Вопрос № 01481

Тақдир аз ҷониби Аллоҳ аст ва ба мо бандагон ихтиёр додааст. Оё мо метавонем тақдирамонро бо хамон ихтиёре, ки Аллоҳ ба мо дода, дигаргун кунем. Масалан, дар тақдири мо ба ғарибӣ рафтан аст, оё мо бо ихтиёри худ онро тағйир дода метавонем?

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домуллои муҳтарам. Тақдир аз ҷониби Аллоҳ аст ва ба мо бандагон ихтиёр додааст. Оё мо метавонем тақдирамонро бо хамон ихтиёре, ки Аллоҳ ба мо дода, дигаргун кунем. Масалан, дар тақдири мо ба ғарибӣ рафтан аст, оё мо бо ихтиёри худ онро тағйир дода метавонем?

Саволдиҳанда: Абдулваҳҳоб

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, Худованд  мардумро офаридааст ва тақдиру сарнавишти ҳар касро муайян кардааст. Чизе аз махлуқоташ ва аз аъмолу кирдорашон қабл аз офариниши онҳо бар ӯ махфӣ ва пинҳон намондааст. Дар китоби “Ақидаи Таҳовӣ” дар бораи тақдир чунин меорад: “Ҳама чиз ба тақдиру хости Худованд ҷорӣ мегардад ва иродаву хоҳиши Аллоҳ таъоло иҷрошуданист. Бандагон ҳеҷ иродаву хоҳиш надоранд, магар он чиро ки Худованд барояшон хоста бошад. Пас чизеро ки Худованд хоста, рух медиҳад  ва чизеро, ки нахоста, воқеъ нахоҳад шуд». Бинобар ин, вазифаи бандагон ҷаҳду талош кардан барои расидан ба саодатмандӣ аст, тақдир бошад аз ҷумлаи асрори пӯшидаи Худованд аст. Мусулмон бояд аз паси чизе, ки Худованд онро пинҳон доштааст, дар ҷустуҷӯ набошад, монанди ҷӯё шудан аз тақдир ва замон фаро расидани марг. Балки дар фикри некӣ ва амали солеҳ бошад. Чунки Худованд бандагонро аз тақдир намепурсад, аммо аз амали солеҳ мепурсад.  

2017-11-01
5410
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

28.03.2024

Подробнее
Фаджр04:44
Зухр12:40
Аср16:55
Магриб18:54
Иша20:24