Главная Статьи Худшиносии инсон дар партави маънавиёти динӣ

Худшиносии инсон дар партави маънавиёти динӣ

Худшиносии инсон дар партави маънавиёти динӣ
2019-06-13
3586

Қавму миллат, ҷомеа, давлат, маданияту фарҳанг ва дар ниҳоят тамаддун аносире ҳастанд, ки дар ботини онҳо инсон ба камол мерасад. Аммо, дар ин баробар омили рӯҳоният, ки дин зербинои он аст, наметавонад аз институтҳои зикршуда дар канор бошад. Аз ин лиҳоз, мавзӯи худшиносӣ ва масъулияти иҷтимоии инсон дар доираи дин ҳамчун як шакли муассири шуури ҷамъиятӣметавонад ҳалли комили хешро дарёбад. Аз ин нуқтаи назар қавли мутафаккири англис Кристофер Доусон ба хотир мерасад, ки навиштааст: «Динҳои бузург пояҳои бузурге ҳастанд, ки болои онҳо тамаддунҳои инсонӣ қомат меафрозанд».

Воқеан, агар тамаддун се поя дошта бошад, дар радифи забону ҳофизаи таърихӣ дин низ муҳимтарин ва қавитарини он пояҳост. Доусон динро ба ҳайси нахустунсуре эътироф мекунад, ки дар қалби ҳар фарҳанг қарор дорад ва бидуни он мавҷудияти худи фарҳанг зери суол хоҳад монд. Фарҳанг бидуни дин, аз назари ин олим, шабеҳи ҷисми берӯҳ, ҷамъият бошад, бидуни фарҳанг тӯдаи фардҳо ё издиҳом аст. Тасаввурот дар бораи рӯҳ ва неруи яздонӣ, ки аз онҳо ҳаёти инсон вобастагӣ дорад, дар ҳама халқҳо ва дар ҳама асрҳо дучор меояд. Дар ин замина, дин робитаи ҳаёти ҷомеа ва ҳастии табиатро тавассути он неруҳои яздонӣ таъмин мекунад, ки функсияи идоракунии ҳаёти табиат ва инсонҳоро ба уҳда доранд.

Дар консепсияи Доусон равобити дину фарҳанг дуҷониба ва мутақобила аст. Аз як ҷониб, образ ё тарзи муайяни ҳаёт ба ҳастии дин таъсир мерасонад, аз ҷониби дигар, муносиботи динӣ ба роҳу равиши зиндагӣ бетаъсир нест. Ҳамин тавр, сарнавишти инсон аз зарурати иқоъ ё ҳамоҳангии ду омил – табиати инсон ва рӯҳи инсон вобастагӣ дорад ва инсон барои илҳом бахшидан ва ҳамгироии «олами сағир» бо тартиботи универсалии ҷаҳонӣ масъулияте дорад.

Макс Вебер, яке аз мутафаккирону ҷомеашиносони машҳури Ғарб, низ тафовути динҳои ҷаҳониро вобаста ба муносиботи гуногунмазмуни онҳо нисбат ба ҷаҳони моддӣ мушаххас намудааст. Ин тафовутҳо аз он сарчашма мегиранд, ки ахлоқу маънавиёти динӣ чӣ гуна ва дар кадом сатҳу дараҷа  ҷаҳонро қабул дорад, ин дар навбати худ замина мешавад дар муносибати дин ба сиёсат, ҳокимият ва зӯроварӣ. Масалан, ба ақидаи Вебер, барои дини конфутсианӣ мувофиқсозӣ ва ё мутобиқ шудан бо олами моддӣ авлавият дорад. Баръакс, напазируфтани ҷаҳони моддӣ ва вуруд ба кайҳони ботинӣ барои дини буддоия характернок мебошад. Баъзе динҳо ҷаҳонро бо шарти беҳтаршавии он ва дар асоси тобеият мепазиранд, ки ин ба зардуштия, масеҳият ва ислом дахл дошта метавонад. Дине, ки дунёро намепазирад, чун қоида, ғайрисиёсист, он зӯровариро сарфи назар мекунад.

Барои протестантизм рӯҳияи сармоядорӣ хеле мувофиқ будааст. Дар таълимоти ин ҷунбиши динӣ миёни биниши воқеии олам ва фаъолияти иқтисодии инсон қаробати рӯҳӣ хеле устувор мебошад. Протестантизм ба пайравонаш таълим медиҳад, ки аз файзу баракоти ин дунё дар ҳоли парҳез бошанд, танҳо барои манфиати хеш заҳмат бикашанд, аммо ин фоидаро ҳаргиз сарфу харҷнакунанд, балки барои бозистеҳсол ва афзоиши васоити истеҳсолот ҳифз намоянд, барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти боз ҳам бештар заҳмат кашидан бо мақсади манфиати зиёдтар ба даст овардан истифода баранд. Чунин мотиватсия ё сабабияти рафтори индивид ё фард дар дигар консепсияҳои динӣ ба назар намерасад.

Дар ислом ҳамчун яке аз динҳои монотеистии ҷаҳонӣ ҷойгоҳ ва манзалати инсон дар робита бо муносиботи танготанги ӯ бо иҷтимоъ, бо назардошти ислоҳи вазъи хеш ва ҷомеа, дар заминаи масъулияти инсон  нисбат ба худии худ, оила, ҷомеа, давлат ва ниҳоят кайҳони ботиниаш мушаххасан арзёбӣ мегардад. «Ҳар кас ҳисобдори хеш аст», - омадааст дар ҳадисе. Шакке нест, ки ин ҷо ҳисобдорӣ ба маънои масъулияти фардӣ ва иҷтимоист, на чизи дигаре. Аз назари ин дин, инсон дар дунё мавриди имтиҳон қарор мегирад, ҳам дар анбӯҳи муносиботи иҷтимоӣ ва ҳам дар арсаи мубориза бо нуқсу иллатҳои ботини хеш. Агар инсон заррае некӣ кардааст, ҳамон миқдор подош мегирад ва баръакс, бар ивази ҳар навъе бадӣ муҷозоти муносибу ҳамвазн ӯро рӯзи ҳашр интизор хоҳад буд. Аз ин нуқтаи назар, масъалаи худшиносии иҷтимоӣ ва маънавии инсон дар ислом нисбат ба дигар динҳои ҷаҳонӣ, аз қабили масеҳият ва буддоия нуфузи бештаре дорад. «Шокиртарини мардум нисбат ба Худо ҳақшиностарини онҳо нисбат ба бандагон аст», - омадааст дар ҳадиси дигар. Яъне маърифати воқеии ҳаққу ботил низ аз мавзӯъҳои марказии ислом аст, ки бо масъалаи худшиносии фард пайванди ногусастание дорад.

Асоситарин сарчашмаи ислом дар зимни баррасии мавзӯи мазкур Қуръон аст ва тибқи муқаррароти маъмули динӣ берун аз чаҳорчӯби ин китоби муқаддас зиндагӣ доштан маънои бурун рафтан аз қаламрави ин динро хоҳад дошт. Аз нигоҳи ҳуқуқ чунин муқаррарот императивист ва маҳз ҳамин дастур боис шуда, ки тӯли 1400 сол беш аз якуним миллиард башарият бо низоми исломӣ кору фаъолият карда, зиндагии шахсӣ ва иҷтимоияшонро дар асоси аркон ва аносири он мураттаб менамоянд. Воқеан, Қуръон ҳамчун сарчашмаи асосии маънавиёти динӣ манзалати қомусеро дорад, ки куллияи аҷзои зиндагии моддию маънавиро фаро мегирад. Хеле кам масоиле дар зиндагии башарӣ ҳаст, ки ба онҳо ишорае дар ин китоби осмонӣ набошад, яъне китоби мазкур маънӣ ва мақсуди офаринишро бисёр мухтасар, аммо қобили дарк бозтоб медиҳад.

Инак, барои боз шудани равзанаи баррасиҳо чанд далели қуръониро бидуни шарҳи муфассал меорем. Дар ояти 1-уми сураи «Нисо» оварда шуда: «Эй мардум, аз Парвардигоратон битарсед, ки шуморо аз як кас биофарид!Ва аз он (як кас) зани ӯро офарид; ва аз ин ду (кас) мардуми бисёр ва занони бешумор пароканда сохт. Ва аз Худо битарсед, ки ба (номи)Ӯ аз якдигар суол мекунед! Ва аз (қатъи) хешовандӣ (битарсед!) Ба дурустӣ, ки Худо бар шумо Нигаҳбон аст». Ин ҷо сарчашмаи офариниши ҷомеаи башарӣ таъкид шудааст, яъне он чизе, ки дар шуури мо олам ва кайҳон аст, манбаи онҳо якест. Худо Одамро офарид ва аз пайкари ӯ бонуи ӯро низ ба арсаи ҳастӣ овард. Ҳама олам аз ин ду нафар ба вуҷуд омада, ҷомеаи башарӣ паҳнои оламро пур кард. Дар ояти 70-уми сураи «Исро» ишора ба сарчашмаи ризқу рӯзии инсонҳо меравад: «Ҳамоно, фарзандони Одамро гиромӣ кардем ва дар биёбону дарё онҳоро барнишондем; ва ба онҳо аз покизаҳо рӯзӣ додем ва онҳоро бар бисёре аз он чи офаридаем, фазли бисёр додем». Ҳатто дар биёбону дарёҳо гиромӣ донистани бани одам, аз покизаҳо рӯзӣ додан ба инсонҳо, фазл додан ба башарият – он номгӯи мухтасари офаридаҳоест, ки Худо тибқи ин дастур ба насли башар арзонӣдоштааст.

Гарчи Худо зимни офариниш ҳама инсонҳоро далолат ба роҳи рост намудааст, аммо ихтиёр ба инсон аст, ки кадом ҷодаеро интихоб ва ихтиёр мекунад: шукри неъмат ва ё носипосӣ аз офаридаҳо. Ин масъала дар оятҳои 2-3-и сураи «Инсон» возеҳшудааст: «Ба дурустӣ, ки Мо инсонро аз мании дарҳамомехта офаридем, то ӯро биозмоем ва ӯро шунавои бино гардонидем. Ҳамоно Мо инсонро ба роҳ(-и рост) ҳидоят кардем, хоҳ шукргӯянда аст ва хоҳ - носипос».

Нуктаи дигар возеҳан чунин аст, ки бидуни умед ба Худо ва кумаку ёрмандӣ ҷустан аз ӯ инсон наметавонад мавҷуди фаъоли иҷтимоӣ бошад. Ин хулоса аз мазмуни ояти 28-уми сураи «Нисо» бармеояд. Таъкиди он ки бани одам аз як марду зан офарида шуда ва қабилаҳову ҷамоатҳо аз он як марду зан таркиб ёфтаанд, инчунин беҳтарин сифати инсонӣ будани парҳезгорӣ дар ояти13-уми сураи «Ҳуҷурот» бозгӯ шудааст: «Эй мардум, ба дурустӣ, ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед! Ҳароина, гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумо аст; Худо Донои Хабардор аст».

Илмҳои инсоншиносӣ ва билхоса ҳастишиносӣ кайҳост, ки ба натиҷае расидаанд, ки комилтару зеботар аз инсон мавҷуди дигаре, ки дорои хираду шуур бошад, нест. Ҳамин мазмун дар ояти 4-уми сураи «Тин» чунин бозтоб дорад: «ба дурустӣ, ки Мо одамиро дар некӯтарин сурате офаридем». Ишораҳое, ки дар Қуръон роҷеъ ба асрори кайҳон–офариниши замину осмон ва ҳастии иҷтимоӣ, гуногунии ҷомеаи инсонӣ ва ирқу нажоди башар ҳаст, ҳамагӣ далолат ба аҳли илму пажӯҳиш мекунанд, ки ба умқи ин асрор бирасанд ва пайваста дар такопӯву ҷустуҷӯ бошанд. Ин ишораи хеле муҳим барои донишпажӯҳон дар ояти 22-юми сураи «Рум» таҷассум ёфтааст:  «Ва аз нишонаҳои Ӯ офаридани осмонҳову замин ва гуногун будани забонҳо ва рангҳои шумо аст. Ба дурустӣ ки дар ин кор барои донишмандон нишонаҳое ҳаст».

Ин чанд намунае, ки дар боло оварда шуд, ҳамагӣ далолат ба он мекунанд, ки дар ин китоби муқаддас мақому мартаба ва ҷоҳу ҷалоли инсон хеле баланд баррасӣ ва инсон ҳамчун ашрафи махлуқот эътироф шудааст. Далели он ки мухотаби асосии Худо дар китоби осмониаш маҳз инсон ва ҷомеаи инсонист, ҳамин аст, ки ифодаи  «ё айюҳа-н-нос» дар 20 ҷойи Қуръони карим, таркиби «ё айюҳа-л-инсон» дар 2 мавқеъ ва вожаи «инсон» дар 56 ҷойи ин китоб зикр шудаанд. Муҳимтарин далели дигари бузург шуморидани инсон ин будааст, ки охирин Расули хешро Худо аз миёни инсонҳо пазируфтааст. Дар фармудаҳои Пайғамбари ислом (с) низ инсон муъҷизаест, ки ба худ ҳамтое дар олами ҳастӣ надорад. Чунончӣ, аз Абӯҳурайра (раз.) ривоят шудааст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: «Мардум маъдан ва конҳое ҳастанд тимсоли конҳои тилло ва нуқра, беҳтаринашон дар ислом аст, агар донишманд шаванд». Ё худ аз Ҷарир ибни Абдуллоҳ ривоят шуда, ки  Пайғамбари Худо (с) фармуданд: «Касе ки ба мардум раҳм накунад, Худо низ бар ӯ раҳм намекунад». Ҳамчунин аз Анас (раз.) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) дастур додаанд: «Касе аз шумо муъмин шуморида намешавад, то ин ки дӯст дошта бошад барои бародараш он чиро, ки барои худ дӯст медорад».

Ин маврид дуруст мебуд, агар аз «қоидаи тиллоии маънавият» ёдрас шавем, ки дар этикаи аврупоӣ онро ба Конфутсий нисбат медиҳанд: «Ба каси дигар коре макун, ки он корро ба худат раво намедорӣ».

Ҳамаи ин далоил ишора ба он маънӣ мекунанд, ки василаи бузургии инсон – андеша ва далели қобили иззат буданаш аъмоли неки ӯст. Аз назари аксар аҳодиси қудсию набавӣ гаронмоятарин гавҳари одамӣ маҳз одамияти ӯст. Ҳар кас, ки аз меҳвари одамӣ, ки ахлоқу маънавиёти инсонӣ ба шумор меравад, берун шуд, дигар наметавонад инсони хушахлоқи воқеӣ бошад. Ҳамоно дар мартабаи инсонӣ қарор доштан нишона ва инъикоси шукӯҳу шаҳомати инсонист.

Ҳама масъалаҳои марбут ба инсону одамият реша дар офариниш дорад. Тибқи назариёти исломӣ, офариниши аввалин инсон, яъне сарсилсилаи башарият – Одам (а.с.) аз хок ба вуҷуд омадааст ва баъд аз ин марҳилаҳои гуногуни офариниш сипарӣшудаанд. Дар ин хусус Қуръон далелҳои зиёде манзур кардааст. Ҳамин тавр, офариниши одам  аз хок оғоз шудааст, ки дар як силсила сураҳои қуръонӣ - «Оли Имрон», «Каҳф», «Ҳаҷ», «Рум», «Фотир» ва ғайра ин воқеият бозгӯ шудааст. Дар ҳадисе ривоят мешавад, ки: «Худованд Одамро аз мушти хоке, ки онро аз тамоми рӯи замин гирифт, халқ намуд, бинобар ин фарзандони ӯ баандозаи рӯи замин омада, баъзе аз онҳо сурхпӯст, сафедпӯст, сиёҳпӯст ва дар миёни он ва баъзе аз онҳо хабис (палид), пок вадар миёни он ҳастанд».

Марҳилаи баъдӣ – аз омехтагии хоку об гили Одам ба вуҷуд омад, ки ин марҳила дар сураҳои «Анъом», «Аъроф», «Саҷда», «Сод» ва «Исро» ишора шудааст. Ниҳоятан, марҳилаи ахир – дамонидани рӯҳ аст, ки он унсури хоси худовандист ва дарунмояти ҳаёт ба шумор меояд. Инсон, ки дар давраи ахири ин амалиёт офарида шуд, табиист, ки гувоҳи ду офариниши аввал набуд. Дастури зерин ба ин асрор ишора мекунад: «Онҳоро ҳангоми офаридани осмонҳову замин ва ҳангоми офаридани худашонҳозир накарда будам». Мантиқи ифода ин аст, ки инсон бояд аз тариқи пажӯҳиши илмӣ, ба кор гирифтани хираду шуур ва дарки амиқи ишораҳое, ки дар китоб аз онҳо сухан рафтааст, аз ҳақиқати олами вуҷуд огоҳ гардад.

Улуми инсоншиносӣ дорои даҳҳо назариёте ҳаст, ки ба татбиқи таълимоти қуръонӣ созгор буда, ишораҳои онро манбаи пажӯҳиш қарор медиҳанд. Дар ин мухтасар аз онҳо ёдрас кардан имкон надорад, ба истиснои як далел. Исҳоқ Нютон зимни кашфи қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ яқинан ба хулосае омад, ки ин кайҳони бузург ва ин олами пурасрорро Ақли кулл ҳаст, ки бидуни танзими ӯ наметавонад коинот чунин низому тартиби ҳастӣ дошта бошад. Ҳамин хулосаро мутафаккири бузурги аҳди маорифпарварии Аврупо Франсуа Мари Аруэ Волтер чунин ба қалам додааст: «Тамоми фалсафаи Нютон ба зарурати эътирофи як Мавҷуди олӣ мебарад, оне, ки ҳамаро ба вуҷуд овард ва ҳама чиз озодона дар ҳаракот аст”. Ё худ Ҷон Локк, файласуфи машҳури асри XVIII-и Англия зимни исботи нодурустии назария оид ба идеяҳои фитрӣ хулосаи хешро ба ин тарз менигорад: «Идеяи Худо мутобиқи таҷаллии умумии хирад ба таври табиӣ аз дилхоҳ соҳаи дониши мо бармеояд. Дар ҳар кори эҷодӣ нишонаҳои неру ва хирадмандиҳои ғайриоддӣ ба мушоҳида мерасанд ва ҳар мавҷуди ҳушманд вақте дар бораи онҳо ҷиддӣ меандешад, Худоро кашф накарда наметавонад». Ақидаи дигари ӯ: «Сохтусози аҷиби кайҳон ва мавҷудияти ҳамоҳангӣ дар онро ҳамин тавр фаҳмидан мумкин аст, ки коинот аз рӯи барномаи Мавҷуди ҳамадону ба ҳама кор қодиру тавоно бунёд шудааст. Ин сухани аввалу охири ман аст». Ё худ иқрори физики машҳури даниягӣ Ганс Эрстед«Ҳамагуна таҳқиқи амиқи табиат ба эътирофи мавҷудияти Худо анҷом мепазирад».

Махлуқи ҳатто болову волотар аз фариштагон будани инсон боз ҳам дар масъалаи офариниш бозтоб ёфтааст, яъне баъди офариниши инсон ба фариштагон дастур шуд, ки ба инсон саҷда кунанд. Инсон мавҷуди олитабор аст, зеро ҳам рӯҳи яздонӣ ваҳам ҷисми ҳайвониро дорост. Ӯ хирад ном неъмате дорад, ки ҳеҷ мавҷуди дигар надорад. Таълимоти динӣ ин гуна волоияти иқтидори инсонро дар мисоли шаби меъроҷи Пайғамбар (с) бозгӯ кардааст. Шаби меъроҷ фариштагон ҳамроҳи Пайғамбар (с)  буданд, онҳо то ҷое расиданд, ки дигар фариштагон наметавонистанд бо ӯ ҳамроҳӣ кунанд. Вақти расидан ба охирин мавзеъ – сидру-л-мунтаҳо дигар ихтиёр танҳо ба Пайғамбар (с)  гузошта шуд, ки болотар биравад. Саъдӣ ин лаҳзаи муколамаи Ҷабраил ва Пайғамбар (с) -ро дар «Бӯстон»-аш чунин арзи ҳол намудааст:

Шабе барнишасту аз фалак даргузашт,

Ба тамкину ҷоҳ аз малак даргузашт.

Чунон гарм дар тиҳи қурбат биронд,

Ки дар сидра Ҷабраил аз ӯ бозмонд.

Бад-ӯ гуфт солори байтулҳаром,

Ки “эй ҳомили ваҳй, бартар хиром.

Чу дар дӯстӣ мухлисам ёфтӣ,

Инонам зи суҳбат чаро тофтӣ?”

Бигуфто: “Фаротар маҷолам намонд,

Бимондам, ки неруи болам намонд.

Агар як сари мӯе бартар парам,

Фурӯғи таҷаллӣ бисӯзад парам.

Ҳафиз РАҲМОН,

адабиётшинос, устоди

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

(Идома дорад...)

Время намаза в Душанбе

19.04.2024

Подробнее
Фаджр04:09
Зухр12:40
Аср17:18
Магриб19:16
Иша20:47
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее