Главная Статьи Бунёди оилаи солим боиси ҳифозат аз сироят аст

Бунёди оилаи солим боиси ҳифозат аз сироят аст

Бунёди оилаи солим боиси ҳифозат аз сироят аст
2019-03-14
2907

Вақте Худованд инсонро офарид, дар вуҷудаш ангезаҳои ғаризаи ҷинсиро ба амонат гузошт ва роҳҳои машрӯъи онро барояш тафҳим намуд. Ин роҳи машрӯъ никоҳ ва бунёди оилаи солим аст, ки ҳам мард ва ҳам занро дар баробари ҳамдигар масъул мегардонад ва чун фарзандон падид оянд, ба ин масъулият афзунӣ меояд. Худованди мутаъол мефармояд:

“Ва аз нишонаҳои Худо он аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон занон офарид, то бо онҳо ором гиред ва дар миёни шумо дўстию меҳрубонӣ пайдо кард. Ба дурустӣ, дар ин кор барои гурўҳе, ки тааммул мекунанд, нишонаҳое ҳаст”. (Сураи “Рум”, ояти 21)

Инчунин Худои Маннон роҳҳои номашрӯъ ва зиёнбори бароварда сохтани ниёзҳои шаҳвониро барои инсоният мамнӯъ намуд. То ҷое, ки дар Қуръони азимушшаъни худ мефармояд:

“Ба зино наздик машавед, ба дурустӣ, ки вай беҳаёӣ ва бад роҳест”. (Сураи “Исро”, ояти 32)

Армуғони  нохушоянди садаи бистум барои навъи башар бемориҳои сироятие чун ВНМО (вируси норасоии масунияти одам) ва дигар бемориҳои амсоли он буд. Чунон ки ҳамагон медонем, ин беморӣ натиҷаи бебандуборӣ ва по фаро ниҳодан аз фармонҳои Холиқи Ҳакиму Хабир аст. Ин беморӣ ҳамасола ба сони аждаҳо теъдоди қобили мулоҳизаеро ба коми бетаги худ дармекашад, вале ҷои шигифт аст, ки теъдоди мубталоёни ин беморӣ на ин ки коста намегардад, балки рӯ ба афзоиш меорад. Ақли солим ҳаргиз инро қабул намекунад, ки шахси муътадилмизоҷ ё солимтабъ худро дидаву дониста худро ба коми аждаҳои марг афканад, хусусан дар айёми ҷавонӣ, ки хушии умр ба ҳисоб меравад, зеро ин падидаи номатлуб, яъне гирифторони ин беморӣ дар миёни насли ҷавон зиёд ба қайд гирифта мешавад. Худованд табиати башариро чунон офарида, ки аз марг кароҳият дорад ва онро нохушоянд медорад. Худованди мутаъол дар Қуръони азимушшаъни худ мефармояд:

“Ва хештанро ба дасти худ ба куштан наафканед”. (Сураи “Бақара”,  ояти 195)

Ва иршоди набавӣ низ ба ин далолат мекунад, ки одамӣ набояд ба истиқболи марг биравад ё худ толиби он бошад. Чунон ки ин хабар машҳур аст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:

“Шумо аз Худо умри дароз талаб намоед, зеро марг хоҳ нохоҳ ба суроғатон хоҳад омад”.

Тибќи ин ҳадиси набавӣ талаби марг мамнуъ аст. Пас иллат чист, ки бархе аз инсонҳо бар хилофи амри Холиқи худ, бар хилофи хостаҳои табъи худ, бар хилофи фармудаи Хайрулбашар саллаллоҳу алайҳи ва саллам бебокона ба пешвози марг мештобанд ва ё ба иборати равшантар, барои лаззати лаҳзаина худро ба куштан медиҳанд?

Ба андешаи ман тамоми ин нафароне, ки аз ин беморӣ сироят ёфтаанд, ҳаргиз дидаву дониста худро ба ин вартаи ҳалокат наандохтаанд, чун ҷон барои одамӣ ширин аст, балки ин мубталоён худ ноогоҳона ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Ҳамагон медонанд, ки интишори ин беморӣ ба воситаи омезиш аз мард ба зан ва ё баръакс аз зан ба мард мегузарад. Пас аз ин ҷуфт яке бидонанд, ки оне, ки матлубаш аст, гирифтори ин беморист, ҳаргиз ба ӯ ҷамъ намеояд, балки ӯро ҳарчи зудтар, барои ҳамеша тарк мегӯяд. Пас имрӯз вақти он расида, ки ҳамагон ба хулосае биёем, ки пинҳон доштани номи мубталоиёни ин беморӣ ба манфиати кор аст, ё бар зарари омма?

         Албатта пинҳон доштани номи мубталоёни ин беморӣ шаъни худ онҳоро намешиканад ва онҳоро радди маърака намегардонад, чун онҳо маҳкумшудагонанд, ки ба андӯҳи гарони оқибати бади худ гирифтор гаштаанд ва ҳар навъ таъну лаън барояшон бори зиёдатист, ки ба бори ғуссаҳояшон меафзояд.

         Вале кӣ кафолат медиҳад, ки ин нафарони сироятёфта аз ин дарди бедаво, ки онҳоро ёр шуда панд мегиранд ва инсофро пеша мекунанд ва дигаронро сироят намекунанд?

         Ҷои таассуф ин аст, ки баъзан касоне қурбонии ин беморӣ мегарданд, ки ҳаргиз домони олуда надоштаанд ва ин бемориро ҳамсарони хиёнатпешаашон ба онҳо “ҳадя” намудаанд. Ё худ ба воситаи хуни носолим ва ё абзори олуда ба он беморӣ печидаанд. Албатта ин ашхос сазовори дастгирӣ ва ҳамдардии ҷомеъа ҳастанд.

         Барои пешгирӣ ва коста намудани афзоиши ин бемории муҳлик бояд тадбиру чораҳое андешида шавад ва ҳар соҳибназаре бояд андешаву пешниҳодоти худро ироа намояд, бошад, ки аз байни ин пешниҳодот яке мувофиқ ба шароити замона ояд ва мақбул афтад, то пешгирии густариши васеъи ин беморӣ имконпазир гардад.

         Яке аз паҳнкунандагони ин беморӣ муҳоҷирони кориянд, ки ҳамасола ба хориҷи кишвар барои дарёфти қути лоямуте сафар мекунанд ва мутаассифона на ҳамаи онҳо ба ватан солим бармегарданд. Инчунин хориҷиёни зиёде ба кишвар ворид мешаванд, ки касе намедонад, ки онҳо бо худ чӣ бемориҳое ҳамроҳ доранд. Шояд ба манфиати кор аст, агар муҳоҷиринро ҳангоми вуруди ба ватан аз ташхис гузаронанд ва яқин ҳосил шавад, ки онҳо барои ҳамсарони феълии худ ва муҷаррадон барои ҳамсарони ояндаи худ бехатаранд.

Сармутахассиси Раёсати

фатвои Маркази исломӣ

Ҷамолиддин Хомўшӣ

Время намаза в Душанбе

29.03.2024

Подробнее
Фаджр04:43
Зухр12:40
Аср16:56
Магриб18:55
Иша20:25
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее