Вопрос № 01462

Шунидам, ки Расули Худо (с) аксарияти вақт ҳангоми хондани дуои қунут даст бардошта бисёо дуо мекарданд. Ҳамин сухан рост аст? Дар ин боб далел ва ҳадисҳои саҳеҳ ҳаст ё на?

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Шунидам, ки Расули Худо (с) аксарияти вақт ҳангоми хондани дуои қунут даст бардошта бисёо дуо мекарданд. Ҳамин сухан рост аст? Дар ин боб далел ва ҳадисҳои саҳеҳ ҳаст ё на? Ташаккур.

Саволдиҳанда: Шуҳрат

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дар китобҳои ҳадис равиши гузоридани намозҳо аз ҷониби Расули Худо (с) ба тарзҳои гуногун ривоят шудааст ва соҳибони мазҳабҳои чаҳоргона ҳар яке тибқи усул ва муқаррароти мазҳаби худ ин ҳадисҳоро истифода бурда, тариқи хосси гузоридани намозро муайян кардаанд. Тибқи мазҳаби ҳанафӣ дар вақти хондани дуои қунут дастҳо бардошта нашуда, балки дар зери ноф гузошта мешаванд. Аммо тибқи мазҳаби шофеъӣ дар вақти хондани дуои қунут намозгузор дастҳояшро бардошта дуоро мехонад.  

2017-10-13
3997
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

26.04.2024

Подробнее
Фаджр03:55
Зухр12:40
Аср17:24
Магриб19:23
Иша20:54