣ-динӣ ва шахсоне, ки худро «ҳомии асосии дини ислом ва шахси сарсупурда ба ислом» унвон медиҳанд, бовар накунанд. Дар умури шариат бошад, он кореро, анҷом диҳанд, ки гузаштагони мо он гуна амал карда буданд (мутобиқ ба талаботи мазҳаби Имоми Аъзам).

Ҷавонони мо аз панду андарзҳои бузургон, хусусан тавсияву насиҳатҳои пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам истифода баранд. Дар ин ҳолат, ҷавонони мо ба хулосае хоҳанд расид, ки ислом набояд ҳамчун василае барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ истифода шавад, балки исломи мо як роҳу равише мебошад, ки бандаро ба Худованди бузург наздик мегардонад.

Ислом дини насиҳат аст. Пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) мефармоянд: Аддину-аннасиҳа. Яъне дине, ки барои шумо пешкаш кардам, ин дин насиҳат аст.

Ҷавонони мо пайравӣ аз гузаштагон намоянд, ба мисли Сино, Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки «Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати ислом. Бояд барои насли оянда аз ҷавҳари ҳақиқӣ ва маънавӣ истифода намоем ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиракии сиёсиашонро аз даст надиҳанд».

Ҷавоно сар матоб аз панди пирон,

Ки ройи пир аз бахти ҷавон беҳ.

                                                                           Ҳофизи Шерозӣ

Ҳикматулло Сиҷоатов,

сархатиби масҷиди ҷомеаи ба

номи Одам (а)-и ноҳияи Вахш

Время намаза в Душанбе

29.03.2024

Подробнее
Фаджр04:43
Зухр12:40
Аср16:56
Магриб18:55
Иша20:25
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее