Главная Статьи Ҳаҷ як манбаи нерӯи маънавист

Ҳаҷ як манбаи нерӯи маънавист

Ҳаҷ як манбаи нерӯи маънавист
2019-07-13
1770

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Зиёрати хонаи Каъба осори равшане дар зиндагии фардию қавмии мардуми мусулмон мегузорад.

Худованд дар сураи "Ҳаҷ", оятҳои 27-28 фармудааст:

"Дар миёни мардум ба ҳаҷ фаро хон (даъват кун) то пиёдаву савора аз фосилаҳои дур ба сӯят оянду шоҳиди манфиатҳо барои худ шаванд ва номи Худоро ёд кунанд".

Ҳаҷ кардан ба мусулмон имкон медиҳад, ки фурӯтанӣ (хоксорӣ) ва тақвояш бештар гашта, Худоро зиёдтар итоат ва пайравӣ намояд. Сарзамини муқаддас, одоби ҳаҷ, таъсири маънавӣ, нерӯи ҷамоат, илҳомоти фикрӣ... ҳамаи инҳо ба афкори мӯъмин таъсири худро хоҳанд гузошт. Мақсаду мароми ҳоҷӣ бештар сӯи хайру некӣ майл хоҳад кард, зеро ӯ дар аснои тавоф манзараи қиёматро мебинад. Хурду калон, мансабдору бемансаб, сиёҳпӯсту сафедпӯст эҳром ба бар карда, танҳо фикри зиёрат бар сар доранд. Фикри ӯ аз ташвиши дунё дур мешавад, гуноҳро тарк мекунад. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармудаанд: "Ҳар касеҳаҷ бигзорад ва гирифтори олудагию инҳирофе нагардад, монанди тифли навзод аз гуноҳ пок мешавад".

Сафари ҳаҷ ба инсон таҳаммул (тоқат) кардан дар сахтиҳоро ёд медиҳад. Ҳоҷӣ аз ватан ва хешону наздикон дур мешавад. Ба сарзамине меравад, ки саросар сангу рег буда, гармиаш тоқатфарсост. Ин як дарси тоқат ва таҳаммул дар баробари душвориҳо хоҳад гашт.

Мусулмоне, ки бароиҳаҷ эҳром мебандад, дар муддати эҳром бо тамоми ашхос ва ашё дар сулҳу сафо бояд бошад. Ӯҳақ надорад, ки гиёҳеро биканад, дарахтеро бибурад, ҳайвонеро шикор кунад ё сайдеро ба нишон гирад. Яънеҳаҷ ба мо дар баробариву сулҳ ва осоиштагӣ зистанро таълим медиҳад.

Хомўшов Ҷамолиддин, сардори Раёсати фатвои Маркази исломӣ

Время намаза в Душанбе

28.03.2024

Подробнее
Фаджр04:44
Зухр12:40
Аср16:55
Магриб18:54
Иша20:24
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее