Главная Статьи Бадтарин ҳалол дар назди худо

Бадтарин ҳалол дар назди худо

Бадтарин ҳалол дар назди худо
2019-07-13
2192

Ва аз нишонаҳои Ӯ ин аст, ки ҳамсароне аз ҷинси худатон барои шумо офарид, то ба онҳо ором гирад ва дармиёнатон маваддат ва раҳмат қарор дод, бегумон дар ин амр нишонаҳоест, барои гурӯҳе, ки таффакур доранд (Рум, 21).

Имрӯзҳо аз сабаби надонистани шариати исломӣ ва риоят накардани қонуну қавоиди зану шавҳарӣқисмати зиёди ҷавонон ба ҳамсарони худ зиндагӣ карда натавониста, аз ҳам ҷудо мегарданд. Дар ҳоле ки Расули акрам (с) мефармояд: “Талоқ бадтарин ҳалол дар назди Худо мебошад”.

Талоқ ин амри одӣ нест, ки ҳар вақт мард бихоҳад, онро амалӣ гардонад, балки он аз ҷониби шариат танҳо дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки имконияти идома додани ҳаёти оиладорӣ номумкин гардад. Ба қавли Мавлавӣ:

То тавонй по манеҳ андар фироқ,

Абғазу-л-ашёи индӣ ат-талоқ.

Мақсад ва ҳадаф аз издивоҷ оромиш пайдо кардан аз иштиҳои нафсонӣ ва рӯҳонӣ мебошад, то ин ки инсон худро аз фисқу фасод нигаҳдорӣ намояд.

Дини Ислом барои зан ва шавҳар ҳуқуқ, масъулият, вазифаҳо ва одоберо муқаррар намудааст,ки онҳо ҳатман бояд аз ҷониби ҳамсарон риоя шавад.

Ҳуқуқи зан 

Бояд шавҳар барои зан маҳри муайян диҳад, ки ин шарти никоҳ ба ҳисоб меравад: Аллоҳ таъоло мефармояд:

“Ва ба занон маҳрашонро бо хушнудӣ бидиҳед” (Нисо, 4.)

Бояд масрафи хӯрдан ва пӯшонидани зан ва фарзандонашро ба андозаи тавону қудраташ таъмин намояд, аз ҷиҳати ҳукми Худо:

“Доро бояд, ки аз дороии худ харҷ кунад; ва он кас, ки ризқ бар вай танг карда шуд, бояд аз он чи харҷ кунад, ки Худо ба ӯ доност” (Талоқ, 7).

Ҳар зан қабл аз ҳама, ҳуқуқ дорад, ки нисбат ба ӯ аз ҷониби шавҳар муносибату рафтори бо эҳтиромона ва ғамхорона зоҳир карда шавад. Ӯ набояд ҳамчун шахси дувумдараҷа, балки ҳамдарду ҳамшарики роҳи зиндагии шавҳар бошаду ғаму шодии зиндагиро бо ҳам баробар тақсим кунанд.

Аз Муовия ибни Ҳайда (р) ривоят аст, ки гуфт: Ба Пайғамбар, (с) гуфтам: Эй Расули Худо! Ҳаққи зан бар шавҳараш кадом аст? Гуфт: “Ин аст, ки агар ғизое хӯрдӣ, ӯро низ аз таъом таъмин кунӣ; ва агар худ либос пӯшидӣ, ӯро низ бо либос таъмин кунӣ; ва бар сару рўйи ў мазан; ва бар вай суханони зишт магӯ; ва дашном мадеҳ; ва ҷуз дар хона аз ӯ дурӣ нагир” (Ривояти Абўдовуд ).

Ин ҳадис далолат бар он мекунад, ки мард аз тамоми ҷанбаи ҳаёт дар ҳама ҳолат вазифадор аст, ки ҳимоятгар ва сарпарасти оила бошад.

Аммо мутаассифона бо як чанд масъалаи ҷузъӣ дарҳол оила ба парокандагӣ мубтало мешавад. Барои гирифтани пеши роҳи ин ҷараёни номатлуб кўмаки падару модар ва хусуру хушдоман лозим аст, ки насиҳати нек кунанд.

Чунон ки ҳамагон огоҳӣ дорем, Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- ро Соли ҷавонон қарор дода буданд. Ҳамагон шоҳиди он будем, ки Пешвои миллат таъкид карда буданд, ки “ Ҷавонон ояндаи миллатанд ”.

Бояд ҳамеша ҷавонони бонангу номуси миллат ин гуфтаҳои Ҷаноби Олиро сармашқи зиндагии худ қарор диҳанд. Аз илму дину фарҳанг бояд огоҳ бошанд ва набояд ба ҷудоӣ, ки ба оилаву ҷомеа ва Ватан хатар дорад, роҳ диҳанд.

Время намаза в Душанбе

20.04.2024

Подробнее
Фаджр04:07
Зухр12:40
Аср17:19
Магриб19:17
Иша20:48
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее