Вопрос № 01063

Ман барои вайрон нашудани оилаамон чанд бор ба назди фолбин рафтам. Ӯ гуфт, ки ҳар моҳе биё, туро бо шавҳарат гармӣ мекунам. Ман ду бор ин корро кардам, намедонам, ки Худованд маро мебахшад ё на?

Вопрос:

Ассалому алайкум домулло. Шумо ба суолҳои мардум ҷавоб мегардонед ва ба рӯи онҳо дари умедро мекушоед. Аз Худованд талаб мекунам, ки ба Шумо умри дароз ва саломатӣ диҳад. Ман барои вайрон нашудани оилаамон чанд бор ба назди фолбин рафтам. Ӯ гуфт, ки ҳар моҳе биё, туро бо шавҳарат гармӣ мекунам. Ман ду бор ин корро кардам, намедонам, ки Худованд маро мебахшад ё на? Домуллои муҳтарам, оё ин кори ман дуруст аст ё на? Баъзеҳо мегӯянд, ки агар зан шавҳари худро гармӣ кунад, гуноҳ нест.

Саволдиҳанда: Мадина

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, ин коре, ки шумо анҷом додед, тавбаву истиғфор мехоҳад, шумо сидқан аз ин амали анҷомдоди худ пушаймон шавед ва аз Худованд омурзиш бихоҳед. Масъалаи меҳру муҳаббат ва вафодории шавҳаратонро болои саҷҷода (ҷойнамоз) ҳал кунед, намоз бигузоред ва ҳама мушкилоти моддӣ ва маънавиатонро дар охири намоз аз Парвардигори меҳрубон талаб кунед. Илова бар ин, барои меҳру муҳаббати шавҳарро ба даст овардан шумо бояд бо шавҳаратон бо қалбу чеҳраи кушода муносибат кунед ва дар зиндагӣ самимӣ бошед, иншоаллоҳ ҳамон меҳреро, ки мехоҳед, ба даст меоред ва ба мақсуди худ мерасед. Худованд ба ҳамаи шумо зиндагии гуворо ва хайру баракат ато фармояд.  

2017-04-21
4459
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

20.04.2024

Подробнее
Фаджр04:07
Зухр12:40
Аср17:19
Магриб19:17
Иша20:48