Главная Статьи Терроризм – доғе дар ҷабини башар

Терроризм – доғе дар ҷабини башар

Терроризм – доғе дар ҷабини башар
2019-05-25
2643

«Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист - террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ худӣ ё бегона ва ё таҳаммулгаро буда наметавонад. Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣҷиддан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣтаҳия ва қабул карда шаванд».

Ин фармудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон водорамон месозад, то ба ин масъалаи доғ ва хеле муҳими ҷамъиятӣтаваҷҷуҳи хоса намуда, бори дигар ҳадафҳо ва моҳияти хатаровари онро ба ҷавонон ва насли наврас, ки ояндасози ватану миллат маҳсуб меёбанд ёдрас намоем. То дар ҳифзи марзу бум ва эъмори ҷамъияти сулҳбунёд ва пешрафта хеле ҳушёру зирак ва эҳтиёткор бошанд.

Борҳо донишҷӯён зимни таваҷҷуҳ намудан ба ин масъала, дар ҷараёни соатҳои дарсӣ оид ба мубориза бар зидди терроризму ҳаракатҳои экстремистӣ бо пешниҳод намудани суолҳои зиёд мехоҳанд доираи дарк ва донишҳои худро боз ҳам васеътар намоянд. Ҷавонони ҳушманду воқеан донишпазири моро аслан ният, ҳадаф ва пайдоиши ин гуна равияву ҳаракат ва ташкилоту гуруҳҳои ҷиноӣ, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамчунин миллати моро низ ба ташвиш овардааст нигарон менамояд. Аз ин рӯ хостем, маводи мазкур ҳушдорсозанда ва то андозае кумакрасони он афроде бошад, ки мехоҳанд барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сулҳу амнияти поянда ва ояндаи дурахшони кишварамон ҳамеша омода бошанд.

Экстремизм вожаи лотинӣ ба шумор рафта, мазмуни он дар вожаномаи тоҷикӣ “зиёдатӣ” ё “бегона” маънидод мешавад. Ифротгароӣ мазмун ва моҳияти назария ва амалияи ниятҳои ғаразнок ва нақшаҳои худхоҳонаи унсурҳои бегонаи аз ҷониби қонун манъшуда ба шумор меравад. Дар доираи феҳристи нақшаҳои разилонаи ин гуна равияву қувваҳои ифротӣ, аъмоле ба монанди зӯроварӣ, фишороварӣ ба ҳуқуқ ва озодии инсонҳо ва шаҳрвандон, ки аз ҷониби қонун иҷозат дода нашудааст ба назар мерасад. Экстремист на танҳо қотил ё вайронкори маъмулӣ, балки ҷиноятпешаи хавфноке ба шумор меравад, ки дар баробари тахрибкору ҷинояткор маҳсуб ёфтан, ба ҳақ будани худ боварӣ ва эътимоди зиёд дорад.

Вақте қатлу ғорат ва авбошӣ ноогоҳона содир мешавад ва содиркунандаи ин гуна ҷиноёт аз карда пушаймон шуда, амали худро дигарбора такрор кардан намехоҳад, ин масъала саҳлтар, аз ҷиҳати моҳият куллан дигаргуна, арзёбӣ мешавад. Аммо фаъолияти эксремистӣ хеле даҳшатнок буда, домани васеи паҳншавии ҷиноятҳоро дар доираи фарохтар дар пай дорад. Экстремистон бо ҳама гуна ноҳақӣ ва ҷиноятпеша будани худ дар амалҳои разилонаашон устуворӣ зоҳир менамоянд ва ба “муваффақият”-и бебунёди худ эътимод доранд.

Агар бигӯем, ки экстремистон хислати манқуртиро ба хотир меоранд, хато нахоҳем кард. Нависандаи машҳури Иттиҳоди ШӯравӣЧингиз Айтматов, дар асари худ «Манқурт» мафҳум ва хислати манқуртонро бисёр возеҳ ва рӯшан тавзеҳ додааст:

“Асирафтодагони барои ғуломӣ пешниҳодшавандаро аввал мӯи сар метарошиданд ва баъд дар сарашон як порча аз қисмати гарданбудаи пӯсти уштурро зич мепечониданд. Пасон, дасту пойи онҳоро баста, ба гарданашон чӯбтахтае меовехтанд, то ки сарашон ба замин нарасад ва бо ҳамин тарз муддати чанд рӯз ононро дар биёбони сӯзон, зери офтоби тобистонӣ мегузоштанд. Таҳти таъсири офтоби тоқатфарсо пӯсти уштур сарро фишор медод ва мӯйҳои дарозшаванда баргашта дохили пӯст даромада, афзоиш ёфтан мегирифтанд. Ин ҳолат азоби тоқатфарсое дошт, ки асирафтодаро то ба ҳадди беақлӣ мерасонд, ташнагиро хеле зиёд меафзуд ва тамоми узвҳои дарунии ӯро ба ҳоли хушк шудан мерасонд. Баъд аз гузашти чанд муддат, шахси асирафтода ё мефавтид ё аз гузаштаи худ куллан фаромӯш карда, барои хоҷаи хеш ғуломи идеалӣ - аз иродаи шахсӣ маҳрум ва ба таври беҳудуд ба хоҷа итоаткор мешуд”. Ҷавонеро бо номи Жоламон, ки писари Дононбой буд, ба асорат гирифта, манқурт сохта буданд. Модараш Наймон-она муддати тӯлонӣ писари худро ҷустуҷӯ дошт, вақте ӯро пайдо намуд, номбурда модарашро нашинохт ва бо супориши хоҷагони худ модарро бераҳмона ба қатл расонд.

Оварда шудааст, ки Манқурт намедонад асли ӯ кист, ватанаш куҷост ва аз куҷо омадааст. Ӯ номи худро дар ёд надорад, даврони кӯдакӣ ва падару модарашро низ ба хотир оварда наметавонад. Хулоса, рафтор ва муносибати манқурт ҳамчун инсони солимақл эътироф намешавад ва ҳар кори баду даҳшатноке, ки супоришаш медиҳанд иҷро менамояд. Манқуртон мисли сагон фақат хоҷагони худро мешиносанд. Супоришоти додашударо мисли кӯрон бидуни диду назари хеш, аз таҳи дил ва бесаркашӣиҷро менамоянд. Ба манқуртон аслан корҳои ифлос, вазнин, даҳшатнок ва хатарнок дода мешуд. Фармони хоҷа барои манқурт болотар аз ҳама чизи дигар буд…

Гуфтан ҷоиз аст, ки бе шакку шубҳа дар рафтору муносибат ва кирдори террористону экстремистоне, ки тӯли солҳои охир дар ҷомеаи ҷаҳонӣ зиёдтар зуҳур намудаанд, айнан ҳамин гуна хислат ва хусусият нисбат ба атрофиён ба назар мерасад. Террорист ва ифротгаро аз миллат, ватан ва аз нажоду авлоди худ андеша намекунад.

Масъалаи экстремизм ва ҷиноятҳои аз ҷониби экстремистон содиршуда хусусияти системавӣ дошта, он таъсири хатарзои худро ба ҷамъият, миллат ва ба тамоми олам мерасонад.

Экстремизм аҳдоф ва ниятҳои манфии зиёдеро доро мебошад, ки мақсади асосии он ба таври марговар зараррасонӣ ба башар аст. Бештари маврид он бо роҳҳои мағзшӯӣ, ба роҳ мондани фаъолияти «рафиқигарӣ» ва «боварибахшӣ», ҷалб намудани атрофиён ба фаъолияти ба ном наву қиёсшавандаи шубҳаовар, ҳукмронӣ аз болои гурӯҳи одамон ва ғайра муайян карда мешавад. Ин гуна фаъолиятро террористон ва ифротгароён метавонанд дар ҷамъият ба таври хусусӣ ва гурӯҳӣ ба роҳ монанд. Фаъолияти экстремистонаи гурӯҳӣ низ хатарноктарин ба шумор рафта, ҷинояткорон метавонанд андеша ва тафаккури хатаровар, донишҳо, таҷриба, эътимод, боварӣ ва мақсаду ниятҳои нопоки хешро дар кӯтоҳтарин муддат ба дигарон таҳмил бидиҳанд ва ба ҷинояти мудҳиштарине дастаҷамъона даст зананд. Ҳар як террорист ё экстремист аз паси худ даҳҳо нафари дигарро бо ваъдаҳои пучу бебунёд ҷалб намуда, ба олами ҷиноӣ тела медиҳад. Далели ин гуфта он аст, ки имрӯзҳо ҳар нафари мо аз чунин амалҳои террористии дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон рухзананда тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳӣ пайдо менамоем.

Терроризм – падидаи номатлуби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноие ба шумор меравад, ки аз муқобилиятҳои дохилию берунаи ҷамъият ва баъзе аз афроди сиёҳтинат асос меёбад. Терроризм хатари бисёрҷабҳаеро барои шахсият, ҷамъият ва давлат доро мебошад. Он якчанд хусусиятҳоро дар бар мегирад, ки яке аз онҳо идеологияи террористӣ ном бурда мешавад. Паҳнкунандаи ин идеология, бе шакку шубҳа, ташкилоти террористии мухталифи ба таври ғайриқонунӣ ва пинҳонӣ амалкунанда маҳсуб меёбанд. Ин гуна ташкилот дар тамоми дунё фаъолият намуда, пайравонашон дар сартосари олам амалҳои ғайриқонунии хешро пиёда карда истодааст. Терроризму ифротгароӣ ва шаклҳои мухталифи он, ба ҷомеаи байналмилалӣ, инчунин ба ҳамон андоза ба ҷомеаи имрӯзаи мо низ хатари зиёд дорад.

Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дастаҷамъона бар зидди ин гуна ҳаракату ташкилоти ҷиноятпеша, ки имрӯз зарари худро бар тамоми ҷомеаи адолатпешаи олам расонида истодааст, мубориза барад. Пешгирӣ намудани ин гуна ҳаракату ҷараёнҳо дар кишвар натанҳо вазифаи давлат, балки инчунин вазифаи ҷонии фаъолону намояндагони ҳар як ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бошад. Ин амал зич вобастагӣ дорад, аз мавқеи мушаххаси ҳизбҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, тафаккури ҳар як шаҳрванд ва ғайра.

Хотирррасон бояд намуд, ки тули солҳои охир фаъолияти яке аз чунин гуруҳҳои террорристӣ - ТТЭ ҲНИ, чеҳраи аслии худро дар рафтор ва амалҳои ифротгароёнааш нишон дод. Мувофиқи иттилои воситаҳои ахбори оммаи кишвар ва дигар сарчашмаҳои хориҷӣ аён гашт, ки ин ташкилот аҳдофи тахрибкоронаву таҷрибаи манфиатҷӯёнаи худро тӯли солҳои зиёд такмилу тақвият дода, гоҳо зери ному парчами «ДИИШ» низ фаъолият бурда, одамонро ба сарсониву нигаронӣ, бадбахтиву ноумедӣ мувоҷеҳкардан мехостааст.

Чуноне дар боло зикр намудем, террористон ҳатто андешаи оянда ва фардои азизони хешро намекунанд, қалби онҳо на барои падару модар ва на аз барои бародару хоҳар намесӯзад. Эҳсоси худпарастонаи эшон то ба он андоза боло гирифта, ки ҳатто модарони ғамхору дилсӯзи худ ва падароне, ки як умр барои ба воя расонидани онҳо шабу рӯз талош варзидаанд, фиреб медиҳанд.

Ба ин гуфтаҳо ҳодисаи басо нангину гӯшношуниди куштори бераҳмонаи сайёҳони хориҷӣ, ки 29-уми июни соли равон дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайваст, далел шуда метавонад. Дар пайи ин ҳодисаи нангин чор сайёҳи бегуноҳ ба таври ваҳшиёна кушта ва чанди дигар захмӣ карда шуданд. Баъди фурсате дастандаркорони ин фоҷиаи нангбор ва мудҳиш ҳамчун аъзоёни ДОИШ дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиб карда шуданд.

Лоиқ ба ёдрас намудан аст, ки ду нафар иштирокчиёни ин ҳодисаи нангин, бародарон Ҷаъфариддин ва Аслиддин Юсуфовҳо, ки сокинони шаҳри Норак будаанд ва дар рафти дидани чораҳои фаврӣ безарар гардонида шуданд, фарзандони як падару модар буда, ҳар бегоҳ бо наздикони худ сари дастархони пурнеъмати волидон ҷамъ меомадаанд.

Мусаллам аст, ки дар натиҷаи фориғболӣ аз ҷониби волидон ва калонсолону атрофиён, бештари маврид аз дасти ҷавононони роҳгумзада ва ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтода, амалҳои гӯшношуниде содир карда мешавад. Имрӯз вақти он расида, ки падару модарон нисбат ба сарнавишти фарзандони худ бодиққаттар бошанд ва онҳоро аз мадди назар дур нагузоранд, барои соҳибмаърифату соҳибилм гаштанашон  ҷидду ҷаҳд намоянд, эшонро тарбияи дуруст дода, ба беҳудагардиву фориғбол гаштани фарзандон роҳ надиҳанд.

Албатта, бо ин вабои аср бояд натанҳо кормандони соҳибтаҷрибаи сохторҳои марбута муборизаи шадиду беамон бубаранд, балки ин вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеае,  ки Ватан барояш азизу бештар аз ҷон ба шумор меравад, бояд бошад. Фақат дар ҳолати мавқеи бетарафиро ишғол нанамудану, дастаҷамъона бо ин вабои аср мубориза бурдан, метавонем онро решакан намуда, фазои кишварамон ва сайёраро поку беолоиш гардонем.

Ҳамин нуктаро пайваста таъкид бояд дошт, ки ифротгароӣ ва дигар хатарҳои экстремистӣ, ки аъзоёни он аз зумраи мардумони ҳуввиятбохта ва аҳриманзодагони разолатпеша ба шумор мераванд, ба тамоми арзишҳои пурқиммати ҷамъиятӣ таҳдиди хатар менамоянд. Он пеш аз ҳама ба истиқлолияти миллӣ, суботу амнияти кишвар, орзуву ормонҳо ва арзишҳои миллии мардуми тамаддунофарамон таҳдид менамояд.

Аз ин рӯ, мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби экстремистона, воқеан ҳам мубориза дар роҳи ҳифзи марзу бум, истиқлолият, фарҳанги миллӣ, забони давлатӣ ва рӯзгори осоиштаи миллатамон маҳсуб меёбад.

Мо бояд ҳамагон фаъолона ва дақиқназарона дар пешгирӣ ва бартараф намудани ин доғе дар ҷабини башар саҳмгузор бошем!

Умедҷон Шарипов,

устоди Донишгоҳи давлатии

молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Время намаза в Душанбе

28.03.2024

Подробнее
Фаджр04:44
Зухр12:40
Аср16:55
Магриб18:54
Иша20:24
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее