Вопрос № 01479

Масбуқ дар ракъати намози таъхиркардааш оё сураеро бояд бихонад, ки пеш аз сураи қироаткардаи имом бошад ё пас?...

Вопрос:

Ассалому алайкум домулло. 1. Банӣ Исроил гуфта киро мегӯянд? 2. Масбуқ дар ракъати намози таъхиркардааш оё сураеро бояд бихонад, ки пеш аз сураи қироаткардаи имом бошад ё пас? 3. Сабаби духтари шаш ё ҳафтсоларо ба никоҳ даровардани Пайғамбарамон (с) чӣ буд? 4. Фарқи ҳадиси қудсӣ аз ояти Қуръон дар чӣ аст (модоме ки ҳадиси қудсӣ ҳам агар каломи Аллоҳ бошад)? Боз мегӯянд, ки "дар хабар омадааст" - ин, яъне сухани бемадрак, бе манбаъ?

Саволдиҳанда: Фаррух

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, Банӣ Исроил уммати ҳазрати Мӯсо (а)-ро мегӯянд, зеро онҳо аз фарзандони ҳазрати Яъқуб (а) ба вуҷуд омадаанд. Маънои Банӣ Исроил фарзандони Исроил аст, чунки лақаби ҳазрати Яъқуб (а) Исроил буд. 2. Масбуқ дар ракъатҳои таъхиркардааш сураеро мехонад, ки аз сураи қироаткардаи имом поёнтар бошад. 3. Дар издивоҷи Расули Худо (с) бо Оиша (р) ҳикматҳои зиёд нуҳуфта аст. Аз ҷумлаи ин ҳикматҳо илова бар мустаҳкам намудани иртиботи дӯстӣ эҷоди пайванди хешовандӣ байни Пайғомбар (с) ва Абӯбакри Сиддиқ (р) таълими аҳкоми шариат ба модарамон Оиша (р) мебошад. Барои огоҳии бештар пайдо намудан дар ин мавзӯъ ба китоби “Фазилатҳои Оиша (р)” муроҷиат кунед.  4. Фарқ байни Қуръон ва ҳадиси қудсӣ ин аст, ки Қуръон бо лафзу маънояш ба Ҳазрати Пайғомбар (с) фуруд меомад, ҳадиси қудсӣ бошад, фақат маънояш аз ҷониби Худованд аст, аммо лафзи он аз худи Расули Худо (с) аст. Фарқи дигари Қуръон аз ҳадиси қудсӣ ин аст, ки тиловати Қуръон ибодат аст ва дар намоз хонда мешавад, аммо ҳадиси қудсиро дар намоз хондан дуруст нест. Ҷумлаи “Дар хабар омадааст” бештар дар китобҳои ривоӣ ва қисасӣ ба кор бурда мешавад, аммо дар китобҳои фиқҳу тафсир ва ҳадис дар сурате мавриди эътимод аст, ки ровии он маълум бошад. 

2017-10-24
3426
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

19.04.2024

Подробнее
Фаджр04:09
Зухр12:40
Аср17:18
Магриб19:16
Иша20:47